Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 7 декабри соли 2018 бахшида ба 70-умин солгарди рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар баргузории I-умин Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалиро дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ» баргузор намояд.

Дар кори конференсияи мазкур олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд, адвокатура, роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин намояндагони давлатҳои аъзои ИДМ ва дигар давлатҳои хориҷии дуру наздик, ки ба нақшаи мавзӯи конференсия ҳавасманданд, метавонанд иштирок намоянд.
Дар конференсия муҳокимаи ҳолати муосири қонунгузорӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва амалияи тадбиқи он ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар кори конференсия мавзӯъҳои зерин баррасӣ мегарданд:
– нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар ҳимояи ҳуқуқи инсон;
– ҳолати муосири сиёсати давлативу ҷаҳонӣ дар самти ҳимоя ва таъмини ҳуқуқи инсон: таҳлили ҳуқуқӣ-муқоисавӣ;
– механизми ҳимояи ҳуқуқи инсон: проблемаҳо ва дурнамои он;
– ҳимояи категорияи алоҳидаи ҳуқуқи инсон: ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, занон, кӯдакон, маъюбон, гурезагон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғ.
– нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини ҳуқуқи инсон: таҳлили муқоисавӣ;
– ҳуқуқи инсон дар фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, мурофиавӣ-ҷиноятӣ ва маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ;
– нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар таъмини ҳуқуқи инсон: таҳлили муқоисавӣ;
– нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳимояи ҳуқуқи инсон;
– таҳдидҳои замони муосир ва ҳуқуқи инсон дар асри ХХI;
– проблемаҳои муҳими ҳуқуқи байналмилалӣ инсондӯстона.
Иштироки бевосита ва ё ғоибона дар кори конференсия имконпазир аст. Хароҷоти роҳ, истиқомат ва хӯрду хӯрок аз ҳисоби худи иштироккунанда ё ҷониби равонкунанда мебошад. Даъвати иштирокчиён баъд аз қабули дархост ва баррасии фишурда (тезис) ё мақола ба роҳ монда мешавад.
Забони кори конференсия – тоҷикӣ ва русӣ.
Баромад ва мақолаҳоро метавонед бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоед.
Барои иштирок дар кори конференсия то 24 ноябри соли 2018 дархост (замимаи 1) ва шакли электронии фишурда (тезис) ва мақола (замимаи 2) қабул карда мешаванд.
Дархосте, ки баъд аз 24 ноябри соли 2018 ирсол карда мешавад, баррасӣ намегардад.
Баъд аз анҷоми кори конференсия омода намудани маҷмӯаи маводи конференсия, ба нақша гирифта шудааст.
Суроғаи электронӣ барои ирсоли мавод: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. .
Оид ба дигар масъалаҳои вобаста ба кори конференсия метавонед тавассути телефонӣ: + (992 37) 226-28-92; 226-28-57; факс: + (992 37) 226-60-43; + (992) 939-92-69-23 дар тамос бошед.
Шахси масъул: Мансурзода Амиршоҳ Мансур.

Иштироки Шуморо дар кори конференсия таманно дорем!

Кумитаи тадорукот

Замимаи 1

ДАРХОСТ
барои иштирок дар I-умин Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ» бахшида ба 70-умин солгарди рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар

1.

Ном, насаб ва номи падар (пурра)

 

2.

Ҷои кор, вазифа

 

3.

Дараҷа ва унвони илмӣ

 

4.

Номи мавзӯъ

 

5.

Шакли иштирок (бевосита/ғоибона)

 

7.

Суроғаи электронӣ ва рақами телефон

 

 


Замимаи 2

ТАЛАБОТ БАРОИ ПЕШНИҲОДИ МАВОД

 

1. Мақола ва ё фишурда (тезис) ба кафедраи “Фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ” ва ё “Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар намуди чопӣ ва ё ин ки электронӣ пешниҳод карда мешавад.


2. Ба мақола/фишурда (тезис) бояд маълумот дар бораи муаллиф(он) бо ишораи ному насаб, ҷойи кор (номи ташкилот), вазифаи ишғолкарда, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, рақами телефон ва суроғаи электронӣ замима шаванд.
3. Шакли электронии мақола дар намуди файли MS Word дар андозаи *. doc бояд мутобиқат кунад.
4. Файл бояд дорои ному насаби муаллиф (-он) бошад, мисол: Раҷабов Н. doc, Раҷабов-Собиров. Doc
5. Ҳаҷми мақола бояд на кам аз 5 ва на зиёда аз 20 саҳифа (барои докторон ва номзадҳои илм) ва на зиёда аз 12 саҳифа (барои докторантон, унвонҷӯён ва адъюнктон) бошад.
6. Ҳаҷми фишурда (тезис) бояд на кам аз 5 саҳифа бошад.
7. Мақола бояд бо ҳарфҳои муқаррарӣ, дар шакли электронӣ бо гарнитураҳои Times New Roman Tj, Times New Roman бо фосилаи байнисатрии ягона (одинарный) ҳуруфчинӣ шуда бошад. Фосилаи сархат бояд якхела ва баробар ба 1,25 см. бошад.
8. Андозаи ҳуруфи асосӣ бояд ба 14 баробар бошад.
9. Рақамгузории иқтибосҳо ба адабиёт бо рақамҳои арабӣ дар қавсҳои мураббаъ оварда мешаванд, масалан: «Ҳамчунонки аз ҷониби К.Ҳ.Солиев ишора гардидааст [2, с.34-40], чунин самара ҳангоме зоҳир мегардад, ки…».
10. Рӯйхати адабиёти истифодашудае, ки муаллиф ба он такя мекунад, дар охири мақола оварда мешавад. Поварақ (ҳам дар зери ҳар саҳифа ва ҳам дар охири ҳар мақола) иҷозат дода намешавад.
11. Дар дохилӣ матн истифода бурдани рақам ва ё аломатгузории автоматӣ манъ мебошад.
12. Варақҳо саҳифабандӣ карда намешаванд.
13. Барои мазмуни фишурда (тезис) ва мақола, инчунин саҳеҳ будани маълумоти дарҷгардида, ҳиссаи матни (плагиат) муаллифонашон масъул мебошанд.
14. Мақолаҳо ба суроғаи 734012, ш.Душанбе, кӯчаи М.Мастонгулов, 3, тел: +(992) 226-28-92 ирсол карда мешаванд.
15. Суроғаи интернетӣ E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.


НАМУНА БАРОИ ТАРТИБ ДОДАНИ МАҚОЛА

КОНСТИТУЦИОННО-ПРАВОВОЕ РЕГУЛИРОВАНИЕ СТАТУСА ИНОСТРАННЫХ ГРАЖДАН В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН

 

Муминов Улугбек Каримович - адъюнкт кафедры государственно-правовых дисциплин Академии управления МВД Российской Федерации, майор милиции. Тел.: (+992) 918 23 33-33

E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. "> Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 

         Индикатором приобретения Республикой Таджикистан статуса правового демократического государства является реально ценностное отношение государства к человеку, его правам и свободам с учетом специфики различных групп и категорий граждан, среди которых особое положение занимают иностранные граждане [9, С.22].

         Основы правового положения иностранных граждан определены в ч. 2 ст. 16 Конституции Республики Таджикистан: «Иностранные граждане и лица без гражданства пользуются провозглашенными правами и свободами и имеют равные с гражданами Таджикистана обязанности и ответственность, за исключением случаев, предусмотренных законом» [1].

 

 

Список литературы

1.  Конституция Республики Таджикистан от 6 ноября 1994 г. (с изменениями и дополнениями от 26 сентября 1999, 22 июня 2003 и 22 мая 2016 гг.) // Электронный ресурс: http://base.mmk.tj/ (дата обращения 26.11.2017)

2.  Всеобщая декларация прав человека 1948 г. //http://www.mmk.tj/ (дата обращения 11.01.2018)

3.  Международный пакт о гражданских и политических правах Принят резолюцией 2200 А (XXI) Генеральной Ассамблеи от 16 декабря 1966 года. Вступил в силу 23 марта 1976 года // http://www.mmk.tj/ (дата обращения 11.01.2018)

4.  Декларация о правах человека в отношении лиц, не являющихся гражданами страны, в которой они проживают 1985 г. // Действующее собрание международного права. – М.: Московский независимый институт международного права, 1996. – Т. 1. – С. 255–259.

5.  Закон Республики Таджикистан «О правовом статусе иностранных граждан и лиц без гражданства в Республике Таджикистан» от 2 январи 2018 года № 1471 // Электронный ресурс: http://base.mmk.tj/ (дата обращения 26.01.2018)

6.  Федеральный закон от 25 июля 2002 г. N 115-ФЗ «О правовом положении иностранных граждан в Российской Федерации» // http://ivo.garant.ru/#/ (дата обращения 17.01.2018)

7.  Авакьян С. А. Россия: гражданство, иностранцы, внешняя миграция / С. А. Авакьян. – СПб., 2003. – 643 с.

8.  Галушкин А.А., Каса И. Актуальные вопросы правового положения иностранных граждан в Российской Федерации. Вестник РУДН. Серия Юридических наук, 2013, №4. - С.126

9.  Имомов А.И. Возникновение законодательства Таджикистана о гражданстве и его развитие. Законодательство Издательство: Государственное учреждение «Национальный центр законодательства при Президенте Республики Таджикистан». №2 (22). - С.22.




Рӯйдодҳо

  • Дар заминаи ҷангу ҷанҷол бо корд захми намудани падар аз ....

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 63-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:15
  • Ошкор шудани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 37-солаи сокини ....

    05.06.2020 09:14
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Шаҳристон

    Рӯзи 4-уми июни соли 2020, тахминан соати 14:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    05.06.2020 09:13
  • Барқарор намудани дарахти ороишӣ аз ҷониби ронанда баъд аз садамаи ....

    Ободиву созандагӣ мақсаду мароми давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. ....

    04.06.2020 11:34
  • Ошкор шудани дуздии блоки системавӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ....

    04.06.2020 10:00
  • Дар амри ватандорӣ ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ

    Дар ҷавоб ба муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    03.06.2020 09:25
  • Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад!

      Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро ....

    03.06.2020 09:21
  • Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ....

    03.06.2020 08:59
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Рудаки

    Санаи 1-уми июни соли 2020, тахминан соати 23:40 дақиқа, ронандаи ....

    03.06.2020 08:58
  • Ҷавоб ба хабарнигорон оид ба қазияи Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло ....

    Муроҷиати хабарнигор Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло Ғурбатӣ), ки рӯзи 29-уми ....

    02.06.2020 23:23
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика