Қосимов Ф.М., Асламов Б.С., Маҳмадов Х.Ф. Зуҳуроти экстремистӣ ва террористӣ дар байни ҷавонон: пайомад ва роҳҳои пешгирӣ аз он. – Душанбе: Академияи ВКД, 2018. – 140 с.
Дастури таълимӣ-методӣ ба мавзӯи зуҳуроти экстремистӣ ва террористӣ дар байни ҷавонон бахшида шуда, бо истифода аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, муҳтавои Паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи амалии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хело ҷолиб ва оммафаҳм баён гардидааст.
Барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони оперативӣ, дониши курсантону шунавандагон ва омӯзгорони Академияи ВКД ва кормандони амалӣ тавсия карда шудааст.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>