Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Милитсия: саҳифаҳои таъсис ва оғози фаъолият

 «Махсусан таъкид карданиям, ки аз масъулияту шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои фаъолияти судманди ин мақомот аз бисёр ҷиҳат инкишофу пойдории давлати имрӯзаи тоҷикон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва озоду ягона вобаста аст».

Эмомалӣ Раҳмон

Милитсияи тоҷик дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати милитсияи Шӯравӣ фаъолият намуда, то замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ҳамчун милитсияи Шӯравӣ муаррифӣ карда мешуд. Фаъолияти милитсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаригашта хусусиятҳои ба худ хосро касб намуда, марҳила ба марҳила инкишоф меёфт. Паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти милитсияи тоҷик дар асарҳои доктори илми таърих, генерал-майори милитсия Розиқзода А.Ш. «Таърихи ташаккул ва фаъолияти милитсияи Тоҷикистон», доктори илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Назаров Н.Ҷ. «Милитсияи Тоҷикистон дар шароити истиқлолият ( 1991-2009)», номзади илми таърих, полковники мустаъфӣ Абдулов А.М. «Асосҳои ҳуқуқӣ ва амалияи низоми пенитенсиарии Тоҷикистон дар нимаи дуюми асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ» ба таври васеъ дарҷ гардидаанд. Вале, мақсади муаллифон аз кушодани саҳифаҳои аввали таъсисёбии милитсия мебошад, ки чӣ гуна сурат гирифтааст?
Инқилоби федералии буржуазӣ-демократии соли 1917 дар кишвари Россия сохти мутлақиятро барҳам зада бошад ҳам, ҳанӯз гурӯҳҳои манфиатдоре мавҷуд буданд ва мехостанд, ки сулолаи Романовҳоро дастгирӣ намоянд, алалхусус дар ин шароити мураккаб политсияи Ҳукумати подшоҳӣ ба ҳар роҳ мехост, ки мутлақиятро нигоҳ дорад, аммо таърих дигар ба сохти кӯҳна созгор набуд ва дар натиҷаи ғалабаи Инқилоби февралии буржуазӣ-демократӣ мутлақият аз байн рафт. Дар ин шароити таърихӣ нерӯҳои англис, франсавӣ бо русҳои тарафдори Шоҳ Николаи 2 забон як карда мехостанд, ки сохти дастгоҳи давлатии кӯҳна аз қабили политсия, артиш ва амалдоронро нигоҳ доранд.
Ҳукумати муваққатӣ, ки аз тазоҳуротҳои инқилобӣ тарс дошт 6 марти соли 1917 Қарор дар бораи барҳам додани корпуси жандармҳо, 10 марти соли 1917 бошад Қарори барҳам додани департаменти политсияро қабул намуд. Политсия ба милитсияи халқӣ табдил дода шуд, ки роҳбаронаш интихобӣ буда, ба мақомоти идоракунии маҳаллӣ тобеъ буданд. Дар ҷобаҷогузории кадрҳо аз сабаби нарасидани кадрҳои босавод ва ботаҷриба, 15 марти соли 1917 Ҳукумати муваққатӣ дар бораи ба кор қабул намудани кадрҳои сазовор аз ҳисоби политсия ва корпуси жандармерӣ қарор қабул намуд.
Асосҳои ҳуқуқии ташкили милитсияи Ҳукумати муваққатӣ бо қарор «Дар бораи таъсиси милитсия» ва Низомномаи муваққатии милитсия 17 апрели соли 1917 тасдиқ карда шуд. Сентябри соли 1917 ба милитсияи шаҳри Петроград фармон дода шуда буд, ки В.И.Ленинро кофтуков намуда, ба ҳабс гиранд.
Болшевикон аз ин норозигӣ баён намуда, мехостанд, ки дар милитсияи Ҳукумати муваққатӣ мавқеи бештар дошта бошанд ва шаклҳои гуногуни милитсияи пролетариро созмон диҳанд. Санаи 1 майи соли 1917 дар губернияи Нижегород қарори махсус қабул гардид, ки Шӯрои депутатҳо дар деҳот милитсияро таъсис дода, барои ба кор қабул намудани кормандони пештараи политсия имконият надиҳанд.
Ба қатори милитсияи Ҳукумати муваққатӣ ворид шудани тарафдорони Инқилоб бисёр буданд, яке аз онҳо сардори милитсияи Гелсингфорс сотсиал-демократи финнӣ Густов Семенович Ровно буд, ки дар хонаи истиқоматиаш В.И.Ленинро баъд аз Разлив пинҳон карда буд. Ӯ алоқаи Ленинро ба Петроград ва Кумитаи марказии ҳизб доимо нигоҳ медошт.
Дар шаҳри Уфа охири апрели соли 1917 муовини сардори милитсияи шаҳрӣ П.И.Звенсов таин шуд, ки аз соли 1908 аъзои ҳизби болшевикӣ буд. Дар шаҳри Минск М.В.Фрунзе бо фамилияи Михайлов 4 марти соли 1917 бо фармони коменданти Минск сардори «Милитсияи Умумироссиягии Иттифоқи Земский оид ба тартиботи ҷамъиятии шаҳр» таъин гашт. Бо роҳбарии вай политсияи пештара беяроқ гардонида шуда, раёсати жандермерия барҳам дода шуда, раёсат ва участкаҳои милитсия таъсис дода шуданд. Милитсияи шаҳрии Минск ба ҳимояи меҳнаткашон гузашт ва зидди ҷиноятҳои иқтисодӣ мубориза оғоз кард.
Аввалин консепсияи ташкили милитсия моҳи марти соли 1917 дар асари Ленин «Мактубҳо аз дур» чунин дарҷ гардид: «Милитсия воқеан ҳам бояд халқӣ бошад, ба мардум хизмат намояд, аз ҳисоби калонсолони ҳарду ҷинс таъсис дода шуда, дар худ функсияҳои милитсияи халқӣ ва функсияи политсияро муттаҳид намуда, ба мақомоти асосии тартиботи давлатӣ ва идоракунии давлатӣ табдил дода шавад».
Масъалаи ташкили милитсия ба ӯҳдаи худи коргарон вогузор карда шуд, ки ба Шӯрои депутатҳои коргарон ва аскарон тобеъ карда шуд. Минбаъд милитсия набояд хусусияти назариявӣ, балки амалӣ дошта бошад. 100 корманди милитсия барои 1000 коргар созмон дода шуд, ки онро милитсияи коргарӣ номиданд. Милитсия ҳам корхонаҳои саноатӣ ва ҳам тартиботи ҷамъиятиро назорат мебурд. Дар шаҳр асосан ба намудҳои гуногуни ҷинояткорӣ, махсусан бо ғоратгарону дуздҳо мубориза мебурд. Кормандони милитсия саводи касбӣ надоштанд, аз ин лиҳоз дар кушодани ҷиноятҳо ба душвориҳо рӯ ба рӯ мешуданд. Дар деҳот бошад дастаҳҳои мусаллаҳи милитсия таъсис дода шуданд.
Милитсияи Ҳукумати муваққатӣ баъд аз ғалабаи Инқилоби Октябр 25 октябри (7 ноябр) соли 1917 барҳам дода шуд. Барҳам хурдани дастгоҳҳои милитсияи Ҳукумати муваққатӣ хусусиятҳои ба худ хосро дошт. Дастгоҳи марказии он баъди Инқилоби октябр ба дасти Шӯроҳҳо (Советҳо) гузошт. Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати корҳои милитсия 2 декабри соли 1917 барҳам дода шуда, Комитетҳои ҳарбӣ - Инқилобӣ таъсис дода шуданд. Дар Петроград вазифаи комиссари милитсия барҳам дода шуда, Шӯроҳо комиссияи ҳифзи тартиботи Инқилобиро таъсис доданд. Бо ширкати Ф.Э.Дзержинский комиссияи махсуси аз навташкилкунии ҳифзи шаҳр созмон дода шуда, милитсияи кӯҳна барҳам дода шуд ва ба ҷои он милитсияи нав бунёд гашт. 14- январи соли 1918 Шӯрои депутатҳои Невижа қарор қабул кард, ки Гвардияи сурх метавонад, милитсияро ҳифз намояд.
Ба ҳайати Совети комиссарони халқӣ, Комиссариати корҳои дохилӣ (ККД-НКВД) ворид буд, ки вазифаҳои сохтмони Шӯроҳоро дар ҷойҳо ва ташкили ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро ба ӯҳда дошт. Аввалин Комиссари корҳои дохилӣ Г.И. Петровский таъин карда шуда, ба Шӯрои мушовара (Коллегия) Ф.Э.Дзержинский, М.С.Уритский ва дигарон дохил буданд. 28 октябр (10- ноябр) соли 1917 Комиссариати корҳои дохилӣ қарор «Дар бораи таъсиси милитсияи коргарӣ»-ро қабул намуд. Дар қарори мазкур гуфта мешуд:
1.Ҳамаи Шӯроҳои депутатҳои коргарон ва аскарон, милитсияи коргариро тасдиқ менамоянд.
2.Милитсияи коргарӣ мутлақо ба Шӯрои депутатҳои коргарӣ ва аскарон тобеъ мебошад.
3.Ҳокимияти ҳарбӣ ва гражданӣ ӯҳдадоранд, ки ба милитсияи яроқноки коргарӣ мусоидат намоянд ва бо таҷҳизоти техникӣ ва яроқ онро таъмин намоянд.
4.Қонуни мазкур ба воситаи телеграф равон карда шуда, ба ҳукми амал медарояд.
Дар давраи оғози фаъолияти Комиссариати корҳои дохилӣ Г.И.Петровский корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Раиси КФУ (Комиссияи фавқуллодаи умумироссиягӣ–ВЧК) Ф.Э.Дзержинский ва Г.И.Петровский, ки аъзои ҳайати Мушовараи (Коллегия) ККД (Комиссарияти корҳои дохилӣ–НКВД) буданд, мунтазам фаъолияти худро ҳамоҳанг месохтанд.
Баъди танҳо 5 моҳи фаъолияти ККД (НКВД) моҳи марти соли 1918 бо пешниҳоди комиссари корҳои дохилӣ Г.И.Петровский масъалаи ташкили воҳидҳои хизматии милитсия гузошта шуд. 21 марти соли 1918 дар маҷлиси Шӯрои комиссарони халқ масъалаи пешниҳоди Низомномаи милитсияи оммавӣ, ҳамчун мақомоти коргару деҳқон, ки ҳимоятгари ҳуқуқ ба манфиатҳои меҳнаткашон мебошад, гузошта шуд. 10-уми майи соли 1918 ҷаласаи Мушовараи ККД (НКВД) чунин қарор қабул намуд: «Милитсия ҳамчун воҳиди доимии шахсоне мебошад, ки функсияҳои махсусро иҷро менамояд, ташкили милитсия бояд новобаста аз ташкили Артиши Сурх гузаронида шуда, вазифаҳои онҳо ба таврӣ қатъӣ ҷудо карда шаванд». Рӯзи 5 июни соли 1918 дар Ахбори ККД (НКВД) Низомномаи муҳофизи халқии коргару деҳқон (милитсия) чоп шуд, ки дар он аз ҷумла омада буд: «Барои ҳифзи тартиботи инқилобӣ муҳофизи халқии коргару деҳқон (милитсия) дар асоси бахшҳои доимоамалкунанда тасдиқ карда шавад».
Ташкили милитсия аз кори ҳарбӣ комилан фарқ карда, ҷудо карда шуда, ба Низомнома мувофиқ гардонида шуд. Рӯзи 12 октябри соли 1918 ККД (Комиссариати корҳои дохилӣ–НКВД) ва Комиссариати халқии мудофиа Дастурамали ташкили милитсияи коргару деҳқонро тасдиқ намуданд. Ҳамин тавр дар лаҳзаҳои душвори таърихӣ мақомоти милитсия таъсис ёфт.
Баъд аз Ғалабаи Инқилоби халқии Бухоро (2 сентябри соли 1920), ба ақидаи профессор Розиқзода А.Ш. рӯзи 10-уми октябри соли 1920 ба Нозироти корҳои дохилӣ ӯҳдадориҳои ташкил ва идораи милитсия гузошта шуд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои тӯлонӣ ва заҳматталаби собиқ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми таърих, генерал-майори милитсия Розиқзода А.Ш., чашмандозӣ ба бойгониҳои шаҳрҳои Душанбе, Тошканд, Москва собит намуданд, ки калимаи милитсия дар ҳуҷҷатҳои бойгонӣ аз соли 1916 ин ҷониб дар қисмати шимолии Тоҷикистон ба назар мерасанд. Барпо шудани Ҳокимияти Шуравӣ дар қисмати шимолии Тоҷикистон аз ноябр-декабри соли 1917 оғоз ёфт. Дар ин солҳо дастаҳои аввалини милитсия дар шаҳрҳои Хуҷанд, Ӯротеппа алакай таъсис ёфта, амал мекарданд.
Соли 2012 бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» нисбати Рӯзи милитсия тағйирот ворид карда шуда, санаи 6-уми феврал ба 10-уми ноябр гузаронида шуда, ба қавли профессор Розиқзода А.Ш. «Иштибоҳ бартараф шуд».
Асламов Б.С., Самиҳов Б.С.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика