Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонон созандагони Ватананд!

Имрӯз (30.12.с.2016), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ ҷамъбасти фаъолияти кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» дар давоми соли 2016 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар, мушовири адлияи ҷиноӣ дар Департаменти давлатӣ, Идораи байналмилалии зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҷаноби Джеймз Берг , ҳамоҳангсози лоиҳаи «Ҳамкории милитсия ва ҷомеа» дар Тоҷикистон Манижа Тилавова, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Сейфворлд» (Дунёи бехатар) ва шаҳрвандони алоҳидае, ки бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкории фаъолона доранд, иштирок намуданд.
Сараввал муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба тамоми кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ ва ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» барои ҳамкориҳои судманд дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки саҳми ҷавонон дар ҳамаи самтҳо ва пешгирии ҳукуқвайронкуниҳо назаррас мебошад.

Мавсуф изҳор дошт, ки ҷомеаи ҷаҳониро имрӯз танҳо як мушкилоти ҷиддӣ, ин ҳам бошад шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фаро гирифтааст. Хушбахтона, дар соли 2016 шумораи ҷавонон ба ин гурӯҳҳо кам гардидааст, ки ин натиҷаи ҳамкориҳои самарабахши ҷомеа бо мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон карда шавад.Боиси тазаккур аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар давоми соли 2016 дар якҷоягӣ бо кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» ва аҳли ҷомеа як қатор чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва варзиширо дар сатҳи зарурӣ доир намуда, нақши созгори онҳоро ҳамеша муҳим арзёбӣ мекунад.

Дар ҳақиқат ҷавонони даврони соҳибистиқлол, ҷавонони бонангу номус, бориз, далер ва шуҷои Ватан маҳсуб ёфта, бо корҳои созандагию бунёдкорӣ ном бароварда, доимо дар сафи пеш қарор доранд. Ин иқдоми созанда бояд шиори хамешагии онҳо бошад.Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солеҳзода Искандар дар идомаи суханронӣ аҳли толорро бо фарорасии Соли нави мелодӣ ва «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017 аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ самимона табрику муборакбод намуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар ва зиндагӣ барору комёбихои беназир таманно кард.Сипас, бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ инчунин дар семинару конференсияҳои илмӣ- амалӣ вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ ва амалигардонии лоиҳаи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа» дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020 як қатор кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Пешоҳанг» ва шаҳрвандони алоҳида бо медал, Ифтихорнома, Раҳматнома, тӯҳфаҳои арзишманд ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Аз он ҷумла:
- бо медали Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои ҳамкорӣ»:

 

- Джеймз Берг - мушовири адлияи ҷиноӣ дар Департаменти давлатӣ, Идораи байналмилалии зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии сафоратхонаи Амрико дар Тоҷикистон;

- Муродзода Муҳсин Муқим- донишҷӯи курси 5-уми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон;
- Музаффаров Иззатулло Идибекович- магистранти Донишкадаи идоракунии давлатӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- бо маблағи пулӣ 400 (чорсад) сомонӣ:
- Рақамбекова Наҷиба Шогунбековна - донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон;
- Ғуломова Саёҳат Маҳмадхоновна - донишҷӯи курси 5-уми Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа;
- Табарова Таманно Маҳкамовна - донишҷӯи курси 3-юми Донишкадаи санъат ба номи М.Турсунзода;
- бо «Ифтихорномаи фахрӣ»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-Шарофидинзодаи Исломиддин - донишҷӯи бахши 1-уми факултети технологияи инноватсионии ДТТ ба номи Академик М.Осимӣ;
-Қурбонов Шоҳин Баҳридинович - донишҷӯи бахши 4-уми факултети технологияи инноватсионии ДТТ ба номи Академик М.Осимӣ;
-Бурҳонов Шоҳҳусайн Абдуллоевич - донишҷӯи бахши 2-юми факултети технологияи инноватсионии ДТТ ба номи Академик М.Осимӣ;
-Мусоев Озодбек Бердиназарович - донишҷӯи бахши 1-уми факултети технологияи инноватсионии ДТТ ба номи Академик М.Осимӣ;
-Синои Аслам - донишҷӯи бахши 1-уми факултети технологияи инноватсионии ДТТ ба номи Академик М.Осимӣ;
- бо «Сипоснома»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-Рабиев Давлаталӣ Раҷабалиевич - донишҷӯи курси 4-уми факултаи иқтисодии ДДОТ ба номи С. Айнӣ;
-Ҷурақулов Маҳмасаид Эгамбердиевич - корманди ғайриштатии милитсия;
-Ҳикматов Раҳмоналӣ Толибович - корманди ғайриштатии милитсия ;
-Саидов Сироҷ Эмомович – корманди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон;

-Валиҷони Акаҷон - корманди ғайриштатии милитсия.Ҳамин тариқ, бо фармони Вазири корҳои дохилӣ 126 нафар ҷавонони гурӯҳи «Пешоҳанг», кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиёни ихтиёрӣ ва шаҳрвандони алоҳида қадрдонӣ карда шуданд.
Дар чараёни чорабинӣ муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур оид ба саҳми ҷавонон дар рушду нумӯи кишвар ҳарф зада, қайд кард, ки истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон муқаддастарин неъмат мебошад ва ба ин дастовардҳои бебаҳои кишвар ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бояд шукргузорӣ намояд. Ҷавонони фаъоли Тоҷикистони азизро мебояд дар ин ҷода кӯшиш ба харҷ диҳанд, то Ватани маҳбубамонро дар арсаи байналмилалӣ шуҳратёр гардонанд.
Дар хотимаи чорабинии идона барномаи консертӣ бо иштироки гурӯҳи ҷавонони «Пешоҳанг» ва ансамбли «Сипар»-и ВКД доир гардид, ки фарогири суруду таронаҳои ватандӯстона ва муҳаббат ба модар, Ватан, ёру диёрро дар бар мегирифтанд.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

Qonun

© 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика