Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВКД - субъекти бо коррупсия муборизабаранда

23-юми январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД вохӯрии кормандони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони ин таълимгоҳи тахассусӣ баргузор гардид. 

Вохӯриро нахуст муовини аввали сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. кушода, дар бораи сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия маълумоти мухтасар дод. Сипас, кормандони Агентӣ, капитани адлия Турсунзода Ш. ва полковники адлия Сафарзода Қ. бо маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои вобаста ба муборизаву муқовимат ва пешгирии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта баромадҳо намуда, аз дастовардҳои Агентӣ дар давоми 10 соли фаъолияти он иттилоъ доданд. Кормандони Агентӣ қайд намуданд, ки Вазорати корҳои дохилӣ низ яке аз субъектони муборизабарандаи коррупсия буда, дар ин ҷода корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Дар баромади худ кормандони Агентӣ дар бораи «Стратегияи давлатии муқовмат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020» ҳарф зада, барои пешгирии коррупсия тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.

Дар хотимаи мулоқоти судманд кормандони Агентӣ ба саволҳои омӯзгорон посух гуфтанд.
Б. Асламов, Ш. Убайдуллоев 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика