Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кохи Миллат

961

Кохи Миллат - дар маркази шаҳри Душанбе воқеъ аст ва қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Сохтмони Кохи Миллат дар шаҳри Душанбе соли 2002 дар майдони собиқ қароргоҳи (гарнизони) дивизияи 201 Федератсия Россия шурӯъ шуда буд. Дар сохтмони ин иншооти азим якчанд ширкатҳои хориҷӣ иштирок намуда буданд. Ифтитоҳи расмии ба истифода супоридани бинои Кохи Миллат дар арафаи вохӯрии сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС) дар Душанбе, соли 2008 баргузор гардид. Кохи Миллат як ҷузи комплекси бузурги пойтахт, иборат аз Боғи Устод Рӯдакӣ, Боғи Парчами Миллӣ, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва чанде дигар биноҳое мебошанд, ки дар шаҳри Душанбе бунёд гардидаанд ва симои пойтахти Тоҷикистонро нисбати солҳои гузашта дигаргун намудаанд.
28 апрели соли 2016 дар ҷаласаи ширкати NWFA 2016 Wood Flooring Expo дар шаҳри Спрингфилди ИМА барандагони ҷойизаи “The 2016 Wood Floor of the Year” ("Беҳтарин нигоришҳои фаршҳои чубин, русӣ: Лучшие напольные деревянные изображения 2016 года") эълон гардиданд. Байни 8 ғолибони озмун, якеаш ба нигоришҳои фаршҳои чубини Кохи Миллат - қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расид. Ин нигориш аз ҷониби ширкати “Yantarnaya Pryad-Parquet”, ки офисаш дар шаҳри Химкии вилояти Маскав воқеъ аст сохта шудааст.
Ҷоизаи дигаре, ки бинои Кохи Миллат (Қасри миллат) ишғол намудаааст, ҷойи дуюм дар рӯйхати "10 қасри бошукӯҳи президентӣ" дар веб-сайти англисизабони "TheeStle" мебошад. Аз рӯи зебогии архитектура, Қасри миллати шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм гашта, танҳо баъд аз Қасри сафеди шаҳри Вашингтон, ИМА меистад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика