Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳулбук, Кӯлоб

 

 

516

Дар асоси сарчашмаҳои ҷуғрофӣ-таърихии юнонӣ, чинӣ ва арабу-форсӣ инчунин ғановату гуногуншаклии бозёфтҳои бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳулбук – пойтахти Хутталон шаҳрест бо таърихи бисёр қадима. Дар ҳама давру замонҳои мавҷудияти хеш, шаҳри Ҳулбук ҳамчун маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шоҳигарии Хутталон ба ҳисоб мерафт. Маданияти шаҳрсозии Ҳулбук аз рӯи тарҳи возеҳи меъморӣ ва муҳандисӣ бо сохторҳои муракаби коммуникативӣ, системаи гармидиҳии зерифаршӣ, аз ҳудуди қаср берун намудани обҳои барфу борон ва обҳои истифодашуда танҳо баъди софкорӣ,таъмини обҳои ошомиданӣ ва хоҷагидорӣ ва аз ҳама муҳим бо риояи талаботҳои шаҳрсозии асримиёнагӣ, яъне бо қасри шоҳон, шаҳристон ва рабази (маҳалҳои аҳолинишини ба шаҳр пайваст) наздишаҳрӣ ба анҷом расонида шудааст. Ҳафриётҳои бостоншиносӣ, ки дар ҳудудҳои қасри шоҳони Хуттал ва ҳудуҳои шаҳристон гузаронида шудаанд нобиғаҳои меъмории тоҷикӣ, мавқеъи интихоби ҷой бо нигоҳдошти манзараҳои табии, мавқеъи стратегӣ — мудофиавиро ошкор намуданд.

Аҳолии шаҳри Ҳулбук ва музофотҳои он маҳсулотҳои беназири ҳунармандӣ аз қабили зарфҳои сафолии сирдор ва бесир, шишагин, булурин, маҳсулотҳои оҳангарӣ, косибӣ, заргарӣ, сангтарошӣ, устухонтарошӣ, мусаввирӣ ва ғ. дар сатҳи олии касбӣ ва техникӣ истеҳсол менамуданд ва бо ин васила талаботи худ ва минтақаро таъмин менамуданд. Сабки тасвири девормусаввараҳои Ҳулбук нишон медиҳад, ки ниёгони мо анъанаҳои санъати тасвирии гузаштаи хешро бо табодули анъанаҳои гузаштагон дар худ бевосита нигоҳ доштаанд. Таъсири бевоситаи фанҳои табиатшиносӣ ва ҳандасӣ дар истеҳсоли кулолгарӣ, шишасозӣ оҳангарӣ инчунин дар тарҳ ва ороиши биноҳои қасри Ҳулбук ва атрофи он бисёр хуб ба назар мерасанд. Ҳамаи тасвирҳои анҷомдодашуда бевосита табии буда бо иловаи истеъдоди ҳунармандони хатлонӣ нафосот ва зебогии нотакрореро дар худ таҷассум менамоянд. Анъанаҳои шаҳрсозӣ ва ҳунармандӣ дар замони Сомониён ташаккул ёфта дар давраҳои минбаъдаи таърихӣ нигоҳдорӣ ва равнақ дода шудаанд. Шаҳри Ҳулбук яке аз нобиғаҳои фарҳанги моддӣ ва маънавии на танҳо халқи тоҷик балки ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Маҳз ҳамин сифатҳои волои шаҳри Ҳулбук буд, ки моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан-пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8-ёдгориҳои беназири халқи тоҷик он ба силсилаҷоизаи «Шоҳроҳи Бузурги Абрешим»-и ЮНЕСКО ворид карда шуд.
Хушбахтона таввасути истиқлолияти давлатии миллати тоҷик ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хутталони қадим — шаҳри Ҳулбук имрӯз аз нав эҳё гардида истодааст. Маҳз ба хотири бузургдошт ва аҷргузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти қадими шаҳрсозии ниёгон ва барои эҳё намудани ҳиссӣ баланди миллӣ-ватандорӣ, ки бевосита аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук бо Осорхонаи Ҳулбук дар пойгоҳи шаҳри Ҳулбук таъсис дода шудааст, ки дар ин самт як такони ҷиддие дар пешрафти таъриху фарҳанги халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonun2

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика