Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чакан – мероси фарҳангии ғайримоддии башарият

1096

Чакан навъе аз ҳунарҳои мардумӣ мебошад, ки таърихи ниҳоят қадима дошта, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик зич алоқаманд аст. Боиси хурсандист, ки баъд аз ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани “Оши палав” ва “Наврӯз” ин навъи санъати гулдӯзии тоҷикӣ низ аз ҷониби ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд.

Бояд қайд кард, ки Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият соли 2008 таъсис ёфта, ҳадафи асосии он ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои халқҳои гуногуни олам мебошад. Аз оғози таъсисёбиаш то ба имрӯз ин Рӯйхат 509 номгӯй урфу одатҳо ва ҳунарҳои миллӣ аз 122 кишвари дунёро дар бар гирифтааст.
Инак, баъди талошҳои панҷсолаи Тоҷикистон 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Маврикий баргузор гардид, чакан ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд.
1097Чакан як навъи гулдӯзии маъмул дар Тоҷикистон буда, он дар сомонаи ЮНЕСКО чунин муаррифӣ карда шудааст: «чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд». ЮНЕСКО менависад, ки санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст.
Бояд кард, ки дар замони муосир раванди ҷаҳонишавӣ доираи муносибатҳои байналмилалӣ ва майдони равобити фарҳангиро фаррох намуда, зарурати эҳёи анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва беҳдошти асолати онҳоро тақозо менамояд. Дар ин росто рушди фарҳанги миллӣ барои таҳаввули муносибатҳои байнидавлатӣ дар самти эҳёи ҳунарҳои бадеии халқӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ аҳамияти бағоят муҳим дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистони тозабунёд бо анъанаҳои ҳазорсолаи фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавқеи аввалиндараҷа дорад. Бо назардошти аҳамият ва ҷойгоҳи махсус анвои гуногуни ҳунари мардумӣ дар рушди фарҳанги муосир, эҳёи яке аз самтҳои таркибии он ки санъати гулдӯзӣ (кашидадӯзӣ) ба шумор меравад, андешидани тадбирҳои фавриро тақозо менамояд.
Гулдӯзии (кашидадӯзии) тоҷикон ҳунари нафиси қадима буда, яке аз шаклҳои санъати амалӣ – ороишии мардумӣ ва қисми муҳими мероси фарҳангии умумибашарӣ маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки намунаҳои волои гулдӯзии тоҷикиро дар аксар осорхонаҳои Тоҷикистон ва осорхонаҳои машҳури олам дидан мумкин аст.
1098Азбаски пайдоиши кашидадӯзӣ ба давраи аввали ҳаёти инсон, яъне асри санг мансуб дониста мешавад, он ҷузъи таркибии фарҳанги туфулияти аҳли башар ва аз қадимтарин ҳунарҳои инсоният ба шумор меравад. Васоит ва мавод барои гулдӯзӣ (кашидадӯзӣ) дар замонҳои минбаъда такмил меёбад ва бо мурури замон аз дирафшҳои сангӣ, устухонӣ ба сӯзанҳои сангӣ, устухонӣ ва баъдтар ба сӯзанҳои филизӣ (биринҷӣ, оҳанӣ, пулодӣ) ва пайдоиши бофандагию рангпардозӣ замина мегузорад. Ба пайдоиши бофандагӣ пеш аз ҳама рустаниҳо, пашми ҳайвонот, нахи пахта ва абрешим таъсири амиқ мегузорад, ки истифодаи онҳо боиси рушди санъати гулдӯзӣ (кашидадӯзӣ) гардидааст.
Ҳамчуноне, ки Осиёи Марказӣ пеш аз «Роҳи абрешим» ва баъди он пайвандгари тамаддуни ҷаҳонӣ ҳисоб меёфт, санъати гулдӯзии халқу миллатҳои маскуни ин минтақа тавассути савдо ба минтақаҳои назди роҳҳои корвонгузар паҳн мегардид.
Чакан навъе аз кашидадӯзии миллии тоҷикист, ки дар Кӯлоб ва навоҳии наздики он паҳн гардидааст. Аксаран кашидадӯзон болои шоҳии сафед, сурх, зард, сабз, сатини сурх ва сафедро бо риштаҳои рангин гулдузӣ мекунанд.
Вожаи «чакан» ниҳоят кадимӣ аст. Дар ибтидо дар рӯи чӯб, устухон, маъдан, чарм, сангҳои қимматбаҳо ва зарфҳои филизӣ бо дирафшҳои махсус нақшҳои гуногун- гул, барг, офтоб, моҳтоб, ситора ва монанди ин офарида мешуд, ки он баъдтар чакан ном гирифт. Истилоҳи «чакан» дар забонҳои славянӣ низ дучор меояд. Масалан, «чеканка», «чеканит» - маънои нақш партофтан дар болои филизот, чӯб ва ғайраро дорад, ки худ аз вожаи «чакан» пайдо шудааст.
Дар замонҳои қадим барои чакандӯзӣ асосан карбосро истифода мебурданд ва бо пайдоиши матоъҳои дигар онҳоро низ мавриди истифода қарор доданд.
Маҳорати дастони гулдӯзон гӯё имрӯзро бо гузашта мепайванданд ва дар гулҳои офаридаи худ ба ояндагон нияти неки худ ва гузаштагонро ба мерос мегузоранд. Ҳар як гуле, ки онҳо бо сӯзан меофаранд, гӯё дунёест, ки асрҳо бегазанд дар шуури мо нақш бастааст ва он гувоҳи ривоҷи ҷаҳони маънавӣ, ғояҳои инсонгароӣ ва миллӣ буда, аз фарҳанги ғании халқ дарак дода, таҷассумгари гулгулшукуфии дунёи бепоён ва ояндаи инсоният аст.
Санъати гулдӯзӣ дар асарҳои бостоншиносон, файласуфон, адибон, санъатшиносон ва кулли соҳаҳои илм инъикоси худро ёфтааст. Бозёфтҳои бостоншиносони минтақаҳои ориёинишин гувоҳӣ медиҳанд, ки мардуми тоҷик ва аҷдодони ӯ ба матоъҳои гуногун гулпартоӣ ва гулдӯзӣ менамуданд, ки он байни дигар халқиятҳои қадим маъруфу машҳур буд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика