Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолият – рамзи худшиносии миллат

494

Рӯзи 5-уми сентябри соли 2019 дар Академияи ВКД, бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва шуъбаи кадрҳо, мизи мудаввар дар мавзӯи «Истиқлолият - рамзи худшиносии миллат», бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори ин санаи тақдирсозу муқаддаси миллиамон табрику таҳният гуфта, ба онҳо сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек таманно намуданд.

495

Бояд қайд намуд, ки дар кори мизи мудаввар, олимону муҳаққиқон, шоирону нависандагон ва намояндагони аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ, аз ҷумла Абдуҷабборов Маъруф Абдуазизович - муовини сардори Раёсати сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Масъалаҳои усулии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир», Ҳақдодов Сафар Маҳмудович - раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, Ҳасанбой Ғоиб - шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дар мавзӯи «Тараннуми Истиқлолият, Ваҳдат ва дӯстӣ», Содиқова Зулфия Назаровна - ҳунарпешаи театр ва кино, директори хонаи кинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар мавзӯи «Театр ва кино дар замони Истиқлолият», суханронии Яковлева Шаҳриниссо - ҳунарпешаи театр ва кино, оҳангсоз, коргардони овоз, Асламов Б.С. - ходими калони илмии ШТИ ва ТН Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Бойзода Ҷ.Ҷ. - сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, полковники милитсия, дар мавзӯи «Ташаккули ғояҳои ватанпарварии ҷавонони даврони Истиқлолият», Муҳаммад С.А. - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, н.и.с., подполковники милитсия, дар мавзӯи «Ифтихори миллӣ», Самиъзода Б.С. – муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, подполковники милитсия, дар мавзӯи «Тафаккури давлатӣ ва рушди истиқлолияти миллӣ», Муродов Фарҳод – курсанти курси дуюми Академияи ВКД, дар мавзӯи «Мо зодаи Истиқлолем» ва дигар меҳмонон ширкат варзида, бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар суханронӣ ва баромадҳои мазкур қайд гардид, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша баҳри пойдорӣ ва бақои чунин неъматҳо кӯшиш ба харҷ додааст. Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар чунин раванди ҷаҳонишавии муносибатҳои ҷамъиятӣ, моро ҳарчи бештар зарурат пеш меояд, ки атрофии андешаҳои давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирди ҳам омада, баҳри нигоҳдошти арзишҳои милливу давлатӣ кӯшиш ба харҷ диҳем.
Сипас, қироати фармонҳои Вазорати корҳои дохилӣ оид ба додани мукофот ва дигар намуди ҳавасмандгардониҳо ба меҳмонон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва умуман кормандони Академияи ВКД сурат гирифтанд.
Дар қисмати дуюми ҷамъомад, дастаи ҳунармандони Академияи ВКД, ки аксаран аз ҳисоби курсантону шунавандагон таъсис дода шудааст, хотири ҳозиринро бо шеъру таронаҳои дилписанд шод намуданд.

496497

Дар суханронии хотимавӣ роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бори дигар миннатдории хешро барои қадршиносии меҳмонон, собиқадорон ва умуман ҳайати кормандону омӯзгорони Академияи ВКД ба шахсан Вазири корҳои дохилӣ расонида, қайд намуданд, ки ҷавобан ба чунин таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ мо ҳайати профессорону омӯзгорони Академия кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки кадрҳои содиқ ва ҷавобгӯи талаботи имрӯзи ҷомеаро дар ин даргоҳи низому маърифат тарбия намоем.
Бахтиёр Самиъзода, Саида Сафарова, Шавкат Убайдуллоев.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика