Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар оид ба муқовимат бо коррупсия

19 апрели соли 2017 аз ҷониби кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо коррупсия” бо иштироки муовини сардори Академияи мазкур генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар сардори кафедраи ташкили идоракунӣ дар фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, номзади илмҳои таърих, майори милитсия Алимардонов М. дар мавзӯи «Асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия” ва сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, капитани адлия Муқимӣ Нигора Аминзода дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муқовимат бо коррупсия» баромад намуда, фикру андешаҳои худро доир ба мавзӯи баррасишаванда иброз доштанд.
Инчунин дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, Хайруллоев Ф. дар мавзӯи «Коррупсия аз нигоҳи арзишҳои дини ислом», дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2, номзади илмҳои ҳуқуқ, майори милитсия Ҳусейнзода С.Ҳ. дар мавзӯи «Сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муқовимат ба коррупсия», сардори кафедраи ҳуқуқӣ-граждании Академияи ВКД, майори милитсия Қурбонов А.А. дар мавзӯи «Экспертизаи зидди коррупсионии меъёрҳои ҳуқуқӣ - омили муҳими пешгирии коррупсия» бо маърӯзаҳо баромад карданд.

Дар рафти мизи мудаввар курсантони Академияи ВКД оид ба муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб ва роҳҳои пешгирии он баромад намуда, фикру ақидаҳои худро изҳор доштанд. Аз ҷумла, курсанти курси 4-уми факултети №2, сержанти хурди милитсия Зоидов Н. дар мавзӯи “Коррупсия ҳамчун монеаи пешрафти ҳаёти ҷомеа ва муаммоҳои баробарҳуқуқии шаҳрвандӣ”, курсанти курси 1-уми Академияи ВКД Шокиров А. дар мавзӯи «Заминаҳои ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо институти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи муқовимат бо коррупсия” ва дигар курсантони курси 3-юми факултети №2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.
Наҷмидинов Н.А., сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Академияи ВКД, майори милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика