Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар оид ба мероси эҷодии Анна Ахматова

Ахматова Анна Андреевна – миёни ҳамасрони худ рақибе надошт, ки ба ӯ баробар шуда тавонад. Ҳанӯз аз овони ҷавонӣ ба эҷоди шеър рағбат пайдо карда, дар синни 22-солагӣ маҷмӯаи шерҳояшро бо унвони «Шом» («Вечер» соли 1912) аз чоп мебарорад.
Бар дӯши қисмати ӯ шӯҳрати беандоза ва аз он зиёдтар азобу уқубати тоқатфарсо афтода буд, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ӯ ба монанди дигар зиёиёни кишвараш аз Ватанаш – Россия ҳиҷрат накард.
Эҷодиёти ин шоираи беҳамтои «Асри нуқрагин» саршор аз муҳаббату вафо, нокомиву беадолатихои замони хеш аст.

Бахшида ба эҷодиёти пурғановати Анна Ахматова санаи 21 апрели соли 2017 аз ҷониби кафедраи забонҳои факултети №2-и Академияи ВКД мизи мудаввар оид ба «Мероси эҷодии Анна Ахматова» («Наследие Анны Ахматовой») баргузор гардид, ки дар он паҳлӯҳои гуногуни ҳаёту ашъори шоираи бузург аз тарафи курсантону омӯзгорони ин боргоҳи адаб матраҳ гардиданд.

Ҳамчунин, дар фарҷоми мизи мудаввар курсантони курси 1-ум Маҳмадшозода С. ва Сайёди Д. суруди «Хушам меояд…» («Мне нравится …»)-ро аз эҷодиёти шоираи мазкур бо навои гитара пешкаши аҳли нишаст намуданд.
Хабирова Т.А., майори милитсия 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика