Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯмаки хайрхоҳона дар арафаи Наврӯз ба ятимону ниёзмандон

15-уми марти соли равон, бахшида ба ҷашни Иди байналмилалии «Наврӯз» ва «Соли ҷавонон» бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» ва дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати кӯмак ба як қатор мактаб-интернатҳои пойтахт аксияи хайриявӣ доир карда шуд.

Ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» аксияи хайриявиро аз мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №2-и шаҳри Душанбе шурӯъ карда, сипас ба хонаи кӯдакони синни томактабии №1, Ятимхонаи №1-и ноҳияи Сино ва мактаб-интернати №4 барои кӯдакони аз оилаҳои камбизоат ва бепарасторони шаҳри Душанбе омада, ба онҳо маводҳои озуқаворӣ, аз қабили картошка, пиёз, равған, орд ва шакарро, ҳамчун иқдоми хайрхоҳона нисбат ба ятимону бепарасторон дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз тақдим намуданд.
Барои ин иқдоми хайрхоҳона роҳбарони муассисаҳои таълимии зикргардида изҳори миннатдорӣ намуда, нисбат ба мактаббачагон яке аз амалҳои неки инсонӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ин радиф, барои болида гардонидани рӯҳияи таълимгирандагон ва тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстию инсондӯстӣ аз ҷониби ҷавонони гурӯҳи Пешоҳанг ба хонандагони мактаб-интернатҳо дар толори фарҳангии мактаби таҳсилоти умумии №101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як барномаи фарҳангию фароғатӣ манзур гардид.
Дар ин чорабинӣ, нахуст муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД, полковники милитсия Мансур Бухоризода ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай муборакбод намуда, ин иқдоми пешгирифтаи ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг»-ро барои муаҳассилини ин муассисаҳо хуб арзёбӣ намуд. Номбурда, ҳамчунин миннатдории хешро ба роҳбарияти ин муассисаҳои таълимӣ барои мусоидат дар баргузории чунин як чорабинии идона изҳор дошт.
Дар идома, директори муассисаи таҳсилоти умумии №101 Усмонова Ибодат суханронӣ намуда, чунин як чорабинии хайриявӣ ва фарҳангиро иқдоми саривақтӣ ва тӯҳфаи идона ба мактаббачагон донист. Қайд гардид, ки толибилмони онҳо, яъне ятимону бепарасторон ҳамеша зери таваҷҷӯҳ ва ғамхории Ҳукумати мамлакат қарор дошта, баргузории чунин чорабиниҳо ба ташаккули хислатҳои беҳтарини инсонӣ мусоидат хоҳанд кард.
Дар рафти баргузории ин чорабинӣ хонандагони мактаб-интернатҳо низ фаъолона ширкат варзида, дар васфи модар ватан ва баҳору наврӯзи хуҷастапай шеъру суруд ва таронаҳо қироат намуда, саҳначаҳои ҳаҷвӣ доир намуданд.
Хурсанию нишоти хонандагонро ҳадду канор набуд. Тавре муаллими мусиқии мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №2, Амирхоҷа Исматуллоев дар сӯҳбат бо мо иброз дошт, хушнуд аз он аст, ки нисбат ба кӯдакон ва хонандагони имконияти маҳдуд доранд, чунин чорабинии гуворро ва хотирмон доир карда шуд. Тавре бузургон мефармоянд:
Гар ятимеро касе гирён кунад,
Молик андар дузахаш бирён кунад.
Ҳарки хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

Бояд зикр намуд, ки дар ин чорабинӣ дар чеҳраҳои ин кӯдакон ханда танинандоз буда, онҳо бо ҳам рақсу сурудхонӣ менамуданд.
Ҳамчунин, дар хотимаи чорабинии фарҳангӣ барои тамоми тарбиягирандагон шириниҳо тақдим карда шуд.
Тоҷиддин Латипов 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика