Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии терроризм

18-уми апрели соли равон дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ семинар-машварати илмӣ дар мавзӯи «Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ» баргузор гардид. 

Семинари мазкурро бо сухани муқаддимавӣ муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. оғоз намуда, қайд кард, ки дар кулли дунё тамаддунҳои мухталиф бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мубориза мебаранд ва кӯшиш мекунанд, то дастрасиро ба он маҳдуд намоянд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои қонунгузорӣ тасдиқ шудаанд, ки Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи муҳаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2013-2020 ва Стратегияи  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизми зӯроварона ва тундгароии батерроризмбаранда барои солҳои 2016-2020 аз ҷумлаи онҳо мебошанд. 

Ҳамчунин дар чорабинии мазкур полковники милитсия Асламов Б.С. – муовини сардори факултети №2-и Академияи мазкур бо маърӯза дар мавзӯи «Хусусиятҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблема ва дурнамо», майори милитсия Нажбудинов М.А., – сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2, номзади илмҳои ҳуқуқ, дар мавзӯи «Нашъамандӣ ҳамчун вабои аср», полковники милитсия Толеҳзода А.Т. – сардори шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД, дар мавзӯи «Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир сарчашмаи асосии маблағгузории терроризм» баромад намуда, фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

Дар ин радиф, сардори шуъбаи пешгирии нашъамандии Муассисаи давлатии Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холов М. дар мавзӯи «Вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лейтенанти калони милитсия Қурбонов Ф.Н. – омӯзгори кафедраи такмили ихтисоси факултети №3, дар мавзӯи «Мафҳум ва шаклҳои терроризм, пайдоиш, хавфнокӣ ва ташкили мубориза бар зидди терроризм» маърӯза намуданд.

Дар хотимаи семинар-машварати илмӣ байни иштирокчиён муҳокимарониҳо сурат гирифта, таклифу пешниҳодҳои судманд иброз гардид.

Каримова Л.М., подполковники милитсия,

Хабирова Т.А., майори милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика