Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Осорхонаи миллии Тоҷикистон

519

Осорхонаи миллии Тоҷикистон — 20 марти соли 2013 дар Душанбе расман ба фаъолият шуруъ кардааст. Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар назди боғи Парчами миллии Тоҷикистон дар маркази Душанбе ҷойгир шудааст.
Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 27.07.2011, №1094 таъсис ёфтааст.[2] Масоҳати умумии осорхона зиёда аз 24 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Намоиши осори таърихӣ дар 22 толор, аз ҷумла 2 толори мудаввар сурат мегирад. Инчунин осорхона дорои толор барои 300 ҷои нишаст, панҷ махзани нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, дувоздаҳ ҳуҷра барои озмоишгоҳ ва тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ мебошад. Шӯъбаҳои осорхона дорои толорҳои : канданиҳои фоиданок ва табиат, таърихи кадим ва асри миёна, нав ва навтарини Тоҷикистон, санъати тасвирӣ ва мардумӣ, толори тӯҳфахазинаҳои давлатӣ мебошанд.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз дигар мамолики олам эҳдошуда ба тамошо гузошта шудаанд. Аз ҷумла, «Корд»-туҳфа аз Президенти Федератсияи Русия В.В.Путин, «Амсилаи Каъба», «Порае аз Кисва (парда)-и Хонаи Худо (Каъба)-туҳфаи Арабистони Саудӣ, «Лаълӣ»- туҳфаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзиана Ингакан, «Шамшер»-туҳфа аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, «Гулдони шишагин», «Армуғон», «Рангдон», «Ромби шишагӣ»-туҳфаҳои пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Шоҳкарим Оғохони 4, «Шамшер»-туҳфа аз собиқ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҷопон Ғ. Бобозода, «Гулдон»-туҳфа аз директори Хадамоти амнияти федеролии Русия Н.К. Патрушев, «Лаълӣ»-туҳфаи Сафири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка дар Тоҷикистон С.С. Вирасурия, «Ордени Пётри Кабир»-туҳфа аз Академияи бехатарии Федератсияи Русия, «Табақи заррандуд»-туҳфа аз Ҷумҳурии Туркия, «Ҷоми нуқрагин»-туҳфа аз собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод, «Армуғони нуқрагин»-туҳфа аз Вазорати корҳои хориҷии Малайзия, «Ҷоизаи махсуси СММ»-туҳфа аз СММ, «Табақ ва гулдони чубин»-туҳфа аз собиқ Президенти Украина Леонид Кучма, «Амсилаи Регистони Самарқанд»-туҳфа аз собиқ Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов, «Қаламдон»-туҳфаи вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Ашван Сингха, «Аспи рамзӣ»-туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва ғайра туҳфаҳое ҳастанд, ки аз ҷониби сарварон ва дигар роҳбарони воломақоми давлатҳои ҷаҳон ба Президенти кишвар туҳфа карда шудаанд. Хазинаи экспонатҳои осорхонаи миллиро хазинаи бойгонии собиқ Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод ташкил медиҳад. Ба хазинаи осорхонаи миллӣ - 2278 ёдгориҳо ва намунаҳои ҳунару ашёи муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ аз тариқи харид, тӯҳфа ва ташкили экспедитсияҳои илмӣ ворид шудаанд. Аз 21 осорхонаи ҷумҳурӣ - 1225 нигора интихоб ва аксбардорӣ шудаанд. Илова бар ин аз Осорхонаҳои вилояти Суғд 587 нигора, аз вилояти Хатлон 279 нигора, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 49 нигора ба хазинаи осорхона ворид карда шудаанд. Ҳамзамон мутахассисон нақшаи ороиши бадеии бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистонро таҳия намуданд. Дар гулгашти бинои нави осорхонаи миллӣ 22 муҷассамаи шахсиятҳои намоёни таърихӣ гузошта шудааст.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика