Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


КИТОБҲОИ ТОЗАНАШРИ АКАДЕМИЯ

Даврони Истиқлолияти давлатӣ ва эъмори Ваҳдати миллӣ бо як қатор дастовардҳои назаррасӣ таълимӣ, илмӣ ва методии фанҳои таълимии омӯзонидашаванда дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотирмон ва нақши таърихӣ хоҳад гузошт.

002Дар низоми омода намудани кадрҳои баландихтисоси риштаи ҳуқуқшиносӣ фанни таълимии «Мурофиаи ҷиноятӣ» мақоми махсусро дорад. Маҳз, инкишофи фанни таълимӣ ва илми мурофиаи ҷиноятӣ, васеъ ва дуруст истифода бурдани дастовардҳо ва нозукиҳои қонунгузории соҳавӣ, амалияи ҳуқуқтатбиқнамоии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судӣ ва дигар сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам оварданд, то ин ки дар самтҳои номбаршуда маводи таълимии лозимӣ омода карда шавад.
Саҳми олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷода назаррас буда, аз тамоми фанҳои дахлдори омӯзонидашаванда маводи зарурии таълимӣ ва илмӣ омода ва рӯи чоп омадаанд. Дар ҳамкории бевосита ва ҳаммуаллифӣ бо кормандони Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва як қатор кормандони мақомоти қонунгузор китоби дарсӣ аз фанни “Ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ” (муаллифон: Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад, Қудратов Некруз Абдунабиевич, Юлдошев Рифат Раҳмадҷонович, Табаров Немон Амонович, Алиев Фаррух Шарифович, Холхӯҷаев Зуҳалиддин Иҳромиддинович) аз нашр баромад, ки бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати китоби дарсӣ барои донишгоҳҳои олӣ тавсия карда шуд.
Китоби дарсии мазкур бо забони давлатӣ ва бо назардошти қонунгузории нави мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ», санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, сарчашмаҳои илмию таълимии ватаниву хориҷӣ, барномаҳои таълимӣ ва талаботҳои Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ таҳия шуда, аз 4 фасл ва 28 боб иборат буда, тамоми паҳлуҳои фанни таълимии ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятиро дарбар мегирад.
Фанни таълимии ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ дар муассисаҳои олии таълимие омӯхта мешавад, ки ҳуқуқшиносони касбӣ ва соҳавиро тайёр мекунанд.
Китоби дарсӣ хусусияти тавсиявиро низ доро буда, онро барои инкишоф ва мукаммалгардонии қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон истифода бурдан мумкин аст.
Азбаски китоби дарсии манзуршаванда яке аз кӯшишҳои нахустини муаллифон дар таҳлили мавқеъ ва аҳамияти фанни ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ мебошад, он бешубҳа аз баъзе камбудию норасоиҳо холӣ нест. Аз ин лиҳоз, муаллифон ба кулли таклифу пешниҳодот ва эродҳое, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва норасоиҳои ҷойдошта баҳри такмили минбаъдаи он ирсол мешаванд, қаблан арзи сипос менамоянд.

003Тафсир ба Қонуни ЧТ “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон” аз ҷониби мутахассисони барҷастаи ҷумҳурӣ – Солиев К.Ҳ., Шарипов Т.Ш., Холиқзода А.Ғ., Табаров М.А. ва Ғафуриён А.М. омода шудааст (- Душанбе, 2017, - 476 саҳ.). тафсири мазкур дар доираи лоиҳаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) “Кӯмаки амалӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба савдои одамон” бо дастгирии молиявии Бюрои Департаменти Давлатии ИМА оид ба масъалаҳои муборизаи байналмилалӣ бо маводи нашъаовар ва тартиботи ҳуқуқӣ (INL) дар назди Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расонида шудааст.
Масъалаҳои марбут ба савдои одамон дар шароити имрӯза таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад, зеро он ҳамчун зуҳуроти манфӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи инсонӣ зарари ҷуброннопазир мерасонад.
Тафсир ба мутахассисони муқовимат ба савдои одамон, омӯзгорон, аспирантон, унвонҷӯён, донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ, инчунин, доираи масоили марбут ба мубориза бар зидди ҷинояткорианд, тавсия дода шудааст.

Юсуфзода А.Ҳ., Файзуллоев А.И. Ҳуқуқи конститутсионии ЧТ: дастури таълимӣ (ба забони русӣ). – Душанбе: “ЭР-Граф”. 2017. – 220 с.
Дастури таълимии мазкур оид ба тараққиёти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти сохти конститутсионӣ, моҳияти вазъияти ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, низоми ташкил ва гузаронидани интихобот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, низоми ташаккул намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин, салоҳияти онҳо кушода шудаанд.
Дастури таълимӣ ба довталабон, донишҷӯён, курсантон, аспирантон (адъюнктон) ва омӯзгорони муассисаҳои олии таълимии ҳуқуқӣ бахшида шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис додани гурӯҳи кории муаллифон бо мақсади омода намудани китобҳои дарсии соҳавӣ бо ҷалби мутахассисони соҳа иқдоми нахустин набуда, баҳри ғанӣ гардонидани махзанҳои таълимӣ ва илмии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва китобхонаҳои дахлдор равона карда шудааст. Вобаста аз натиҷаҳои ба дастомада, бо итминони комил метавон ибрози ақида намуд, ки дар ин ҷода боз қадами устувор гузошта шуд. Дар навбати худ ин фаъолияти пурсамари муаллифон бояд мунтазам амалӣ карда шавад.
Китоби дарсии омодашуда “Уголовное судопроизводство Республики Таджикистан” бори аввал бо забони русӣ дар ҷумҳурӣ таълиф шуда, боз қадами устувори ҳайати муаллифон ва олимони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳайати муаллифон аз ҳисоби роҳбарони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони барҷастаи соҳаи мурофиаи ҷиноятии Федератсияи Россия интихоб карда шуда буданд.
Китоби дарсии мазкур дар асоси талаботи барномаи таълимии фаннӣ омода карда шудааст ва дар он низоми амалкунандаи қонунгузории Тоҷикистон, сарчашмаҳои илмию таълимии ватаниву хориҷӣ, дастоварду натиҷаҳои амалияи ҳуқуқтатбиқнамоии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин тамоми тағйироту иловаҳои дахлдори санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ васеъ истифода бурда шудаанд ва пешкаши хонанда мегарданд.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки китоби дарсии мазкур баъд аз гузаронидани ташхисӣ мутахассисони соҳа бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 12/14 аз 22 августи соли 2016 ба сифати китоби дарсӣ барои донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ тавсия карда шудааст.
Дар навбати худ, муаллифон ба ҳамаи таклифу пешниҳодҳо ва тавсияҳо ҷиҳати дар оянда мукаммал сохтани матни китоб, ки аз ҷониби хонанда ва ҳамкасбон ба самъи ҳайати муаллифон расонида мешаванд, қаблан миннатдории худро баён месозанд.
Ва дар охир, бо итминони комил метавон гуфт, ки саъю кӯшиш, талошҳо ва дастовардҳои олимони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академия дар сатҳи ҷумҳурӣ обрӯю эътибори ин ниҳоди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро боло мебарад.

Дастоварди дигари олимони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашри навбатии монографияи илмии давраи ҳисоботӣ анҷом ёфт. Ин иқдом бо ташаббуси ҳайати омӯзгорону профессорони кафедраи мурофиаи ҷиноятии Академияи ВКД Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқии Академияи Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дар ш. Иркутск оид ба мукаммалнамоии қонунгузории ҷиноятӣ тадқиқоти монографӣ аз нашр баромад.
Монографияи “Кирдори ҷиноятӣ дар низоми тамоюлҳои муосири сиёсати ҷиноятӣ” (бо забони русӣ) оид ба муқоиса намудани ин масоил аз ҷиҳати амалияи ҳуқуқтатбиқнамоии мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, мутобиқ сохтани он бо матни қонунгузории ҷиноятии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасии илмии дигар институтҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ мавриди баррасӣ ва таҳлили илмӣ-амалӣ қарор гирифтанд.
Нисбат ба воқеияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани институти нав “Кирдори ҷиноятӣ” бо назардошти талаботи меъёрҳои алоҳидаи Консепсияи пешгуии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 замина меёбад, манзур гардидааст.
Тақсим намудани тамоми намуди ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноятӣ ба кирдори ҷиноятӣ ва ҷиноят аз дуруст тафриқанамоии (дифферентсиатсияи) ҷавобгарии ҷиноятӣ бармеояд. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳадди ақали мукаммали номгӯи кирдорҳои ҷиноят эътирофшавандаро доро бошад, ки муқовимат ба онҳо наметавонад бо воситаи қонунгузории соҳавии дигар самаранок амалӣ карда шавад. Ба сифати заминаҳои тағйир додани қонунгузории ҷиноятӣ баромад менамоянд: трансформатсияи ифодагардидаи сатҳ, сохт ва динамикаи ҷинояткорӣ; пайдошавӣ, тағйирёбӣ ё аз байн рафтани таҳдидҳои бо рафтори одамон алоқаманди амнияти шахсият, ҷамъият ва давлат; арзёбии ҷамъиятӣ ва давлатии натиҷаҳои самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ.
Вобаста ба пешниҳоди мазкур, бояд як ҳолати дигарро қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи ҷинояткорӣ мунтазам афзуда истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соли 2010 – 14 548 адад, соли 2011 – 16 864 адад, соли 2012 – 16 593 адад, соли 2013 – 18 336 адад, соли 2014 – 19 352 адад ва соли 2015 – 21 585 адад ҷиноят дар тамоми миқъёси ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст таносубан ба 8,5 млн. аҳолӣ. Тибқи нишондодҳои таҳлилҳо ҷиноятҳои начандон вазин ва дараҷаи миёна соли 2010 – 10 802 адад (ё 74,25 %), соли 2011 – 11 854 адад (ё 70,29 %), соли 2012 – 11 716 адад (ё 76,63 %), соли 2013 – 14 272 адад (ё 77,83 %), соли 2014 – 14 297 адад (ё 73,87 %) ва соли 2015 – 16 252 адад (ё 75,29 %) ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин ададҳо ба ҳисоби умумӣ тахминан 10-12 000 нафар ҳар сол аз вартаи механизми ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мегузаранд.
Тафриқанамоии (дифферентсиатсияи) ҷавобгарии ҷиноятӣ ва пешниҳод намудани шакли соддакардашудаи пешбурди тосудӣ ва баррасии судии ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноятӣ мутобиқи самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Шарти самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷиноятӣ устувории он мебошад, ки муайянии ҳуқуқӣ ва пешгӯишавандагии қонунгузории ҷиноятӣ ва таҷрибаи татбиқи онро дар назар дорад.
Муаллифон кӯшиш намуданд, то ин ки масоили кирдори ҷиноятӣ вобаста ба амалияи ҳуқуқтатбиқнамоии ду кишвар таҳлил гашта, камбудиҳо ва дастовардҳои ворид гардидани ин институт ба риштаи баррасӣ амалӣ гардад.

Ҳайдарзода Ш. Ташаккули тамаддуни касбӣ-педагогии курсантони Академияи ВКД Чумҳурии Тоҷикистон (Формирование профессионально-педагогической культуры курсантов Академии МВД Республики Таджикистан): Монография. – Душанбе: «Олами дониш». 2017. – 160 с.
Дар китоб масъалаҳои таҳлили таҷрибаи беҳтарини таълим ва ташкили раванди таълимӣ ҷиҳати ташаккули тамаддуни касбӣ-педагогии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шудаанд.
Китоб барои омӯзгорон, равоншиносон, аспирантҳо, донишҷӯён, курсантон, инчунин барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Сафаров Ҳ.С., Ҳайдарзода М.П. Маҷмӯи масъалаҳо барои машғулиятҳои амалӣ аз фанни ҳуқуқи ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳо ба муқобили шахсият. – Душанбе: Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, – 37 с.
Маҷмӯи масъалаҳо дар асоси барномаи таълимӣ аз фанни ҳуқуқи ҷиноятӣ ва қонунгузории ҷиноятии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда, ҷиноятҳо ба муқобили шахсиятро дар бар мегирад. Дастури мазкур барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ пешбинӣ гардида, барои омӯзгорон, аспирантон, шунавандагону курсантони Академияи ВКД ва дигар мактабҳои олӣ, ки бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ мутахассис омода месозанд таълиф гардидааст.
Маҷмӯи масъалаҳо ба кӯмаки молиявии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ ба табъ расонида шудааст.


Нуруллозода М., Савирзода Д. Мудофиаи гражданӣ: дастури таълимӣ-методӣ. – Душанбе: Академияи ВКД ЧТ, – 103 с.
Мудофиаи гражданӣ яке аз қисматҳои муҳимтарини чорабиниҳои умумидавлатӣ дар самти ҳифзи аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат аз офатҳои табиӣ, садамаю фалокатҳо ва навъҳои гуногуни яроқи ҳозиразамони қатли ом ба шумор рафта, муҳтавои фаъолияти он аз ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, гузаронидани корҳои наҷотдиҳию барқароркунӣ, корҳои ҷустуҷӯию иктишофӣ, дигар корҳои таъхирнопазир ва ғайраҳо дар мавзеъҳои ба ҳолатҳои фавқулодда мувоҷҷеҳгардида иборат мебошад.
Дастури таълимӣ-методии мазкур барои курсантон, шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи васеи хонандагон омода гардидааст.

Каримова Л.М., Убайдуллоев Ш.Э.




Рӯйдодҳо

  • Раддия ба хабари беасос

    Сомонаи интернетии «АхборКом» санаи 30-юми март таҳти сарлавҳаи «Худкушии хонандаи ....

    31.03.2020 12:02
  • Дастгир гардидани марди қаблан судшуда бо ҷурми сӯиқасд ба одамкушӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи ....

    31.03.2020 10:06
  • Ошкор шудани кирдори ғоратгарӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 41-солаи сокини ....

    31.03.2020 10:01
  • Ноуҳдабароии ронанда боиси ҳалокати ду пиёдагард гардид

    Рӯзи 30-юми марти соли 2020, тахминан соати 09:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    31.03.2020 09:54
  • Китоб пурқиматтарин ганҷинаи ҳастии инсон аст

    Дар ҳама давру замон миллати тоҷик барои омӯзиши илму ҳунар ....

    30.03.2020 14:09
  • Боздошти марди 34-сола барои дуздии қолин ва телевизорҳо

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ариза зани ....

    30.03.2020 09:59
  • Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

    Рӯзи 29-уми марти соли 2020, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи ....

    30.03.2020 09:58
  • Баргузории гуштини миллӣ дар Язгулом

    Рӯзи 25-уми марти соли равон, бахшида ба таҷлили «Иди байналмилалии ....

    28.03.2020 10:54
  • Ошкор шудани ҳодисаҳои дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо ариза зани ....

    28.03.2020 10:48
  • Ҷаласаи коршиносони ВКД давлатҳои аъзои ИДМ

    Рӯзи 26-уми марти соли 2020 дар шаҳри Москва дар доираи ....

    27.03.2020 14:44
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон!

    Бонувони азиз! Озмуни «Авто-Бону-2020», ки бояд санаи 7-уми марти соли ....

    05.03.2020 10:05
  • Ҳамкорӣ бо РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ....

    04.03.2020 15:08
  • Диққат!

    Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои ....

    05.02.2020 14:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonuni

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика