Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон!!!

Ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд: ариза (гузориш) ба номи сардори Академия бо нишондоди ихтисоси интихобнамуда ва шакли таҳсил; варақаи шахсии довталаб бо ду дона расми 4x6 см; тарҷумаи ҳол; тавсифнома аз ҷойи кор; рӯйхати асарҳои чопшуда ва гузоришҳо оид ба корҳои илмиву тадқиқотӣ (шахсоне, ки асарҳои илмии чопшуда надоранд, аз рӯи ихтисоси интихобкардаашон реферат (бо забони русӣ дар ҳаҷми то 28 саҳифаи чопӣ) пешниҳод менамоянд); нусха аз протоколи ҷаласаи Шӯрои олимон барои шахсоне, ки ба адъюнктура аз тарафи шӯроҳои олимони муассисаҳои таҳсилоти олӣ бевосита пас аз хатми ин муассисаҳо тавсия шудаанд; нусхаи дипломи таҳсилоти олии касбӣ (барои шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои дигарро хатм кардаанд, шаҳодатномаи баробарарзиши ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот); шаҳодатнома дар бораи супоридани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ (агар супорида бошанд); нусха аз дафтарчаи санҷишӣ (ё ин ки замима ба диплом); маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ; нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.

Ҳуҷҷатҳои мазкур бо шиноснома ва дипломи хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби довталабон шахсан пешниҳод карда мешаванд.

Дохилшавандагон аз ихтисос, фалсафа ва забони хориҷӣ (русӣ) дар ҳаҷми доираи барномаҳои амалкунандаи мактаби олӣ ба таври озмун имтиҳони дохилшавӣ месупоранд.

Шахсоне, ки имтиҳонҳои минимумии номзадиро пурра ё қисман супоридаанд, ҳангоми дохилшавӣ ба адъюнктура аз имтињонҳои дахлдори дохилшавӣ озод карда мешаванд.

Ҳуҷҷатҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тайёр карда мешаванд.

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 15 декабри соли 2014

Маълумоти иловагиро оид ба тартиби қабул ва таҳсил дар адъюнктура аз сомонаи интернетии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.avkd.tj) метавонед пайдо кунед ё бевосита ба Шуъбаи адъюнктураи Академия муроҷиат намоед: тел.: 226-60-48; 93-116-14-24 (Юсуфов А.Ҳ.); e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. .


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика