Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пешвои мо - бахту саодати мо

239Силоҳ, қудрат ва тавоноиву сармоя ягон арзиш надорад, вақте дар ҷомеа худшиносиву ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҷойгоҳи худро соҳиб нест. Миллатҳоро таърихашон месозад ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди аввалин фурсати сулҳ ба ин ҷабҳа рӯ оварданд. Қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон аз сангарҳои гуногун мегуфтанд: "…садҳо ҳазор тоҷик қурбон мешавад, ду миллион тоҷик ба гуреза табдил меёбад, давлат харобу миллат пароканда мегардад…". Ин "пешгӯии сард" хато набуду ҳақиқати баъзе ҷузъиёти ин пешгӯиро дидем ва эҳтимолияти комил дошт, ки нуқтаи ниҳоӣ - парокандашавии давлат низ ба миён ояд. Он ҳолат барои аксари шоҳидон пӯшида нест. Чанде пештар аз он дида будем, ки аз ғафлати ҳокимони ғофил давлати абарқудрате бо номи Шӯравӣ пароканда шуда буд. Вақте давлате бо ин бузургӣ фано шуд, барои "тарроҳон" пароканда сохтани ҷумҳурии хурде ҳеҷ душворие надошт. Аммо нотавонбинони дохиливу хориҷӣ аз як чиз бехабар буданд ва хато карданд. Онҳо намедонистанд, ки миллати роҳгум дар атрофи як фарзанди бонангу номус ва боҷуръати худ ҷамъ меояд. 

Тақдир ва сарнавишти ҳар давлату миллат бастагӣ ба роҳбарону сарварони онҳо дорад. Яъне, роҳбар, сарвар ва пешво метавонад дар масири таърих сарнавишти давлат, миллат ва халқияти худро муайяну мушаххас намояд, мавқею ҷойгоҳи онро дар ҷаҳони пуртаззод мустаҳкаму пойдор созад ва таъриху тамаддун, арзишҳои моддиву маънавии халқу миллаташро дар умқи сафаҳоти китоби даҳр ҳаккокӣ кунад, ки аз тӯфону ҳаводиси пурфоҷеаи даврон дар амон монда, ҷовидона гарданд. Хушбахтона, Худованди мутаол ба миллати тоҷдору куҳанфарҳанги тоҷик фарзонафарзанд ва абармардеро бо номи Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид, ки тамоми сифатҳои мазкурро дорост.
Пешвои миллат бо хираду дониш, иродаву матонат, дурандешиву мулоҳизакорӣ, ҷасорату далерӣ ва меҳанпарастиву миллатдӯстии худододӣ тавонистанд пояҳои давлатдории сирф тоҷикиро бунёд гузоранд, миллати анқариб маҳвгаштаву ба нобудӣ кашидашударо аз хокистару хун раҳонанд, фарҳангу тамаддуни тоҷиконаро дар минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд, ба бузургтарин дастовардҳо ноил гарданд ва сарнавишти халқи тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунсоз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муайян созанд.
Талошҳову заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат аст, ки мардуми тоҷик ва дигар шаҳрвандони кишвар новобаста ба мансубияти диниву мазҳабӣ ва қавмиву миллиашон зери сояи Пешвои мо - бахту саодати мо сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар ва дар ҳимояи адолати қонунӣ хушу хуррам ва тинҷу осуда зиндагонӣ доранд.
Барои ҳар фарди бонангу номуси Ватан, ба вижа, хизматчиёни давлатӣ боиси ифтихор ва сарафрозист, ки дар маҷрои сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Роҳбари давлат ҷорӣ бошад ва дар ободиву пешрафти Ватан, ҳифзу нигаҳдошт ва муаррифиву омӯзиши арзишҳои беназири моддиву маънавии таъриху фарҳанги тоҷик ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ҳимояи марзу бум ва дину мазҳаб саҳим бошад.
Дар таърихи инсоният мисолҳо дар бораи хизматҳои шоистаи фарзандони ин ё он миллат барои Ватани худ бисёранд. Аён аст, ки чунин шахсиятҳо бо тобоварӣ, обрӯю нуфуз ва хислатҳои мардонаи худ мардумро аз пайи худ бурда, сабабгори инкишофи давлатдорӣ, фарҳангу маданияти миллӣ мегарданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз ҳамин гуна шахсиятҳои бузургу беназири сиёсие мебошанд, ки бо хизмати шоиста дар роҳи давлатсозӣ, густариши фарҳангу тамаддуни халқамон хизматҳои арзанда карда, маҳбуби мардуми диёр ва Пешвои асили миллат гардидаанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон шахсияту фарзанди худфидову ҷасури миллат мебошанд, ки дар муқобили ҳама ҳадафҳои нопок чун як сипари миллат қарор гирифтанду халқро дар атрофи худ сарҷамъ намуданд. Аз дохилу аз хориҷ чӣ мегӯянду намегӯянд, аммо ин шахсият барои ҳазорсолаҳо чун наҷотбахши миллат боқӣ мемонанд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он арзиш шинохта мешавад ва эътироф мегардад, ки заминаи сулҳу ваҳдати миллиро ба вуҷуд оварда буд. Аммо ин иҷлосия нуқтаи аввалину ниҳоии сулҳу ваҳдат ба ҳисоб намерафт. Душманони миллат гумон доштанд, ки ин иҷлосия низ чун иҷлосияҳои пешин танҳо назарфиребист. Ин гумон низ то ҳадде ҳақиқат дошт ва саҳифаҳои таърих гувоҳ аст, ки баъди баргузории он ва як навъ "оши оштӣ" низ ҳаммилатони мо боз ба майдони набардҳо рафтанд. Ин иҷлосия танҳо имконе буд, ки барои наҷоти миллат бо амри тақдир ба миён омада буд. Хушбахтона, ин имконро миллати тоҷик бо роҳнамоиву устувории як нафар истифода бурда тавонист. Ин устувориву шуҷоат аввалин қадами Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ буд.
Бо мақсади рушду инкишофи хоҷагии халқ мунтазам аз ҷониби Роҳбари давлат ғамхориҳои зиёд зоҳир гардида, тамоми кӯшишу ғайрат ва ҳидояти ин абармарди миллат ба иҷрои ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - баровардан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамзамон рушди илмҳои бунёдӣ дар амал татбиқ гардида истодааст. Мардуми мо сарвари худро Президенти мардумӣ ном ниҳоданд, чунки ӯ худ аз байни халқ баромада, ба дарду ғами халқ шарик аст. Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд.
Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт. Паёми нахустини мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд. Мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: "То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам" хуб дар хотир доранд.
Солҳои 1993-1996 муҳоҷирони иҷборӣ, ки бар асари муноқишаҳо дар Афғонистону кишварҳои пасошӯравӣ ба cap мебурданд, пурра ба марзу буми аҷдодӣ баргаштанд. Билохира, 27-уми июни соли 1997 имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон дар шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайваст. Ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Роҳбарияти мухолифини тоҷик ба хотири қатъи оташи ҷанги бародаркуш бо ҳукумат пайваст, барои барқарории харобаҳои ҷанг ва рушду иқтисоди миллат гомҳои боварибахшу устувор гузошта шуд. Бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда, аз империяи бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мероси ночизе гирифт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохт. Эълони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократӣ, дунявӣ ва ягона имкон дод, ки сиёсати дохилию берунии мамлакатро таҳти раҳнамоии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксар кишварҳои абарқудрату нерӯманд қабул кунанд. Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилоти мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Хуб медонанд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷастаю эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ баъди пирӯзӣ дар интихоботи навбатии президентии соли 2013, ҳангоми савгандёдкунӣ, бори дигар иброз доштанд, ки ӯ барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳад кард.
Бале, ӯ яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Миллати мо барҳақ бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медоранд. Баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии Ватан ҷонашонро фидо мекунанд. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошанд. Аз ин ҷост, ки ӯро халқ дӯст медорад ва чун Роҳбари давлат эътироф мекунад. Дар ҳақиқат, ӯ ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест, зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи ӯ сахт марбут аст.
Тӯли зиёда аз бисту ҳашт соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат будани мавсуф кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи ӯст.
Халқе, ки худшиносии миллӣ надорад ва бо гузаштаи худ ифтихоре карда наметавонад, ба партовгоҳе монанд мешавад, ки дар гирди он лошахӯрҳо ҷамъ мешаванд. Хушбахтона, худшиносиҳои миллии мо зери роҳбарии як нафар вусъат меёбад. Миллатҳо гули худрӯ нестанд ва мисоли чашма яку якбора ташаккул намеёбанд. Барои ташаккули як миллат дар ҳама замонҳо ваҳдату худшиносӣ нақши калидӣ дошт. Гиромӣ доштани арзиши таърихии давлати Сомониён алифбои худшиносиҳои фаррохи миллати тоҷик ба ҳисоб мерафт. Таҳкими забону фарҳанги миллӣ як унсури муҳимми давлатсозии миллии мо гашт. Бо забони тоҷикӣ аз баландтарин минбарҳои байналхалқӣ имрӯз муҳимтарин проблемаҳои рӯи сайёра ироа мешаванд, ки гувоҳи яқини давлатдории миллии имрӯзаи мост.
Имрӯз мо ифтихор аз сулҳу оромиву таҳкими давлатдории миллати худ менамоем. Бузургтарин ва эътирофгаштатарин ифтихорҳо ин ифтихори миллист, ки онро имрӯз бояд ҳар як фарди тоҷикзабон соҳиб бошад. Ҳар як миллат гумон мекунад, ки аз дигар миллат беҳтар аст, ки ин омил аввалин қадам дар роҳи ватандӯстист.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ,
рӯзноманигор


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика