Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Осоишгоҳи «Зумрад»

241

Осоишгоҳи «Зумрад» дар қисми ҷанубу ғарбии водии Фарғона, дар соҳили дарёи Исфара, дар баландии 940 метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи 3 километр аз маркази шаҳр, 110 километр аз маркази вилояти Суғд - шахри Хуҷанд ҷойгир шуда, дар нишемангоҳҳои кӯҳҳои Вороруд доман паҳн кардаааст. Мавзеи «Зумрад» ба осорхонаи табиӣ шабоҳат дорад ва зебоманзартарин қисми ноҳияи Исфара ба шумор меравад. Ин мавзеъ бо табиати афсункор, манзараҳои зебо, ҳавои софу беғубор, меваҳои шарбатрез, дарахту буттаҳои ороишӣ, дарёи шӯхи кӯҳиву ҳавзҳои пуроб аз қадим манбаи сиҳативу омили табобат барои мардум будааст.
Асосгузори бевоситаи осоишгоҳи «Зумрад» табиби варзидаи Тоҷикистон Олимов Мирзо мебошад.
Зумрад аз ҷумлаи беҳтарин осоишгоҳҳои ҷумҳуриамон буда, дорои 3 хобгоҳи замонавӣ ва 2 котедж (ҳамагӣ барои 500 ҷой), 3 бинои табобатӣ барои қабули 250 нафар дар як соат, қасри «Шифокорон» барои 300 ҷои нишаст бо китобхона ва толори рақсӣ, чойхонаи пур аз нақшу нигори Сино, Осорхонаи тибби тоҷик ба номи Мирзо Олимов, ошхона барои табобатгирандагон бо 500 ҷои нишаст, барои коргарон бо 60 ҷои нишаст, қаҳвахона, озмоишгоҳи биокимёвӣ, шӯъбаи ташхисӣ ва шӯъбаи дандонпизишкӣ мебошад.
Зумрад - яке аз марказҳои бузурги табобатӣ ва ташхисӣ буда, то имрӯз 200 ҳазор нафар шаҳрвандоноро солим гардонидааст.
Зумрад маркази варзишӣ-шифоӣ бо 37 намуди дастгоҳҳои муолиҷавӣ, мизҳо барои биллиард, тенниси рӯимизӣ, майдончаи волейболу бадминтон, майдончаи рақсӣ буда, ба табобатгирандагон 25 намуди хизматрасонии маданӣ ва маишӣ расонида мешавад.

242

Ҳудуди умумии осоишгоҳ 20 гектар буда онро буттаҳою дарахтони нодири ороишию мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо зебоӣ мебахшанд. Дарёчаи шӯхи Исфара, ҳавзу ҷӯйборҳои ҳудуди осоишгоҳ ҳаворо аз озон бой намуда ба мардум таровати махсусе ҳадя менамоянд, чаҳ - чаҳи булбулу хониши паррандагони ин мавзеъ асабро ором намуда ба ҷисму ҷони инсон оромию фараҳ мебахшанд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика