Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Курсантон дар Осорхонаи ВКД

Бо ташаббуси роҳбарияти Академияи ВКД, рӯзи 22-юми ноябр курсантони курси чоруми факултети №2-и ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз Осорхонаи ВКД дидан намуда, бо дирӯзу имрӯзи фаъолияти ҷузъу томҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон шинос шуданд.
Ба ин монанд, чанд рӯзе пеш низ курсантони курсҳои 2 ва 3-и факултети номбурда аз ин макони таърихӣ дидан намуда буданд. Ҷавонон дар ин макони фарҳангӣ бо давраҳои ташаккулёбии милитсияи тоҷик шинос шуданд. Ҳамзамон, онҳо аз гӯшаҳои гуногуни осорхона, ки баёнгари рушду инкишофи ҷузъу томҳои мухталифи ин мақомоти бонуфуз мебошанд, дидан намуда, бо дастовардҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз наздик шинос шуданд.
Ёдрас менамоем, ки ҳар як хадамоту раёсатҳо ва ҷузъу томҳои ВКД, аз ҷумла Академияи ВКД низ дар ин осорхона гӯшаҳои худро доранд, ки инъикоскунандаи дирӯзу имрӯзи фаъолияти онҳоро дар бар мегиранд.

Курсантон аз тамошои ин макони таърихӣ таассуроти зиёд бардошта, барои ташкил намудани чунин чорабиниҳои фарҳангиву омӯзишӣ ба роҳбарияти ВКД ва Академияи он изҳори сипос намуданд.
У. ОЛИМ,
Ш. УБАЙДУЛЛОЕВ




Рӯйдодҳо

  • Робита ва ҳамкории кормандони милитсия бо ҷавонону донишҷӯён

    Робитаву ҳамкории мақомоти милитсия бо донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ баҳри ....

    19.02.2020 11:19
  • Машқи оташнишонӣ дар анбори нафт

    Роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба таъмини вазъи бехатарӣ ....

    19.02.2020 11:10
  • Мусобиқаи вазнбардорӣ дар байни оташнишонон

    Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 18-уми ....

    19.02.2020 11:05
  • Ошкор шудани дуздии чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 21-солаи сокини ....

    19.02.2020 11:00
  • Бо роҳи ошкоро тасарруф намудани телефони мобилӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 35-солаи сокини ....

    18.02.2020 11:31
  • Ошкор шудани дуздии 8-адад телевизор

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 30-солаи шаҳрванди ....

    18.02.2020 11:29
  • Ҷавонони фаъол қадрдонӣ гардиданд

    Рӯзи 17-уми феврали соли 2020 дар шаҳри Левакант вохӯрии кормандони ....

    17.02.2020 17:03
  • Хуҷа Каримов дастгир гардид

    Шаҳрванд Каримов Худжа Рахимович (Хуҷа-командир) санаи 1-уми октябри соли 1960 ....

    17.02.2020 16:49
  • Иди Артиши миллӣ муборак!

    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳакам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд ....

    17.02.2020 10:41
  • Дуздии маблағ бо роҳи шикастани шишаи тиреза

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 27-солаи ....

    17.02.2020 10:26
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • 17.02.2020 12:55
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    05.02.2020 14:16
  • Эълон! Занону духтарони дӯзанда ба кор ҷалб карда мешаванд!

    Рӯзи 22-юми ноябри соли 2019 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    28.11.2019 11:53
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика