Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВКД - ташаббускори чорабинии байналмилалӣ

Мавсуф зимни суханронӣ зикр кард, ки мавзӯе, ки мо имрӯз мавриди баррасӣ қарор медиҳем, яке аз масъалаҳои муҳими самти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба шумор меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмин намудани тамоми соҳаҳои илм диққати ҷиддӣ медиҳанд. Роҳбари давлат дар Паёмҳои солҳои 2015 ва 2016-и худ ба Маҷлиси Олӣ беист таъкид намуданд, ки дар замони мураккаби хатару таҳдидҳои муосир, бояд мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб пурзӯр карда шавад. Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар самти муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ яке аз самтҳои асосӣ ва муҳим маҳсуб меёбад. 

Мавриди қайд аст, ки дар ин чорабинии байналмилалӣ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Раҳими Фарҳод – Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмудзода Маҳкам Азам – Раиси Суди конститутсионӣ, Шоҳиён Шермуҳаммад – Раиси Суди Олӣ, Раҳмон Юсуф Аҳмадзод - Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саймумин Ятимов - Раиси КДАМ, Салимзода Шерхон Одина – Директори АНМН, Элизабет Миллард – Сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Тоҷикистон,  Маҷидзода Ҷурахон Зоир - Вакили Маҷлиси намояндагони МО, кормандони самти тафтишот ва олимони соҳаи ҳуқуқ, аз ҷумла намояндагони муассисаҳои таълимии олии ҳуқуқии кишварҳои аъзои ИДМ - Сардори Муассисаи давлатии Федералии Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии умумироссиягии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерал-майори политсия, профессор Макорин Александр Анатолевич, корманди асосии илмии Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии умумироссиягии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, профессор Омелин Виктор Николаевич, муовини сардори Донишкадаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Воронеж оид ба корҳои илм, профессор Осипенко Анатолий Леонидович, Сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Донишкадаи Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Воронеж, профессор, подполковники политсия Миненко Павел Виталевич, муовини аввали сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Беларусия, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия Башан Алексей Владимирович ва намояндагон аз Гурӯҳи оперативӣ-минтақавии Осиёи Марказии Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфноки (БКБОП) ИДМ иштирок намуда истодаанд.

Бояд гуфт, мақсад аз гузаронидани конференсия муайян намудани мавқеи илми оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар низоми илмҳои ҳуқуқӣ, таҳлили проблемаҳо, алоқамандӣ ва мутобиқкунии қонунгузориҳои мурофиавӣ-ҷиноятӣ ва оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мебошад. Ғайр аз ин, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар солҳои охир бо мушкилоту муаммоҳои зиёде рӯ ба рӯ гардида, имрӯз аз нигоҳи илмӣ зарурати ҳалли онҳо ба миён омадааст. Аз ҷумла, дар замони муосир масъалаи амалисозии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар макон, ки дар шароити густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки терроризму экстремизм мураккаб гардидаву мубориза бо ҷинояткории трансмиллӣ дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳамияти муҳим пайдо кардааст, ниҳодҳои дахлдори ин давлатҳоро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ фаъолияти густурдаро ба роҳ монанд. Ин аст, ки масъалаҳои мазкур дар адабиёти ҳуқуқӣ баҳсҳоро ба миён оварда, мутахассисони соҳаро водор месозанд, ки ба таҷрибаи оперативӣ-ҷустуҷӯӣ навовариҳо ворид намоянд. Воридсозии ин тағйиротҳо бояд дорои шаклҳои нав ва унсурҳои пурмазмун бошанд, зеро самти номбурда бо назардошти гуногунмазмун будани қонунгузории ҳар як кишвари аъзои ИДМ ба мушкилиҳои муайян дучор гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур дар доираи амалисозии муқаррароти банди 5-и Нақшаи гузаронидани ҷаласаҳои илмӣ, илмӣ-техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, съездҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2016 тасдиқ шудааст, инчунин, дар доираи амалигардонии муқаррароти банди 2.1. Қарори Мушовараи муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки бо фармони Вазоратҳои корҳои дохилии  Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2015 тасдиқ гардида буд, гузаронида мешавад.

Айни замон, конференсияи байналмилалӣ идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило дода мешавад.

Гул Маҳбуба.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика