Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақбараи Ҳазрати Султон - ёдгории меъморӣ ва макони сайру саёҳат

1413

Оромгоҳи Ҳазрати Султон (Султон Увайси Қаранӣ) дар ҳудуди деҳаи Мазори Ҳазрати Султон, дар ноҳияи Ховалинг воқеъ аст. Деҳаи мазкур зиёда аз ҳазору чаҳорсад сол ободӣ дорад.
Деҳа дар ин давра чанд маротиб обод ва вайрон гаштааст.
Деҳаи Мазори Ҳазрати Султон аз ду ҷиҳат - аввало дар ин ҷо будани оромгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ ва дувум бо табиати зебову нотакрор дар ҷумҳурӣ ва берун аз он шуҳрат дорад.
Дар ин ҷо зарур медонем, ки барои маълумот барои сайёҳон ва зоирин дар бораи ҳаёт ва зиндагии Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ чанд маълумоте пешкаш намоем.
Оид ба шарҳи ҳоли ин симои барҷастаи олами ислом узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Амир Сайиди Мункӣ бо номи “Ҳазрати Султон” китобе чоп намуда, соли 2016 дастраси хонандагон гардонидааст.
Дар Ховалинг агар сухан дар бораи ин деҳа ва ё бузургвор равад, мардум онҷоро Мазор ном мебаранд, “ Мазор меравем ё аз Мазор омадем” маънои онро дорад, ки ӯ Мазори Ҳазрати Султон меравад ва ё аз он ҷо, аз зиёрат баргаштааст,
Одамон аз рӯи эътиқод фарзандонашонро Султон, Султонбӣ, Мазорӣ ном мегузоранд ва ин номҳо хеле маъмул ва зиёд вомехӯранд. Ҳаёти Султон Увайси Қаранӣ, ки дар таърихи ислом яке аз симоҳои барҷаста шинохта шудааст, хеле ибратомӯз аст.
Зиндагиномаи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ барои ҳар як фард мисоли равшани ҳаёти намуна ва ҳидоятгари роҳи росту неку, некӯкорӣ аст.
Эҳтироми волидайн, хурду бузург, некӣ ба ҳамагон, ки амали ӯст, ҷузъи ахлоқи умумибашарӣ мебошад.
Султон Увайси Қаранӣ дар воҳаи Қарани Арабистон ба дунё омадааст. Ӯ шутурбонӣ оддӣ буд. Нисбати Ҳазрати Муҳаммад (с) эътиқоду эҳтироми бузург дошт. Ӯро ғоибан дӯст медошт. Вале дидани ҷамолаш бо сабаби модари пиру бемор доштанаш ба ӯ муяссар намегардад.
Дар бораи Ҳазрати Султон нақлу ривоятҳо хело зиёд аст. Аз ҷумла нақл аст, ки вақте модари бемораш об мегӯяд, ӯ косаи об дар даст дар назди модар рост меистад. Ҳангоме косаи обро баъди аз хоб бедор шудан ба модар дароз мекунад, пӯстӣ дасташ канда мешавад ва дар ҷойи он сафедӣ пайдо мегардад.
Аз рӯи ривоятҳо Ҳазрати Султон пеш аз вафоташ ба халифаю пайравонаш васият мекунад, ки тобути ӯро ба шутури сафеде, ки дар рӯзи ҷанозааш пайдо мешавад, бор кунанд ва дар куҷое шутур хоб кунад, ҷасадашро дар онҷо ба хок супоранд. Ҳамин тавр шутур дар ҳафт ҷо хоб карда, мехезад ва он ҷойҳо ба гузаргоҳи Ҳазрат табдил меёбанд.
Шутур дар ҷойи ҳозираи Мазор меистад ва дар ҷойи чор пою фуки ӯ панҷ чашма мебарояд, ки онҳо Чашмаи Шифо, Мурод, Раҳмат, Мағфират ва Ганҷ ном доранд.
Корҳои ободонию бунёдкорӣ дар мавзеъи Мазори Султон ба солҳои Истиқлолияти давлатӣ, ба давраи раисии марҳум Тоҷиддин Рауфов рост омад. Ин марди фарҳангдӯст тавонист, ки барои бунёди масҷид, меҳмонона, айвонҳои хуштарҳу кандакоришуда одамони саховатмандро ҷалб намояд.
Соли 2004 дар ҳудуди Мазори Ҳазрати Султон дар масоҳати 30 гектар мамнӯъгоҳи Ҳазрати Султон ташкил карда шуд, Дар ҳудуди мамнӯъгоҳ таҳҷои қалъаи қадима ва маҷмааи ёдгорӣ – дарвоза, Мақбараи Ҳазрати Султон, масҷид, биноҳои хурду бузург, меҳмонхона, китобхона, таҳоратхона, чашмаҳо (Мурод, Шифо, Раҳмат, Мағфират, Ганҷ), Мазори Ҳазрати Халифа Бобо Умар ва дар шимоли мамнӯъгоҳ дар мавзеъи Харгӯшон таҳҷои бошишгоҳҳои одамони ҷамоати ибтидоӣ (бошишгоҳи “Дӯстӣ”) ҷойгир аст.
Мақбараи нави Ҳазрати Султон ёдгории меъморӣ буда, солҳои 2003 – 2006 бо усули шарқӣ сохта шудааст. Масоҳати Мақбара (5х5) ва гурхона 13,42х4 м ) иборат аст.
Мақбара бо маблағи фонди захиравии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст. Гирду атрофи мақбараро гулҳои рангоранг оро медиҳанд.
Ҳангоми кандани ҷойи таҳкурсии бинои мақбара ва гузаронидани ҳафриёт (с. 2003 – 2006) аз тарафи бостоншинос У.Эшонқулов маълум шуд, ки дар қарнҳои пешин, хусусан дар замони давлатдории Сомониён ин мавзеъ хеле обод будааст. Аз ин ҷо ёдгориҳои зиёде ба даст омадаанд, ки ба осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии ноҳия супорида шудаанд.
Мазори Ҳазрати Султон мавзеи зебоманзар, хушобу ҳаво, макони набототи доруворӣ, боғҳои пурмева, парандагону дигар ҳайвоноти ваҳшӣ, як гӯшаи боғановати Хатлони бостонист. Мазори Султон 18 километр дур аз шаҳраки Ховалинг ҷойгир шуда бошад ҳам, обу ҳавояш аз он ба кулӣ фарқ мекунад.
Дар ин ҷо баҳор нисбати Ховалинг қариб як моҳ дертар мерасад. Агар дар Ховалинг борон борад, дар Мазор барф меборад. Дар ин ҷо нисбати Ховалинг боришот хеле зиёд аст.
Ҳамин, ки зимистон ҷомаи симини худро дигар кард, табиат қабои сабз ба бар мекунад. Обу ҳавои форам накҳати гулу гиёҳоро ба машом расонида, ба кас ҳаловат мебахшад.
Рӯди назди Мазор, ( Оби Мазор), ки аз масофаи тақрибан 15- 20 километр шимолтар, аз чашмаҳои кӯҳии пуштаи Хингаку Бқахӯрон, Дашти Мешу Сурхсеб ва кӯҳҳои атрофи онҳо маҷро мегираду ба поён ҷорист, ба ҳусни мавзеъ ҳусни тозае зам менамояд. Тирамоҳу зимистон обаш софу кам аст. Дар айёми тобистон моҳиҳо то саргаҳи рӯд рафта тухм мегузоранд.
Болотар аз Мазор Дашти Мешу Усишутурчаро ва Чангон воқеъ мебошад, ки ин ҷойҳо бе ҳеҷ як муболиға зеботарин гӯшаҳои Тоҷикистонанд. Дар баҳорон дар ин ҷо дар байни арчазорони сабзи табиӣ садҳо намуд набототи доруворӣ, аз ҷумла чор намуд гули сиёҳгӯш, 4-5 намуд лолаи кӯҳӣ, бисёр дигар гулҳои ҳархела, чукрию торон, рошаку чоқла, рову сирпиёз, пиёзи анзур рӯида, атрофро зебою муаттар менамоянд.
Шилдироси чашмаҳои кӯҳӣ, садои хониши парандагон ба дили ҳар як бинанда роҳат физуда, кас худро дар як олами биҳиштосо ҳис менамояд.
Ин гӯшаест, ки дар он Ҳазрат Султон Увайси Қаранӣ хоб аст ва турбати ӯ зиёратгоҳи аҳли ислом мебошад. Ҳамасола ба ин макон ҳазорҳо зоирин ва дигар сайёҳон омада, як рӯзу ду рӯз, ҳафтае истироҳату сайёҳат мекунанд. Касе ба ин ҷо омада бошад, орзуи дубора ва ҳамасола дар фасли гармо ба ин ҷо омаданро орзу менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як сафари кориашон ба Ховалинг дар суҳбат ба бошандагони Мазори Ҳазрати Султон тавсия доданд, ки ҳар кадом барои қабули сайёҳон, зоирин ва дигар меҳмононе, ки ба инҷо меоянд ҳуҷраҳои алоҳидаи замонавӣ бисозанд.
Дар ҳақиқат мавзеъи Мазори Султон мавзеъи сайёҳист. Он ба ҳамаи талаботи соҳа ҷавобгӯ мебошад.

Сайҷалол Сатторзода




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика