Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасри Арбоб

515

Қасри фарҳанги Арбоб – яке аз қасрҳои бошукӯҳи фарҳангӣ ва санъати хосаи меъморию тасвирии вилояти Суғд мебошад, ки дар ноҳияи Ғафуров ҷойгир шудааст.
Санъати меъморӣ, ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, наққошӣ ва кандакорӣ ҳанӯз аз замонҳои қадим дар байни тоҷикон хеле дар ривоҷ буда, осори онҳо дар таърихи маданияти мо ҷои махсусро ишғол мекунад. Дар байни санъатҳои нафиса санъати меъморӣ яке аз зеботарин, мураккабтарин ва қадимтарин намудҳои санъат аст. Халқи тоҷик анъанаҳои бои санъати меъморӣ дорад. Қалъаҳои шаҳрҳои Хуҷанду Ҳисор, Мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро, нақшу нигори Панҷакенти қадима, Шаҳристони асримиёнагӣ, мақбараи Шайх Муслиҳиддин дар Хуҷанд, Ҳазрати Шоҳ дар Исфара, мадрасаҳою масоҷид дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистони соҳибистиқпол, ки аз гузашта мерос мондаанд, намунаи барҷастаи ин маданият ба ҳисоб меравад.
Дар қатори иншоотҳои пурмӯҳташами меъмории асри бисти тоҷик қасри маданияти хоҷагии ҷамоавии ба номи ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Саидхоҷа Урунхоҷаевро ном мегиранд.
Ин қаср аз номи теппае, ки дар он бунёд ёфтааст Қасри фарҳанги Арбоб ном гирифтааст ва боҳашамату санъати хосаи меъморию тасвирӣ шӯҳраташ аз ҳудудҳои ҷумҳурӣ берун рафт.
Номи қаср бо шарофати дар он баргузор гардидани Иҷпосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вирди забонҳо гашта, имрӯз аз ҳарвақта бештар таваҷҷӯҳи халқро сазовор гаштааст. Маҳз дар ҳамин иҷпосия низоми давлатдорӣ ва сохти конститутсионӣ барқарор гардид ва роҳбарияти нави давлат ба сари қудрат омад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамин қаср, дар иҷпосияи зикрёфта Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳаёти имрӯзаи мамлакат дуруст ва оқилона будани интихоби ҳамонвақтаи роҳбари давлатро исбот кардааст.
Ороиши даромадгоҳи Қаср ва саҳни он бинандаро ба ҳайрат меорад. Дар зери ҳамаи тирезаҳои тарафи саҳн, дар пештоқи даромадгоҳи марказй, дар байни нақшҳо аз осори шоирони асри X сар карда то шоирони барҷастаи имрӯз байту рубоиҳо сабт карда шудаанд. Дар ин ҷо каломи ширину оташини Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Робияи Балхӣ, Низомии Ганҷавӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Умари Хайём, Саъдӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Носири Хисрав, Ҷомӣ, Навоӣ, Биноӣ, Ҳилолй, Зебуниссо, Боботоҳири Ҳамадонй, Асирӣ, адибони рус Пушкин, Горкий, Маяковский, Белинский, инчунин намунаҳои осори С.Айнӣ, М.Турсунзода, Р.Ҷалил, М.Аминзода, А.Шукӯҳй ва дигар шоирону нависандагон сабт гардидааст.
Ороиши дохили бино дар ҳақиқат намунаи барҷастаи эҷодиёти халқ ва санъати меъморию наққошӣ мебошад. Дар ин бинои боҳашамат хонае, нест, ки бо гаҷкорӣ зиннат дода нашуда бошад. Нақшҳои хурду калон то ба дараҷае мураккаб ва ҷолиби диққатанд, ки бинандаро ба завқ меоранд. Ин корро устоҳои бомаҳорати тоҷик, усто Ширин Муродов ва шогирди беҳамтояш Мирумар Асадов иҷро кардаанд.




Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

Qonuno

© 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика