Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Истифодаи самараноки амалия ва таҷрибаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

Дар интиҳои чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба меҳмонони аз хориҷи кишвар ташриф оварда ва ба роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар барои иштироки фаъолонаи худ ва кормандонашон, ҳамчунин ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларус ва Директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуд.

Зикр гардид, ки дар конференсияи имрӯза проблемаҳои гуногуни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби олимони варзидаи соҳаи ҳуқуқ таклифу пешниҳодҳои судманд пешкаш гардид, ки барои такмил додани самти мазкур ниҳоят муҳим ва самаранок мебошанд.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қайд кард, ки ҳамкории мақомотҳо дар ин ҷода ниҳоят зарур аст ва пешниҳод намуд, ки дар назди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ курсҳои кӯтоҳмуддати алоҳида дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо иштироки дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ташкил карда шавад.

Дар фарҷоми чорабинӣ бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд ва саҳм гузоштан дар таҳким ва рушди муносибатҳои байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия  бо медали «Барои мусоидат»:

- генерал-майори политсия Макорин Александр Анатолевич – сардори Донишгоҳи илмӣ-тадқиқотии (ФГКУ ВНИИ) ВКД Россия;

- полковники милитсия Башан Алексей Владимирович – муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус;

- полковники милитсия Осипенко Анатолий Леонидович – муовини сардори Донишгоҳи ВКД Россия дар Варонеж оид ба корҳои илмӣ;

- подполковники милитсия Миненко Павел Виталевич – сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Донишгоҳи ВКД Россия дар Варонеж;

- Омелин Виктор Николаевич – корманди калони илмии Донишгоҳи илмӣ-тадқиқотии (ФГКУ ВНИИ) ВКД Россия сарфароз гардонида шуданд.

Аз ҷониби сардори Донишгоҳи илмӣ-тадқиқотии (ФГКУ ВНИИ) ВКД Россия генерал-майори политсия Макорин Александр Анатолевич барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва саҳми назаррас гузоштан дар рушди илм ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро нишони ҷашнии «70-солагии ФГКУ ВНИИ ВКД Россия» тақдим карда шуд.

Бо ҳамин конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҳолати муосири илм ва қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ба кори худ хотима бахшид.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия


You have no rights to post comments



Рӯйдодҳо

  • 14.07.2020 17:14
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян ....

    14.07.2020 10:26
  • Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 27-солаи сокини ....

    14.07.2020 10:24
  • Ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона аз ҷониби зани 43-сола

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани ....

    14.07.2020 10:23
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Данғара ва ....

    Рӯзи 13-уми июли соли 2020, тахминан соати 00:30-дақиқа ронандаи ронандаи ....

    14.07.2020 10:19
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи муноқиша

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғӣ ....

    13.07.2020 08:38
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ ва шаҳри ....

    Рӯзи 11-уми июли соли 2020, тахминан соати 4:30-дақиқа ронандаи автомашинаи ....

    13.07.2020 08:36
  • ҒОРАТГАРӢ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғӣ 16-солаи ....

    11.07.2020 09:41
  • Хатлон: Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ – пешгирӣ аз сироятёбист

    Имрӯзҳо бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии каронавирус COVID-19 ....

    10.07.2020 16:15
  • Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дар заминаи муноқишаи оилавӣ ....

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани  ....

    10.07.2020 10:10
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun1

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика