Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон

22-юми июни соли 2017, бо ташаббуси кафедраи фанҳои ҷамъиятии Факултети №2-и Академияи ВКД, дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар мавзӯи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. 

Муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким оид ба моҳияти таҷлил намудани ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, мақсад аз гузаронидани конференсияи илмиро дар арафаи ин иди умумимиллӣ барои иштирокчиёни он, хусусан барои курсантони ҷавони муассисаи таълимии мазкур муҳим арзёбӣ намуд. Тавре ӯ изҳор дошт, имрӯз дар конференсия онҳое иштироку суханронӣ мекунанд, ки худ бевосита дар раванди сулҳсозиву воқеаҳои 20 соли пеш ширкат намудаанд.
Дар идомаи конференсия Нигина Орипова ном зани куҳансоле хотироти худро оид ба рӯйдоду воқеаҳои он солҳо иброз намуд. Бояд гуфт, мавсуф аз ҷумлаи он занон -модарони тоҷикест, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ се писари худро, ки ҳамаашон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ буданд, аз даст додааст. - Аз ин рӯ, - тавре ӯ иброз намуд, - занону модарон аз зумраи он пешоҳангони ҷомеаи Тоҷикистон буданд, ки аз ҳар созмону гурӯҳи дигар дида, дар он солҳои ноором бештар ташнаи сулҳу субот буданд.
Нигина Ориповаи 83-сола, ки худ соҳиби ихтисоси омӯзгорӣ будаву то ҳол дар зинаҳои гуногун кору фаъолият дорад, ҳодисаҳои 20 соли пешро чунин қисса намуд.

- Рӯзи 27-уми июни соли 1997 буд. Мо - як гурӯҳи модарони тоҷик, дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе ҷамъ омада, чашм ба роҳи омадани тайёраи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем. Вақте ки Президенти ҷумҳурӣ, баъди ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, аз шаҳри Маскав ба Душанбе баргаштанд, ман аз аввалинҳое будам, ки ба истиқболи ӯ шитофта, гулдастаеро ба гарданашон овехтам. Он рӯз дар паҳлӯям шахсиятҳои шинохтаи кишвар, аз ҷумла шоири шодравон Лоиқ Шералӣ истода буданд ва дар сӯҳбати кӯтоҳе, ки дар ин фурудгоҳ бо Роҳбари давлат доштам, баъди изҳори миннатдорӣ ба ӯ гуфтам, ки дар ин лаҳзаҳо тамоми тоҷикистониён фарзандони ман, вале аввалин фарзандам Шумо ҳастед, ки ба Ватан сулҳу оромӣ овардед, - иброз намуд ӯ.
Нигина Орипова, ки Аълочии маорифи Тоҷикистон ва омӯзгори пуртаҷриба мебошад, дар баробари ёдоварӣ аз рӯйдодҳои 20 соли пеш, дар муроҷиат ба аҳли толор, ки аксаран кормандону омӯзгорони ҷавон ва курсантони Академияи ВКД буданд, изҳор дошт, ки «шумо насли хеле хушбахтед, ки дар чунин Ватани тинҷу обод таҳсилу кор ва зиндагӣ доред. Ҷавобан ба он шароиту имкониятҳое, ки имрӯзҳо аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосатан аз ҷониби Пешвои миллат барои шумо - ҷавонон, фароҳам оварда шудааст, бояд ҳар яки шумо бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, илму донишҳои муосирро аз худ намоед ва чун мутахассисони кордону лаёқатманд барои хизмат намудан ба халқу ҷомеаи ободамон ҳамеша тайёр бошед».
Дар идомаи конференсия директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дар мавзӯи «Мафҳум ва мақоми Ваҳдат дар дини ислом» баромад намуда, аз сабабу омилҳое, ки дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ боиси ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шудани ҷумҳуриамон гардиданд, ёдовар шуд. Тавре ӯ зикр намуд, дини мубини ислом мухолифи ҳама гуна хушунату хунрезӣ, хусусан дар моҳи шарифи Рамазон мебошад ва идомаи ҷангу муноқишаҳои мусаллаҳонаи як қатор кишварҳои мусулмонӣ дар ин рӯзҳои моҳи муборак далели мафкураи паст ва фарсахҳо дур будан аз маърифату фарҳанги исломии ин гуна гурӯҳҳои тундрав мебошад.
Дар идомаи нишасти илмӣ, ҳамчунин муовини сардори Факултети №2-и Академияи ВКД полковники милитсия Бозоралӣ Асламов дар мавзўи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - кафили Ваҳдати миллӣ», сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии ин факултет полковники милитсия Ҷамшед Бойзода дар мавзӯи «Милитсияи тоҷик - муҳофиз ва таҳкимбахши Ваҳдат», сардори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи Факултети №1-и Академияи ВКД майори милитсия Манучеҳр Алимардонов дар мавзӯи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар инкишофи сиёсии давлатдории навини тоҷикон» ва дигарон бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво баромад намуда, доир ба муҳиммияти сулҳу оромӣ ва Ваҳдати сартосарӣ дар кишвар изҳори андеша намуданд.

Тавре маърӯзакунандагон таъкид карданд, дар ин замони зудтағйирёбандаи олам, ки роҳбарияти Ҳукумати кишвар, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ барои нигаҳдориву пойдории ваҳдату ягонагии ҷомеа тамоми саъю кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, ҳамаи мо, алалхусус ҷавононро зарур аст, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, баҳри мубориза бурдан бо ҳама гуна аломату нишонаҳои нооромкунандаи рӯзгори осоиштаи мардум дар талош бошем.
Умед ОЧИЛОВ




Рӯйдодҳо

  • Боздошти марди 27-сола бо гумони захмӣ намудани ду нафар бо ....

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    16.01.2021 10:42
  • Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    16.01.2021 10:41
  • Ба ҳалокат расидани пиёдагард зери чархи автомашинаи тамғаи «Лексус-450»

    Рӯзи 15-уми январи соли 2021, тахминан соатҳои 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    16.01.2021 10:39
  • Вохӯрии мақсаднок дар қисми низомии 5453

    Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои ....

    15.01.2021 14:46
  • Сардии ҳарорати ҳаво - омили афзудани ҳодисаҳои сӯхтор

    Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хадамоти давлатии ....

    15.01.2021 13:41
  • Ифшо гардидани ҳолатҳои дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....

    15.01.2021 10:48
  • Муайян гардидани амалҳои мардумфиребӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....

    15.01.2021 10:44
  • Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    15.01.2021 10:42
  • Боздошти ду зан бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани ....

    15.01.2021 10:41
  • Расонидани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бо корд

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони ....

    14.01.2021 10:09
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълони варзишӣ!

    Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди варзиш, тарғибу ....

    09.01.2021 12:48
  • Баргузории озмуни "Тоҷикистон - хонаи ободи ман"

    Бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои ....

    09.01.2021 12:27
  • Эълон

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт ....

    21.10.2020 14:06
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun1

    © 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика