Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кори илмӣ дар мавзӯи «Таърихи ташаккул ва фаъолияти милитсия дар Помир”

Диссертатсия дар кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст. Роҳбари илмии тадқиқот доктори илмҳои таърих, профессор, генерал-майори милитсия Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ, оппонентони расмӣ – доктори илмҳои таърих, профессори филиали Донишгоҳи давлатии Россия оид ба сохтмон дар шаҳри Электростал Назаршоев Н.М. ва номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шахри Хоруғ Алимшоев М.М. мебошанд. Донишгоҳи славянии Россияву-Тоҷикистон ба ҳайси муассисаи пешбаранда  баромад кард.

Тадқиқоти илмии Имомёрбеков А. оид ба таърихи милитсия дар Помир дар солҳои 1917-1945 бахшида шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар илми таърихи ватанӣ масъалаҳои таърихи ташаккул ва фаъолияти милитсияи Помир то ҳол баррасӣ нашуда буд ва ба вуҷуди ин, тадқиқоти мазкур барои олимон ва дӯстдорони таърихи ватанӣ аҳамияти бузург дорад.

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Атобек Имомёрбековро барои бомуваффақият ҳимоя намудани диссертатсияи номзадӣ табрик намуда, дар корҳои илмӣ-тадқиқотии минбаъдаашон комёбиҳои беназир таманно менамоянд.

Лилия Каримова


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика