Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Коррупсия ва таъсири манфии он ба рушди ҷомеа»

30 ноябри соли 2016, дар толори маҷлисгоҳи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳайати шахсӣ, дарки масъулиятшиносӣ, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ дар фаъолияти хизматӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Коррупсия ва таъсири манфии он ба рушди ҷомеа» баргузор гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода оғоз бахшида, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба муҳимияти мавзӯи конференсия ҷалб намуд.
Сипас, дар кори конференсия дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Сино Ҳусейнзода дар мавзӯи «Масъалаҳои актуалӣ оид ба экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар низоми чораҳои муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», намояндаи дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифбек Шарифзода дар мавзӯи «Коррупсия - роҳҳои пешгирӣ ва бартараф намудани он», дотсенти кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи ВКД, номзади илмҳои таърих, майори милитсия Манучеҳр Алимардонов дар мавзӯи «Омилҳои ба вуҷудоварандаи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва курсанти Академияи ВКД Олимҷон Ҷӯраев бо мавзӯи «Коррупсия чун зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ» баромад намуданд.
Дар рафти конференсия миёни маърӯзачиён ва шунавандагону курсантони Академияи ВКД саволу ҷавоб доир гардида, ҳозирин ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
М. Наҷмидинов, Х. Солиҳов 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика