Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бадахшон макони сайёҳист

1414

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муарификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Пайдоиши сайёҳӣ дар дунё аз ҳисоби муносибатҳои тиҷоратӣ дар байни давлатҳо ба миён омадааст. Сайёҳӣ барои васеъ гардидани ҷаҳонбинӣ, шинохти фарҳанги миллату халқиятҳои гуногун ва дар маҷмӯъ тафаккури инсон нақши муҳим аст.
Боиси тазаккур аст, ки сайёҳони хориҷӣ пеш аз ҳама ба манзараҳои табиӣ ва обҳои шифобахш, қуллаҳои барфпӯш, ҳайвоноти нодир, растаниҳои доруворӣ, ҳавои хушу муътадил, меваҳои тару тоза ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мутаваҷҷеҳ мебошанд.
Маҳз барои ҳамин ворид шудани сайёҳон ба кишвари мо Тоҷикистони биҳиштосо ва алалхусус ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сол аз сол афзуда истодааст. “Боми ҷаҳон» ном гирифтани вилояти мазкур имрӯзҳо вирди забони ҳамагон буда, онро эътироф менамоянд. Ба гуфтаи бархе аз сайёҳҳон дар назарашон Боми Ҷаҳон ягона гӯшаи олам аст, ки дар инҷо нишонаҳои чор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст. Зимистон сербарф, баҳор эҳёи табиат, гулгулшукуфӣ, тобистони гарму форам дар иҳотаи кӯҳҳои сарбафалаккашида, саҳаргоҳон ва бегоҳирӯзӣ салқин, рӯзона гарм ва мавсими тирамоҳ бошад зарин, бисёр зебо, агар дар дигар минтақаҳо мева ва сабзавот аз пухтан боз мемонанд дар ин диёр ҳамоно меваҳо дар пухту пазанд ва сабзавот дар ҳоли сабзишанд ва то охири моҳи тирамоҳ мардум аз меваи тару тоза ва сабзавоти тозаи экологӣ нӯши ҷон мекунанд.
Водии Вахонро осорхонаи кушод ё зинда меноманд, Силсилақалъаҳои қадима, ки бунёдашон ба асрҳои 2-3 то мелод рост меояд аз таърихи пурғановати ин диёр дарак медиҳанд. Чун дигар манотиқи Бадахшон водии Вахони Ишкошим макони шикорчиёни қадима будааст, ба ин хотир дар назди остонҳо, ҷойҳои муқаддас ва қариб дар ҳамаи хонаҳои бадахшонӣ, сари бомҳо ва даруни хонаҳо шохҳои бузи кӯҳиро дидан мумкин аст, ки ин аз аз муқаддас будани онҳо ва хосияти хуб доштани онҳо шаҳодат медиҳад.

1416

Мавзеъи Намадгут на танҳо яке аз ёдгориҳои қадимаи таърихист, балки макони сукунати бузҳои кӯҳӣ будааст ва мардум нахуст аз баракати ин неъмати худодод рӯзгори худро пеш мебурданд. Ба хотири шиносоӣ пайдо намудан бо фарҳанги шикор, ҳифзи ҳайвоноти нодир ва муносибати мардуми таҳҷоӣ ба онҳо сайёҳони хориҷӣ, намояндагони ҷамъиятии тоҷикон дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт- Петербург ва меҳмонони зиёд аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим ташриф меоранд.
Бояд зикр намуд, ки тамоми ҳайвонот дар баробари инсон мавҷудоти зиндаанд ва касе ҳақ надорад онҳоро нест намояд, балки дар назди инсон вазифа монда шудааст, то ки онҳоро ҳифз намоянд.
Дар ҳудуди вилоят теъдоди бузҳои куҳӣ, бузи пармашох ва гӯсфанди куҳӣ басо зиёд буданд ва дар наздикии деҳа онҳо сайру гашт менамоянд.
Сайёҳ вақте дар майдони ҳавои фуруд меояд, ҳанӯз аз муҳити ин ҷо, аз чеҳра ва тарзи муомилаи марзбонҳо, хидматгузаронӣ ва дигарҳо нахустин тасаввуроташро дар бораи мардуми кишваре, ки ба он қадам мегузорад, ҳосил мекунад. Ба гуфтаи як сайёҳи фаронсавӣ чизе, ки дар Тоҷикистон барояш хуш меояд, ин аст, ки ронандагону фурӯшандагон байни худӣ ва бегона фарқ намегузоранд. Бино ба маълумоти мавҷуда, сайёҳоне, ки бо воситаҳои нақлиёти худашон Помирро сайр карданд, ба маротиб афзуда, шумораашон сол ба сол боло меравад. Дижҳои бостонии аҳди Кӯшониён, чашмаҳои шифобахш, табиати дастнахӯрда, қуллаҳои баланд, пиряхҳо, табиати шигифтангезу нотакрор, фарҳангу ҳунари мардум, сайёҳонро мисли оҳанрабо ба сӯи худ мекашанд.

1415

Имконияти густариши сайёҳӣ дар Бадахшон хеле зиёд аст. Агар фақат кӯлҳоро гирем, дар ҳудуди Бадахшон бештар аз 140 обванди хурду бузург мавҷуд мебошад. Ин воқеият сарзамини пурасрор ва биҳиштосоро ба чашми бинандагон боз ҳам зебо таҷаллӣ медиҳад. Яке аз нухустин сайёҳони рус бо таассуроти амиқ аз шукӯҳи кӯлҳои минтақа онҳоро «чашмони нилгун»-и Помир унвон намудааст.
Ин кӯлро кӯҳҳои осмонбӯс дар баландии 3200 метр аз сатҳи баҳр бо захоири 17 миллиард метрии мукааб оби ширин дар каф гирифтаанд. Сарезро бархе аз мутахассисон барои эҳтимолияти хатароти рахнашавӣ «аждаҳои хуфта», аммо иддае барои зебоӣ ва табиати нотакрораш «нозанини хуфта» унвон мекунанд. Кӯли Сарез ба яке аз ҷойҳои диданӣ барои дӯстдорони зиёди сайёҳии экологии дохилу ҳориҷи кишвар табдил ёфтааст.
Қуллаҳои бо виқору сарафрози Бадахшон рамзи мардуми сарбаланди ин сарзамин буда, «чашмони нилгун» ба ин пайкар шукӯҳ ва зебоии бештаре мебахшанд. Баландтарин қуллаҳои Осиёи Марказӣ Исмоили Сомонӣ (собиқ Коммунизм) ва Истиқлол (собиқ Ленин), пиряхҳои Федченко ва Грум-Грижимайло дар Помир ҷой дошта, ҳамасола кӯҳнавардони зиёд ба манзури фатҳи онҳо ва пажӯҳишу тамошои пиряхҳо ба Тоҷикистон меоянд. Бо ибтикори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ тарҷумонҳо дар забонҳои гуногун ва роҳбаладони сайёҳӣ омода гардидаанд. Ҳукумати кишвар барои густариши сайёҳӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам сохтааст.
Бояд зикр кард, ки меҳмонхонаҳои замонавӣ, бошишгоҳҳои тафреҳӣ, ошхонаҳо, боло бурдани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар онҳо ва фарҳанги баланди миллӣ аст, ки Тоҷикистон дар радифи давлатҳои ҷолиб барои сайёҳӣ қарор гирифтааст.
Манбаъ: http://environment.tj/




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика