Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум»

190

Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1983 дар ҳудуди ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлон таъсис ёфтааст. Масоҳати мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум» 19700 га аст. Даштиҷум дар доманаи ҷанубии каторкӯҳи Дарвоз ҷойгир аст. Мамнӯъгоҳ бо мақсади нигоҳдории охирин маскани зисти бузҳои шохпечи Мархура ва Муфлони осиёимиёнагӣ дар Осиёи Марказӣ таъсис дода шудааст. Мақсади асосии созмони мамнӯъгох аз омӯзиш, барқарор ва ҳифзи популятсияи аҷоиби табиии бузи пармашох (мархур), ҳифзи растаниҳои ғизоию табобатӣ ва популятсияи он - зираи бухороӣ иборат буд. Олами растаниҳои мамнуъгох гуногун аст: ҷамоаҳои юған, камол, ширеш, бодом, челон, калофак, писта номгӯи ками онҳост. Дар мамнӯъгоҳ намудҳои нодир ва камчин, ба монанди савсан, пиёзҳо, лола, намудҳои растаниҳои тропикӣ ва субтропикӣ, аз ҷумла нок, анҷир, хурмо, анор ва зираи бухороӣ, ки дар замони мо дар сатҳи табиӣ популятсия ва ҷамоаҳои он фақат дар ҳамин мамнӯъгоҳ боқӣ мондааст, месабзанд. Аз олами ҳайвонот бузи пармашох (мархур), агамаи туркистонӣ, баҳтур, гурза, мори обӣ, бургут, гунҷишки испанӣ, кабк, хирс, паланг, гург ва ғайра зиндагй мекунанд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun1

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика