Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Осоишгоҳи «Баҳористон»

243

Осоишгоҳи «Баҳористон» дар вилояти Суғд ҷойгир буда, 22 майи соли 2011 дар соҳили обанбори Қайроққум сохта шудааст. Масоҳаташ 22 га. Масофа аз Гулистон то Баҳористон - 20 км.
Иқлими маҳал континентӣ ва хушк буда, вобаста ба фаслҳо тағйир меёбад. Дар ҳудуди «Баҳористон» 5 бинои замонавӣ қомат афрохтааст. Дар бинои асосии «Баҳористон» 61 утоқи зисти муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, ҳамчунин китобхона, сартарошхона, машшотахона, толори биллиардбозӣ ва ғ. қарор доранд. Бинои якум аз 46 утоқ иборат буда, дар он 92 нафар ҷой мешавад. Бинои дуюми «Баҳористон» барои фароғат ва муолиҷа пешбинӣ шудааст. Дар он утоқҳои табобат, ошхона, толори варзиш ва ғ. ҷойгиранд. Бахши муолиҷавии осоишгоҳ аз 5 утоқи муоинаву ташхис ва 17 утоқи табобати бемориҳо иборат аст; барои 96 нафар ҷойи зист дорад. Бинои табобатии "Баҳористон"бо таҷҳизоти замонавии физиотерапиявӣ муҷаҳҳаз аст. Дар ин ҷо ба беморон гиёҳчой ва доруҳои наботии тақвиятбахш низ медиҳанд. Дар варзишгоҳ ва толорҳои варзишии «Баҳористон» барои бозии футбол, баскетбол, теннис, шиноварӣ ва ғ. шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Маҷлисгоҳи «Баҳористон» дорои компютерҳои замонавӣ ва васоити электронӣ буда, дар мизи мудаввари он барои 30 нафар ҷойи нишаст мавҷуд аст. Дар «Баҳористон» ҳамчунин 2 бинои тобистона сохта шудааст, ки дар онҳо 104 нафар одамон ҷой дода мешаванд.

244

Ба омилҳои табобатии «Баҳористон» мансубанд: гармишифоӣ (лойқашифоӣ, регшифоӣ, мумшифоӣ ва ғ.), барқшифоӣ (муолиҷа бо ултрасадо, электрофорез, индуктотерапия ва ғ.), лазершифоӣ, обшифоӣ (души мудаввар, обзани «марворидӣ», обзанҳои табобатӣ ва ғ.), намакшифоӣ, масҳ (аз ҷумла масҳи барқӣ), сӯзаншифоӣ ва ғ. Воситаи асосии муолиҷа лойқаи шӯри кӯли Сакии ш. Саки (Украина) мебошад. Лойқаи кӯл хосса барои муолиҷаи бемориҳои пӯст, селлюлит, мӯйрезӣ, нохун, артритҳо, остеохондроз, ниқрис, бенаслии зану мард, сусткамарӣ, простатит, псориаз, шукуфа, қубоъ, моҳипӯстӣ, неврит, радикулит, асабдард, дарди нимсара, сарчархӣ, ғамбеморӣ, бехобӣ, назла, гайморит, гулӯдард, пневмония, бронхит, зиқи нафас, пародонтоз, гингивит, стоматит, гепатитҳо, илтиҳоби талхадон, захми меъдаву рӯдаи дувоздаҳангушта, илтиҳоби рӯда, бемориҳои гӯшу даҳон ва ғ. муфид аст. «Баҳористон» тамоми сол фаъолият мекунад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuni

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика