Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бешаи палангон

963

Мамнуъгоҳи давлатии табии «Бешаи палангон» — яке аз Мавзеъҳои табии Тоҷикистон буда дар ҷануби Тоҷикистон дар резишгоҳи рӯди Вахш ба рӯди Панҷ ҷойгир аст. Масоҳати мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» 49 700 га ташкил медиҳад. Мамнуъгоҳи табии «Бешаи палангон» бо қарори Комисариати халқии кишоварзии Тоҷикистон 4 ноябри соли 1938 таъсис шудааст.

Мамнуъгоҳ дар ҳудуди имрӯза ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Қабодиёни вилояти Хатлон воқеъ аст ва яке аз ҷойҳои тамошобоби Минтақаи сайёҳии водии Вахш мебошад. Бештари ҳудуди мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» - ро туғайзор ташкил медиҳад. Аз ҳайвоноти нодир гавазни бухороӣ боқӣ мондааст, паланги туронӣ нест шудааст.
Мамнуъгоҳ бо қарори комиссариати Шӯрои халқии ҶШС Тоҷикистон 4 ноябри соли 1938 таъсис ёфтааст. Мамнуъгоҳ бо мақсади муҳофизати комплекси биёбону туғайзор, набототу ҳайвоноти нодири он таъсис ёфта, масоҳати умумии он зиёда аз 50 000 га мебошад, ки аз ин шумора 14500 га ҷангалпӯш, 10700 га марғзор, 4030 га кӯлҳо, 22173 га-ро биёбон ташкил медиҳад.
Мамнуъгоҳ ба хотири мавҷудияти яке нодиртарин намуди ширхӯрони даранда – паланги тӯронӣ «Бешаи палангон» номгузорӣ шудааст. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ ин намуди ҳайвони ширхӯр то солҳои 50-уми асри гузашта дучор мешуд. Олими рус Р.Л.Потапов дар асари худ «Тигровая балка» чандин ҳодисаҳои вохӯрии одамонро бо палангҳо ёдрас шудааст. Вуҷуди паланги тӯронӣ дар ҳудуди мамнуъгоҳ тобистони соли 1953 ба қайд гирифта шудааст. Айни замон доир ба мавҷудияти ин намуди паланг дар табиат ва боғи ҳайвоноти дунё ягон маълумоте нест. Ба ақидаи бархе аз олимони соҳаи зоология ин намуд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми сатҳи рӯйи Замин нест шудааст.
Мамнуъгоҳ манзараҳои гуногуни табиӣ дорад, аз як тараф минтақаи биёбон, аз тарафи дигар минтақаи туғайзор, кӯлҳои сершумор мамнуъгоҳро иҳота намудаанд, ки ба табиати он боз ҳам зебоӣ ва гуногунрангӣ мебахшад. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ, инчунин, поёноби дарёи Вахш ҷойгир шудааст. Айни ҳол дар ҳудуди мамнуъгоҳ зиёда аз 20 кӯл боқӣ мондааст. Кӯлҳои мамнуъгоҳ макони зисти обсабзаҳо, содатаринҳо, харчангҳо, гамбускони обӣ, нармтанҳо, моҳиҳо ва дигар ҳайвоноти обӣ мебошанд. Дар кӯлҳои мамнуъгоҳ айни ҳол 16 намуди моҳӣ зист мекунанд, ки баъзеи онҳо намудҳои эндемикӣ, яъне доираи паҳншавии маҳдуддошта мебошанд.
То солҳои 90 - уми асри гузашта аз намудҳои эндемикӣ дар кӯлҳои мамнуъгоҳ белбинии калони амударёӣ ва белбинии хурди амударёӣ ба қайд гирифта шуда буд. Ин намуди моҳӣ аҳамияти калони зоогеографӣ дорад, чунки ғайр аз поёноби дарёи Вахш (ҳавзаи Аму) авлодҳои наздики белбиниҳо дар дарёи Миссисипии Амрико ва Янтзии Чин дучор мешаванду тамом. Айни ҳол дар кӯлҳо намудҳои нодир ва камшумори моҳиҳо, ба монанди муйлабмоҳии аралӣ, симмоҳӣ, муйлабмоҳии туркистонӣ, сихболмоҳӣ ва жерехи тос дучор мешаванд. Инчунин, дар кӯлҳои мамнуъгоҳ 2 намуди обхокӣ қурбоқаи кӯлӣ ва ғуки сабз дучор мешаванд, ки миқдоран хеле зиёд мебошанд. Ҳамчунин, дар кӯлҳои мамнуъгоҳ мори обӣ ва яке аз ширхӯрони муътодони акклиматизатсияшуда нутрия (қундузи обӣ) дучор мешавад. Ватани аслии нутрия Америкаи Ҷанубӣ мебошад. Ба Тоҷикистон ин намуди ширхӯри хояндаро соли 1949 аз хоҷагии нутрияпарварии Кюрдамири Озарбойҷон овардаанд. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ солҳои 70-уми асри гузашта хоҷагии нутрияпарварӣ мавҷуд буд ва мӯйинаи ин намуди ширхӯр дар саноати сабук васеъ истифода мешуд.
Кӯлҳои мамнуъгоҳ макони зимистонгузаронии парандагони минтақаҳои сард мебошад. Бо фарорасии фасли зимистон ба кӯлҳои мамнуъгоҳ баъзе намуди парандагон аз Сибири Россия, мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Чин кӯчиш намуда, то фарорасии фасли гармо дар он ҷой боқӣ мемонанд. Дар қисмати нимбиёбон ва туғайзори мамнуъгоҳ аз намояндагони синфи хазандагон сангпушти осиёимиёнагӣ, геккони шонаангушт, лундасараки регӣ, куброи осиёимиёнагӣ, гурза ва дигар намудҳои нодир вомехӯранд.
Яке аз калонтари калтакалосҳои замони муосир сусмори хокистаранг (эчкамар) дар минтақаи биёбони мамнӯъгоҳ дучор мешаванд, ки онро «тимсоҳи биёбон» низ меноманд. Экосистемаҳои мамнуъгоҳ макони зисти доимии парандагони муқимӣ буда, барои зимистонгузаронии парандагони кӯчӣ низ шароити мусоид дорад. Бо кӯшишу заҳмати масъулини мамнуъгоҳ бо мақсади ҳифз ва зиёд намудани саршумори парандагони нодир соли 2012 парваришгоҳи махсусе сохта шудааст, ки дар он тазарф, кабк, дуғдоғ парвариш карда мешавад.
Аз намояндагони синфи ширхӯрон дар ҳудуди мамнуъгоҳ гавазни бухороӣ, ғизол, гурбаи қамишзор, кафтор, мири мушон, хуки ваҳшӣ, ҳашаротхӯри пакана, ҷайраи ҳиндӣ ва ғайра дучор мешаванд. Яке аз зеботарин намуди ширхӯрони мамнуъгоҳ ин гавазни бухороӣ мебошад, ки дар туғайзорҳои мамнуъгоҳ паҳн шудааст.
Мутаассифона, дар давраи нобасомониҳои солҳои 1992-1993-юм саршумори ин намуд аз сабаби шикори ғайриқонунӣ коҳиш ёфта буд. Лекин бо саъю кӯшиши кормандони мамнуъгоҳ солҳои охир саршумори ин намуд рӯ ба афзоиш овард ва тибқи маълумотҳои солҳои охир дар мамнуъгоҳ 250 гавазни бухороӣ вомехӯрад.
Аз ҳайвоноти бесутунмуҳра дар ҳудуди мамнуъгоҳ намояндагони содатаринҳо, исфанҷҳо, гидраҳо, кирмҳо, нармтанҳо, тортанакшаклон ва ҳашаротҳо васеъ паҳн шудаанд. Аз ҳама сершумортарин гурӯҳи ҳайвоноти мамнуъгоҳ ин ҳашаротҳо мебошанд, ки ҳаёташон бо дарахту буттаҳои мамнуъгоҳ зич алоқаманд аст. Аз ҳашаротҳо дар мамнуъгоҳ сӯзанаки кириченко, сӯзанаки императорӣ, гаҳвораҷунбони дарахтӣ, амблитесписи мишенко, мантиси саркалон, кирминаи қирмизии талхак, ганданафасаки тӯронӣ, чӯбхӯраки қиррамӯйлаб, махаон, шапалаки сафеди томирис ва ғайра дучор мешаванд.
Олами набототи мамнуъгоҳ низ хеле бой аст. Мувофиқи маълумотҳои олими соҳа дар ҳудуди мамнуъгоҳ 604 намуди растаниҳо мерӯянд. Аз ин миқдор 322 намуд растаниҳои хӯроки чорво, 49 намуд растаниҳои техникӣ, 44 намуд растаниҳои дармонӣ, 10 намуд растаниҳои муфтхӯр ва 22 намуд растаниҳои заҳрнок мебошанд.
Дар биёбони мамнуъгоҳ зағоза, саксавул ва ҷулғун вомехӯранд. Дар атрофи кӯлҳо ва резишгоҳи дарё намудҳои зиёди растаниҳо аз авлодҳои бед, сафедор, ангат, санҷид паҳн шудаанд. Дар туғайзорҳо бошад най, найшакар, эриантус, лух, шутурхор ва дигар алафҳои баландпоя дида мешаванд. Аз ҷиҳати шакли зист асоси флораи мамнуъгоҳро растаниҳои алафӣ ташкил медиҳанд, ки миқдорашон ба 524 намуд мерасад.
Аз намудҳои нодир ва камшумори растаниҳо дар ҳудуди мамнуъгоҳ занбӯруғи даштӣ, усманияи поячааш дарози хам, лолаи Тюберген, каперси Розанов, дубаргаи бухороӣ ва ғайра дида мешавад, ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonuni

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика