Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ

Ҳафтаи сипаригардида дар ШВКД ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, масъулияти ватандорӣ, худшиносии миллӣ, миёни ҷавонону наврасон ва баҳри пешгирии амалҳои номатлуб, бо иштироки васеъи сокинон, собиқадорони ҷангу меҳнат, аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, падару модарон ҳамоиши оммафаҳмонӣ доир гарид.
Дар чорабинии мазкур, сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода иштирок намуда, изҳор дошт, ки дар ҷоеъаи имрӯза барои шаҳрвандон, аз ҷумла, ҷавонони Тоҷикистон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Таърих гувоҳ аст, ки ташакули ҳар як давлати соҳибистиқлол пеш аз ҳама ба анъанаҳои миллии фарҳангӣ, дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва дастовардаҳои гуногуни ҳаёти маънавӣ такя мекунад.

Мавриди зикр аст, ки баъзе аз ҷавонони мо шукронаи тинҷию оромии ватанро накарда, ба суханони бемантиқи аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бовар намуда, шомили гурӯҳҳои террористӣ шудаанд, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Искандар Солеҳзода дар идомаи суҳбат афзуданд, ки соли 2016 назар ба солҳои қаблӣ шумораи аъзоёни гурӯҳи экстремистию террористӣ аз вилояти Хатлон кам ба қайд гирифта шудааст, ки ин натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳамкории зич бо аҳолӣ мебошад.
Дар рафти ҳамоиши оммафаҳмонӣ намояндаи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маҳмаддовуд Ҳалимов ба сухан баромада қайд кард, ки шукронаи неъматҳои истиқлол, ки имрӯзҳо халқи ободкору созанда ва меҳанпарвару меҳнатдӯсти мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро гузошта истодааст. Аз ин рӯ, комилан табиист, ки вазъи имрӯзаи кишварамон дарку эҳсоси нави арзишҳои фарҳангию миллиро тақозо намудааст, зеро дар баробари ба даст овардани истиқлолият заминаи мусоиди ташаккулёбии худшиносии миллӣ, таваҷҷӯҳ ба мероси таърихии халқи худ ва анъанаҳои фарҳангию маърифатӣ низ фароҳам оварда шудааст.
Мақсади чорабинии оммафаҳмонӣ ин пеш аз ҳама, пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткории наврасону ноболиғон ва шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ иборат мебошад.
Адолати Маҳмадалӣ, вилояти Хатлон. 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика