Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Машварати роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар самти омода намудани кадрҳо

Рӯзҳои 13-15-уми сентябри соли 2017, дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон машварати навбатии роҳбарони муассисаҳои таълимии махсуси Ассотсиатсияи мактабҳои олии ВКД/Политсияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ баргузор гардид, ки дар он сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ иштирок намуд.

Машварати мазкур тибқи банди 8-и Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни мактабҳои олии ВКД/Политсияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ, ки 17 ноябри соли 2009 дар ш.Бишкек ба имзо расида буд, барпо гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи навбатӣ намояндагони кишварҳои гуногун аз ҷумла: Академияи идоракунии Федератсияи Россия, Академияи ВКД Ҷумҳуриҳои Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Беларус ва Қирғизистон ширкат доштанд.
Дар рафти машварат тамоми иштирокчиён суханронӣ намуда, масъалаҳое, ки имрӯз дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ оид ба омода намудани мутахассисон ҷой доранд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз он ҷумла, омода намудани мутахассисон дар самти ошкор ва пешгирии ҷиноятҳое, ки тавассути воситаҳои техникаи комуникатсионӣ ва иттилоотӣ содир мешаванд ва нарасидани мутахассисон дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифҳои судманд пешниҳод гардид.
Дар ин радиф, дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ ба имзо расонида шуд.
Машварати навбатии роҳбарони муассисаҳои таълимии махсуси Ассотсиатсияи мактабҳои олии ВКД/Политсияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ дар сатҳи зарурӣ баргузор гардида, боз як қадами ҷиддӣ дар таҳкими ҳамкориҳо дар самти илму маориф арзёбӣ гардид.
Каримова Л.М., подполковники милитсия




Рӯйдодҳо

  • Раддия ба хабари беасос

    Сомонаи интернетии «АхборКом» санаи 30-юми март таҳти сарлавҳаи «Худкушии хонандаи ....

    31.03.2020 12:02
  • Дастгир гардидани марди қаблан судшуда бо ҷурми сӯиқасд ба одамкушӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи ....

    31.03.2020 10:06
  • Ошкор шудани кирдори ғоратгарӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 41-солаи сокини ....

    31.03.2020 10:01
  • Ноуҳдабароии ронанда боиси ҳалокати ду пиёдагард гардид

    Рӯзи 30-юми марти соли 2020, тахминан соати 09:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    31.03.2020 09:54
  • Китоб пурқиматтарин ганҷинаи ҳастии инсон аст

    Дар ҳама давру замон миллати тоҷик барои омӯзиши илму ҳунар ....

    30.03.2020 14:09
  • Боздошти марди 34-сола барои дуздии қолин ва телевизорҳо

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ариза зани ....

    30.03.2020 09:59
  • Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

    Рӯзи 29-уми марти соли 2020, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи ....

    30.03.2020 09:58
  • Баргузории гуштини миллӣ дар Язгулом

    Рӯзи 25-уми марти соли равон, бахшида ба таҷлили «Иди байналмилалии ....

    28.03.2020 10:54
  • Ошкор шудани ҳодисаҳои дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо ариза зани ....

    28.03.2020 10:48
  • Ҷаласаи коршиносони ВКД давлатҳои аъзои ИДМ

    Рӯзи 26-уми марти соли 2020 дар шаҳри Москва дар доираи ....

    27.03.2020 14:44
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон!

    Бонувони азиз! Озмуни «Авто-Бону-2020», ки бояд санаи 7-уми марти соли ....

    05.03.2020 10:05
  • Ҳамкорӣ бо РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ....

    04.03.2020 15:08
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    05.02.2020 14:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика