Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Мушовири Сарвазири Покистон оид ба барқарор намудани ҳамкории Академияи ВКД Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии ҳарбии Покистон изҳори ақида кард

Рӯзи 29-уми сентябри соли 2017, дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Носир Хон Ҷанҷуа ва ҳайати ҳамроҳон бо курсантон ва шунавандагони муассисаҳои олии ҳарбии Тоҷикистон баргузор гардид.
Носир Хон Ҷанҷуа ва ҳамроҳони ӯро дар саҳни ҳавлии Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳайати роҳбарикунанда, профессорон ва устодони ин муассисаи олии ҳарбӣ бо меҳмоннавозии хосаи тоҷикона пешвоз гирифта, меҳмононро бо шароити таҳсил ва тартиботи таълиму тарбия аз наздик шинос намуданд.

Мавриди зикр аст, ки бинои муҳташами Академияи ВКД ҶТ моҳи августи соли равон бо ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтааст. Бинои таълимии Академияи мазкур аз 8 ошёна барои 1680 нафар курсант, китобхона, ду толори хониш, китобхонаи электронӣ, толорҳои лексионии гурӯҳӣ бо 245 ҷойи нишаст, толори маҷлисгузаронӣ барои 433 ҷойи нишаст, 90 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, синфхонаҳои махсуси криминалистӣ ва синфхонаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, утоқи машваратии олимон ва 13 синфхонаи компютерӣ дар ҳар ошёна иборат буда, дар ҳудуди Академия барои 800 нафар курсантҳо ду хобгоҳ ва барои афсарон бинои истиқоматии 6-ошёнаи 48-ҳуҷрадор, инчунин толорҳои гуногуни варзишӣ сохта шудаанд.
Ба меҳмонони хориҷӣ гӯшаи Парчами давлатӣ нишон дода шуд, ки дар назди он ба нишони эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва рамзҳои миллӣ навбатдории шабонарӯзӣ ҷорӣ карда шудааст.
Зимни боздиди шуъбаи таълимии Академия ба меҳмони хориҷӣ толори китобҳои нашршудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд. Тавре устодони Академия зикр карданд, онҳо ҳангоми таълиму тарбияи курсантон аз осори Президенти Тоҷикистон ҳамчун китоби дарсӣ ба таври фаровон истифода мебаранд.
Носир Хон Ҷанҷуа, мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон баъд аз шиносоӣ бо шуъбаи таълим ва китобхона дар китоби фахрии Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мулоҳизаҳои худро дарҷ карда, таассуроти худро навишта, имзо гузошт.

Меҳмонон ҳамчунин ба синфхонаи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, ки дар он ҷо курсантон дарс мехонданд, ворид шуда, бо ҷараёни таълим шинос шуданд. Зикр карда шуд, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар Академияи ВКД факултаи «тайёр намудани кадрҳои оперативӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шудааст ва Вазири корҳои дохилӣ дар ин факулта ба сифати омӯзгор ба курсантон маҳорати фавриро меомӯзонад.
Баъди шиносоӣ бо Академияи ВКД ҶТ мушовири Сарвазири Покистон Носир Хон Ҷанҷуа ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилаи Академияи ВКД Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии ҳарбии Покистон изҳори назар кард.
Сипас дар маҷлисгоҳи Академия оид ба масъалаҳои таъмини амнияти миллӣ, хатарҳои замони муосир ва дигар мавзӯъҳои дахлдор мулоқоти курсантон ва шунавандагон аз муассисаҳои олии таълимии Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Носир Хон Ҷанҷуа баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур ҳамчунин Давлат Ҷумъазода, ходими Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Тариқ Иқбол Сумро, сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон иштирок доштанд.
Сафари кории Носир Хон Ҷанҷуа дар Тоҷикистон идома дошта, нимаи дуюми рӯз боздиди ӯ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Акрам САНГЗОДА, АМИТ «Ховар»




Рӯйдодҳо

  • Баргузории гуштини миллӣ дар Язгулом

    Рӯзи 25-уми марти соли равон, бахшида ба таҷлили «Иди байналмилалии ....

    28.03.2020 10:54
  • Ошкор шудани ҳодисаҳои дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо ариза зани ....

    28.03.2020 10:48
  • Ҷаласаи коршиносони ВКД давлатҳои аъзои ИДМ

    Рӯзи 26-уми марти соли 2020 дар шаҳри Москва дар доираи ....

    27.03.2020 14:44
  • Бо корд захмӣ намудани падар аз ҷониби писар

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи ....

    27.03.2020 09:52
  • Ошкор шудани дуздии ашёҳои гуногун аз дохили корхонаи хиштбарорӣ

    Ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода бо ариза марди 32-солаи сокини ....

    27.03.2020 09:51
  • Қаллобӣ бо мақсади ба фурӯш баровардани нуриҳои менералӣ

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    27.03.2020 09:50
  • Ба ҳалокат расонидани ҳамсар дар заминаи муноқишаи оилавӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    26.03.2020 09:44
  • Ошкор шудани ҳолатҳои дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара бо ариза марди 62-солаи сокини ....

    26.03.2020 09:40
  • Ошкор шудани ҳодисаи дуздӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 34-солаи сокини ....

    25.03.2020 08:49
  • Вохӯрии судманд бо сокинони ноҳияи Нуробод

    Рӯзи 19-уми марти соли 2020 вохӯрии сардори РВКД дар минтақа ....

    23.03.2020 10:39
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон!

    Бонувони азиз! Озмуни «Авто-Бону-2020», ки бояд санаи 7-уми марти соли ....

    05.03.2020 10:05
  • Ҳамкорӣ бо РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ....

    04.03.2020 15:08
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    05.02.2020 14:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика