Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муҳоҷират ва терроризм»

300

Бахшида ба 25-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» рӯзи 31-уми октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муҳоҷират ва терроризм: роҳҳои пешгирии шомилшавии муҳоҷирон ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ» баргузор гардид.
Конференсияи илмӣ-амалиро бо сухани муқаддимавӣ муовини сардори Академия, ӯ низ сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни конференсияро аз номи роҳбарияти Вазорат ва Академия ба даргоҳи илм, низом ва маърифат - Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, оиди муҳоҷират ва терроризм суханронӣ намуд.
Баъдан, меҳмони даъватшудаи конференсия ваколатдори калони оперативии шӯъбачаи пешгирӣ ва ошкоркунии ҷиноятҳои хусусияти терористидоштаи Шуъбаи минтақавии мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, майори милитсия Ғаффорзода Ш.Ғ. дар мавзӯи «Муҳоҷират ва терроризм» ва муовини сардори Шуъбаи мазкур, подполковники милитсия Муҳиддинов Д. дар мавзӯи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои терористӣ» баромад намуда, қайд карданд, ки имрӯз терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризму экстремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллӣ шуморида, ҳадафи асосии сиёсии худро баҳри несту нобуд сохтани чунин падидаҳои номатлуб ва пешгири намудани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта равона кардааст. Бинобар ҳамин роҳбарияти кишвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ ба масъалаи шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир таъқид намудаанд, ки «Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ мегардад.

301302

Равандҳои муосири сайёра ва вазъи минтақа ҳушдор медиҳанд, ки мо ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем».
Баъдан бо маърӯза муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ғафуров М.С. дар мавзӯи «Ҷиноятҳои хуссусияти терористидошта, омил ва роҳҳои пешгирии онҳо» баромад намуда, қайд кард, ки аслан дар замони муосир терроризм ноком аст, яъне террористон ба мақсадҳои сиёсии худ ноил намегарданд, лекин новобаста ба ин хуни ноҳақ мерезанд, одамони бегуноҳ ҳалок мешаванд, ҷароҳат мебардоранд, ҷабр мебинанд.
Зимни суханронии хотимавӣ сардори кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, полковники милитсия Абдулатипов У.Ҳ., дар мавзӯи «Решаҳои гносеологии экстремизм» баромад намуда, иброз дошт, ки ифротгароӣ бештар хусусияти сиёсӣ дошта, баҳри расидан ба мақсадҳои муайян бештар ба зӯроварӣ майл дорад. Фаъолияти моҷароҷӯён асосан барои бунёди давлати исломӣ ва ба сари ҳокимият омадани «мусалмонони пок»-ро тақозо мекунад. Қувваи ҳаракатдиҳандаи ҳаракати ифротгароёнро махсусан донишҷӯён, коргарон, савдогарони хурд, муҳандисон, духтурон ташкил медиҳанд. Вале, қувваи асосӣ барои онҳо ҷавонон мебошанд. Дар асоси таҳқиқотҳо маълум гардидааст, ки заминаҳои ҳаракати ифротгароӣ дар раванди таърихи солҳои наздик тарҳрезӣ шудаанд.
Ҳамин тавр, омӯзиш ва таҳлили ҷинояти терроризм дар ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб душвор ва тулонӣ буда, фаъолияти дастаҷамъонаи субъектони зиддитеррористӣ, таҳияи барномаи созанда ва мусбат, ки ҳадафи он пеш аз ҳама аз байн бурдани сабабҳои асосии пайдоиши терроризм мебошад, бо ворид намудани қувваю воситаҳои иловагӣ ва бо истифодаи усулҳои пешқадам амалинамоии чорабиниҳои муштараки мувофиқа кардашударо талаб мекунад.
Абдуллозода Н.Р., сардори кафедраи ФОҶ МКД, полковники милитсия.




Рӯйдодҳо

  • Бо корд захми намудани марди 26-сола аз сабаби муноқишаи ба ....

    Рӯзи 5-уми июни соли 2020, тахминан соати 9:00, марди 26-солаи ....

    06.06.2020 10:19
  • Ошкор шудани дуздии якчанд намуд телефонҳои гуногунтамға

    Ба ШВКД-1 двр шаҳри Исфара бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    06.06.2020 10:16
  • Вазифаи мо хизмат ба мардум аст.

    Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини суботу оромӣ, ....

    06.06.2020 08:12
  • Дар заминаи ҷангу ҷанҷол бо корд захми намудани падар аз ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 63-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:15
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:14
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳристон

    Рӯзи 4-уми июни соли 2020, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    05.06.2020 09:13
  • Барқарор намудани дарахти ороишӣ аз ҷониби ронанда баъд аз садамаи ....

    Ободиву созандагӣ мақсаду мароми давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. ....

    04.06.2020 11:34
  • Ошкор шудани дуздии блоки системавӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ....

    04.06.2020 10:00
  • Дар амри ватандорӣ ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ

    Дар ҷавоб ба муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    03.06.2020 09:25
  • Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад!

      Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро ....

    03.06.2020 09:21
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика