Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии сардорони ШВКД бо курсантони Академия

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон намудани соли 2017 «Соли ҷавонон» вохӯрии навбатии сардорони ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо курсантони факултетҳои № 2 ва 5-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Нахуст, вохӯриро сардори Академия, номзади илми ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода оғоз намуда, оиди ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати насли ҷавон ва фазои сулҳу ваҳдати дар ҷумҳурӣ пойдорбударо қайд карда гузашт.

Дар вохӯрӣ сардорони ШВКД ноҳияи Айнӣ полковники милитсия Иброҳимзода Х.И., ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ полковники милитсия Шоназарзода Ш.Ш., ШВКД дар ноҳияи Шуғнон подполковники милитсия Назархудозода Н.Т. ва ШВКД дар ноҳияи Муъминобод подполковники милитсия Баҳриддинзода Қ.Н. бо маърӯзаҳо баромад карда, ба маълумоти курсантон аз рафти хизматбарӣ, шароитҳои кории шӯъбаҳои корҳои дохилӣ, тарбия ва дастгирии кормандони ҷавон шинос намуда, онҳоро ба масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва хизмати софдилона ба давлату ҷомеа даъват намуданд.
Дар идомаи чорабии, сӯҳбати озоди курсантон бо сардорони ШВКД баргузор гардид.
Б.С. Асламов
Ш.Э. Убайдуллоев


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика