Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳокимарониҳо доир ба роҳҳои ҳалли проблемаҳо зимни амалигардонии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

(Идомаи конференсия) Дар нимаи дуюми рӯз конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ идома ёфта, сардори Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати тафтиши пешакӣ дар мақомоти прокуратура, мушовири адлияи дараҷаи 1-ум Содиқов Раҷабалӣ Мирович дар мавзӯи «Назорати прокурорӣ ҳангоми амалигардонии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: проблемаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо», муовини сардори Донишкадаи Воронежи ВКД Федератсияи Россия оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники политсия Осипенко Анатолий Леонидович доир ба «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар даврони рақамӣ, дурнамои мукаммалгардонӣ ва масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ», ходими пешбари илмии Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии умумироссиягии ВКД Россия (Москва), доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, ҳуқуқшиноси шоистаи Федератсияи Россия Омелин Виктор Николаевич оид ба «Проблемаҳои такмили қонунгузории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон», Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Шодмон Шамс дар мавзӯи «Назоратбарии судӣ аз болои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ва сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Донишкадаи Воронежи ВКД Россия, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Миненко Павел Виталевич маърӯза намуда, фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Айни замон доир ба мавзӯъҳои зикргардида муҳокимарониҳо сурат гирифта, конференсияи мазкур идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика