Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҳадафи бадхоҳон - таҳдид ва бесуботӣ дар ҷомеа

505Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, дар ибтидои асри 21 хислати ҷаҳонӣ касб карда, хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст. Ифротгароӣ кирдори мураккаби сиёсию иҷтимоӣ буда, он дар ҳар давру замон ва ҳар навъи давлату сохтори иҷтимоӣ вобаста аз таҳдиду хатарҳои он бархӯрд шудааст. Заминаҳо ва омилҳои бавуҷудоии ифротгароӣ гуногун буда, гоҳо онҳо аз дохили як кишвари муайян зуҳур мекунанд ва гоҳо барои ривоҷи онҳо аз хориҷ дастгирии молиявӣ пайдо мекунанд. Ифротгароӣ вобаста аз хусусияташ навъҳо ва шеваҳои гуногунро дорост, вале дар робита ба кишварҳои Шарқи Наздику Миёна ифротгароии динӣ ва мазҳабӣ бештар ба назар мерасад.

Дар баробари ин, ба ҳама возеҳ аст, ки замони мо замони зуҳури фаъоли нерӯҳои тахрибкор, замони таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва амалҳои дигари номатлуб низ мебошад. Ифротгароии динӣ дар аксари мамолики шарқи мусалмонӣ васеъ густариш ёфтааст, ки он дар бисёри маврид ҳамчун василаи фишор ва амалӣ намудани манфиату хоҳишҳои давлатҳои абарқудрат дар ин манотиқ ба кор бурда мешавад. Заминаҳои асосии ифротгароӣ бесаводӣ ва таассуб аст. Нодонӣ ҳамеша дар пайи худ ҷаҳолату бозмондагиро ба бор меорад. Вобаста ба ин ки ҳассосияти динӣ дар ҷомеаҳои аксаран бошандагонаш мусалмон баланд аст, ҳамин вижагиро қудратҳои ҷаҳонӣ барои амалӣ намудани манфиатҳояшон мавриди истифода қарор медиҳанд ва доимо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ин омилро ҳамеша ба манфиаташон роҳандозӣ созанд. Сармоягузорӣ ва қароргоҳи аксари ҳизбу ҳаракатҳое, ки хислати ифротгароиву террористӣ доранд, дар хориҷ аз кишвар сурат мегирад.
Таассуби динӣ дар ҳама давру замонҳо Шарқро аз рушду такомули фарҳангию иҷтимоӣ боз доштааст. Сабаби ҳамаи ақибмондагӣ ва ҷаҳолат таассубу нодонӣ будааст. Таассуби динӣ дар асрҳои миёна боис шудааст, то аксари дастовардҳои илмии нобиғаҳои гузаштаи миллат, аз қабили Фирдавсию Сино, Берунию Розӣ, Тӯсию Хайём ва садҳои дигар натавонистаанд таъсири воқеии хешро дар пешрафти ҷомеа дошта бошанд. Аз тарафи дигар, аксари нобиғагони зикршуда доим дар замони зиндагии хеш зери таҳвину таҳрими мутаассибони замони хеш қарор гирифтаанд, ки он сабаб шудааст то эшон ҳамеша дар ғурбату ҳиҷрат ба сар баранд ва имконияти фитрӣ ва зеҳни хешро натавонистаанд, сарфи пешбурди рӯзгори мардум гардонанд.
Дар вазъияти феълӣ табақаи зиёӣ, ки аслан пешбурди ҷомеа бар дӯши эшон аст, бояд худро дар канор нагирифта, якҷоя бо ниҳодҳои давлатӣ баҳри даври худ овардани мардум, бунёди ҷомеаи пешрафтаи озоди шаҳрвандӣ кӯшиш кунанд, он гоҳ ҷомеа қодир мегардад худро аз таъсири андешаҳои ҷаҳолатситез ва таассуби динӣ ҳифз кунад.

Масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.

Шарифзода Розибек Иди, сардори ШВКД дар н.Сангвор




Рӯйдодҳо

  • Ошкор гардидани кирдори қаллобӣ

    Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 24-солаи сокини ....

    19.06.2021 11:11
  • Ошкор шудани ҳолати дуздии чорво

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ашт бо ариза марди 25-солаи сокини ....

    19.06.2021 11:08
  • Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    18.06.2021 11:28
  • Боздошт гардидани марди 48-сола бо гумони кочоқ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди ....

    18.06.2021 11:27
  • Дар СХДО китобхонони беҳтарин муайян гардиданд

    Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ....

    17.06.2021 18:03
  • Ифшо гардидани ҳодисаҳои дуздӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи ....

    17.06.2021 10:34
  • Ошкор шудани ҳолати фиребгарӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 35-солаи сокини ....

    17.06.2021 10:33
  • Мусобиқаи касбии оташнишонӣ

    Рӯзи 16-уми июни соли 2021 дар Варзишгоҳи машқӣ-таълимии Раёсати хадамоти ....

    16.06.2021 18:13
  • Ифшо гардидани ду ҷинояти одамкушӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    16.06.2021 12:17
  • Боздошт гардидани ноболиғи 16-сола бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ

    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи ....

    16.06.2021 12:15
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Таваҷҷӯҳ!

    Ба диққати шаҳрвандон ва сокинони пойтахт расонида мешавад, ки санаи ....

    12.06.2021 09:21
  • Эълон!

    Бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан ....

    08.06.2021 17:18
  • Эълон! Ба диққати ҳаводорони гӯштини миллӣ!!!

    Мусобиқаи умумиҷумҳуриявии гӯштини миллӣ бо иқдом ва дастгирии Раиси Маҷлиси ....

    07.05.2021 11:37
  • 

    Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад. Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ ....>>>

    Qonun2

    © 2021 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика