Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ташрифи сардори Академияи ВКД Россия дар шаҳри Волгоград ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

608

Дар доираи муносибати дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамгироии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия рӯзи 18-уми ноябри соли ҷорӣ сардори Академияи ВКД-и Россия дар шаҳри Волгоград, ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Россия, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, генерал-майори политсия Третяков Владимир Иванович бо корманди шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи мазкур Мамыкин Александр бо сафари корӣ ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. 
Чун анъана аз рӯи сунати меҳмоннавозии тоҷикона меҳмонони олиқадрро сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ва дастаи қараули фахрии Академия аз ҳисоби курсантдухтарон бо тантана пешвоз гирифтанд.
Дар доираи робита ва табодули таҷриба байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Россия дар шаҳри Волгоград шартномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ имзо гардид. 
Третяков Владимир Иванович аз бинои Академия ва толорҳои асосии он дидан намуда, изҳор дошт, ки роҳбарияти давлат ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат бо санъати баланди меъморӣ барои таълиму тарбия барои курсантону омȳзгорон шароити замонавӣ муҳайё намудаанд. 
Дар навбати худ сардори Академияи ВКД изҳор намуд, ки сафари кории Шумо ба ифтитоҳи бинои нави яке аз факултетҳои муҳим - «тайёр намудани кадрҳои оперативии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» рост омад, ки рӯзҳои наздик он ба таври расмӣ кушода мегардад.

609610611

Сипас, меҳмонони олиқадр дар конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Кори конференсияро сардори Академияи ВКД бо сухани мақаддимавӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкории муассисаҳои таълимии мо рушд менамояд, ки мо аз ин ифтихор менамоем. 
Сипас, сардори Академияи ВКД Россия дар шаҳри Волгоград Третяков Владимир Иванович дар мавзȳи «Махсусиятҳои омода намудани кадрҳои политсияи Академияи ВКД Россия дар шаҳри Волгоград» маърӯзаи пурмуҳтаво намуда, иброз кард, ки мо аз он ифтихор дорем, ки намояндагони Тоҷикистон дар факултетҳои Академияи мо бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, ҳамчун хатмкунандаи муассисаи таълимии мо барои идомаи хизмат ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бармегарданд. Сол то сол шумораи онҳо зиёд шуда, дар оянда низ мо ҳамкориҳоро тақвият медиҳем. 
Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикимстон ба меҳмони олиқадр барои маърӯзаи пурмуҳтаво изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки Академияи ВКД Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо бо Академияи ВКД Россия дар шаҳри Волгоград омода аст.

612

Дар конференсияи мазкур олимону профессорони Академия дар мавзȳъҳои омода намудани кадрҳои баландихтисос ва раванди ислоҳоти милитсия маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Асламов Б., Убайдуллоев Ш., Сафарова С.




Рӯйдодҳо

  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 24-солаи сокини ....

    19.06.2021 11:11
  • Ошкор шудани ҳолати дуздии чорво

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ашт бо ариза марди 25-солаи сокини ....

    19.06.2021 11:08
  • Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    18.06.2021 11:28
  • Боздошт гардидани марди 48-сола бо гумони кочоқ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди ....

    18.06.2021 11:27
  • Дар СХДО китобхонони беҳтарин муайян гардиданд

    Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ....

    17.06.2021 18:03
  • Ифшо гардидани ҳодисаҳои дуздӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи ....

    17.06.2021 10:34
  • Ошкор шудани ҳолати фиребгарӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 35-солаи сокини ....

    17.06.2021 10:33
  • Мусобиқаи касбии оташнишонӣ

    Рӯзи 16-уми июни соли 2021 дар Варзишгоҳи машқӣ-таълимии Раёсати хадамоти ....

    16.06.2021 18:13
  • Ифшо гардидани ду ҷинояти одамкушӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    16.06.2021 12:17
  • Боздошт гардидани ноболиғи 16-сола бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи ....

    16.06.2021 12:15
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Таваҷҷӯҳ!

    Ба диққати шаҳрвандон ва сокинони пойтахт расонида мешавад, ки санаи ....

    12.06.2021 09:21
  • Эълон!

    Бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан ....

    08.06.2021 17:18
  • Эълон! Ба диққати ҳаводорони гӯштини миллӣ!!!

    Мусобиқаи умумиҷумҳуриявии гӯштини миллӣ бо иқдом ва дастгирии Раиси Маҷлиси ....

    07.05.2021 11:37
  • 

    Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

    Qonun2

    © 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика