Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи сатҳи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Конференсияи мазкурро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид.

Дар конференсия аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, макотиби олӣ ва ташкилотҳои илмӣ баромадҳои пуртмӯҳтаво анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ майори милитсия Меҳриддин Ғафуров дар мавзўи «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Парвиз Нидоев, номзади илмҳои иқтисодиёт, дотсент мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва гумруки Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, дар мавзӯи «Роҳҳои муосири такмили танзими тарифи гумрукӣ мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон», Искандар Юсупов - сардори кафедраи фанҳои умумии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Сарқонун – ҳидоятномаи миллат», Парфёнов А.А. муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистикаи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, дар мавзўи «Мушкилоти асосии маҳдуднамоии ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди исботнамоӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ», Қадриддин Умедов муаллими кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ-и Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, дар мавзўи «Техникаи юридикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва амалия», майори милитсия Амиршо Тошев – сардори кафедраи ташкили идоракунии факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд», майори милитсия Юсуфзода Акмал Ҳотам – сардори шуъбаи адюнктураи Академияи ВКД дар мавзўи «Нақши Президент дар таъмини волоияти Конститутсия», Лоиқ Ғаюров - донишҷӯи курси сеюми факултаи омӯзгории Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи А.Рудакӣ дар мавзўи «Конститутсия нерӯи боэътимод ва такиягоҳи давлат аст», Умедҷон Изатов донишҷӯи курси панҷуми факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи А.Рудакӣ дар мавзўи «Нақши Конститутсия дар рушди давлати миллӣ, Тоҷикистон» маърўза намуданд.

Қайд гардид, ки Конститутсия маҳсули рушду пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, аз нишонаҳои давлатдорӣ ва сарчашмаи қонун ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мебошад. 

Дар анҷумани илмӣ олимони донишгоҳҳо ва ташкилотҳои илмӣ, намояндагони мақомоти дахлдори ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва мақомоти судӣ, ҳуқуқшиносон, роҳбарон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва кишварҳои узви ИДМ иштирок намудаанд.

Конференсияи мазкур дар сатҳи баланд  баргузор гардида, иштирокчиён фикру мулоҳизаи худро вобаста ба мавзўи конференсия баён доштанд.

Л. Каримова, Х.Солиҳов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика