Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зуҳуроти ифротгароӣ ва пайомади манфии он

Ноамнӣ ва бесуботии Ховари Миёна боиси ташвиш ва нигарониҳои зиёди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Осиёи Миёна гардидааст. Cолҳои охир тибқи маълумоти мақомоти қудратии кишвар ҳолатҳои рӯ овардани ҷавонони тоҷик ба ҳаракатҳои ифротгаро зиёд шуда истодаанд, ки ширкати онҳо дар муҳорибаҳои Сурия ва Ироқ ин ақидаро собит месозад. Шомилшавии ҷавонони тоҷик дар ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли ифротгароидошта, ба монанди «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ», «Байъат», «Ҳаракати Толибон», «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Салафия» мисоли равшани ин қазия аст. Нафарони мазкур мутаассифона, намедонанд, ки қурбонии бозингарони бузург ва душманони Тоҷикистон гардидаанд.

hqdefault

Омилҳои гуногунеро метавон зикр намуд, ки ҷавонон таҳти таъсири чунин ҳизбу ҳаракатҳо қарор мегиранд. Сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани маърифати кофии динӣ ва инчунин, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи бекорӣ сабабгори асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст. Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ асосан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин ташвиқот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Чунин раванд омили ба вуҷуд оварандаи нооромӣ ва бесуботии ҷомеа хоҳад шуд, зеро баҳсҳо ва муборизаҳои идеологӣ ва ғоявӣ дар майдони шабакаҳои иттилоотӣ бо тамоми шиддат ҷараён доранд. Чунин баҳсҳои иттилоотӣ метавонанд дар ҳама ҳолат таъсири худро ба ҷомеа расонанд.
Маълум аст, ки вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаи ҳар як кишвар ба раванди таъмини дастовардҳои миллӣ ва амнияти сартосарии он таъсири амиқ дорад. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, зарур аст, ки мафкура ва вазъи равонии ҷомеа бо татбиқи барномаҳои мухталифи сиёсию фарҳангӣ ва идеологӣ ба ҳадафҳои давлату миллат ҳамгун ва ҳамнаво бошад. Дар ин раванд, албатта, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, то мушкилоти мавҷуда ҳаллу фасл гардад.
Бояд гуфт, ки аксари таҳлилгарон бар ин назаранд, ки сатҳи донишу маърифати дунявии ҷавонон хеле поён рафтааст ва маърифати диниашон низ шакли костагӣ ва нуқсондошта, онҳо дар бисёр маврид миёни оддитарин масъалаҳои хурофоту дин, ақидаҳои ботилу воқеӣ фарқ гузошта наметавонанд. Ин танҳо мушкилоти имрӯзаи кишвари мо набуда, балки тамоми кишварҳои пасошӯравӣ гирифтори чунин проблемаҳо ҳастанд. Роҷеъ ба масъалаҳои хурофотпарастӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни суханрониҳои хеш ибрози ақида карда, онро сабаби аслии костагии маърифати ҷомеа, бахусус, ҷавонон ва вабои аср арзёбӣ намудааст.
Албатта, ин мушкилот дар маҷмӯъ, боиси он мегардад, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва фурсатталаб аз вазъияти ҷойдошта истифода мекунанд. Масалан, тибқи маълумоти расмии мақомоти қудратии кишвар беш аз 300 нафар ҷавонони тоҷик дар кишварҳои Сурия ва Ироқ меҷанганд, ки аз онҳо аллакай зиёда аз 80 нафарашон ҷони худро аз даст додаанд. Ҷой доштани чунин падидаи ногувор аз сатҳи пасти маърифати динию мазҳабии ҷавонони кишварамон ва аз суст ба роҳ мондани мубориза алайҳи ифротгароӣ шаҳодат медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар Осиёи Марказӣ ифротгароӣ ба тадриҷ дар байни занон низ ривоҷ пайдо карда истодааст. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон, соли равон теъдоди занон дар гурӯҳҳои тундрави исломӣ 23 дарсад афзоиш ёфтааст. Соли ҷорӣ даҳҳо зан аз ҷануби Қирғизистон ба ҷанги Сурия рафтаанд. Баъзе занҳои тоҷикро низ шавҳаронашон маҷбуран ба Сурияву Ироқ бурдаанд, ки ин боиси ташвиш ва нигаронист. Агар як сабаби иштироки занон низ фақру бенавоӣ бошад, аз тарафи дигар, таблиғоти ифротгароӣ низ дар миёни онҳо хеле авҷ гирифта, андешаву тафаккури эшонро сайди доми худ кардааст. Имрӯз тавассути таблиғи иртиҷоии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИИШ) занони дорои тахассуси тиббӣ доштаро ба сафҳои худ ҷалб мекунад. Ҳамчунин, онҳо дар ҷустуҷӯйи занҳои норозӣ ва ё озурда аз зиндагӣ ё азияткашида аз мақомоти кишварҳои дорои муҳоҷират мебошанд ва онҳоро бо ҳар гуна воситаҳо ба созмонҳои ифротии хеш ҷалб менамоянд. Ва қобили тазаккур аст, ки имсол як гурӯҳи занони Ҷумҳурии Қазоқистон ҳам барои ширкат ба ҷанги Сурия рафтаанд, ҳарчанд мақомоти кишвари номбурда мегӯянд, ки онҳо барои ба ватан баргардонидани шавҳарҳояшон ба он ҷо муҳоҷират намудаанд. Чанд зани тоҷик низ аз вилояти Суғд ҳам бо баҳонаи овардани шавҳарҳояшон ба Сурия рафтаанд.
Давлати Тоҷикистон барои беҳбудӣ бахшидан ба пешгирии ифротгароӣ роҳи дигарро пеш гирифт. Масалан, барои рӯҳониёне, ки дорои вазифаи имом-хатибии масҷидҳои ҷомеъро доранд, аз ҳисоби буҷаи давлатӣ маош таъйин гардид, ки ходимони дин барои пешгирӣ намудани ин гуна ҷараёнҳо кумаки имонӣ ва виҷдонӣ расонанд ва ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа хидматҳои арзандаро дареғ надоранд. Ин далели он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои осоиштагӣ ва оромии мардум кӯшиш ба харҷ медиҳад, вале гурӯҳҳои дорои ақидаи ифротӣ низ барои фиребидан ва аз паси худ бурдани гурӯҳе аз ҷомеаи кишварамон муваффақ шуда истодаанд. Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъалаи муҳим диққати махсус дода, иброз дошт: «Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастию ифротгароӣ, инчунин, таҳқиҳи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд».
Бинобар ин, давлат ба хотири таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимоят аз сиҳатии шаҳрвандон ва дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои дигар шаҳрвандон метавонад чораҳои зарурӣ ва ҷиддиро ҳам ба кор гирад. Талошу кӯшишҳои таҳти назорат қарор додани раванди ифротгароии динию мазҳабӣ боиси эътирозҳои баъзе рӯҳониён мегарданд, дар ҳолате ки бояд решаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсию фарҳангии онро пайдо намуд ва бартараф кард. Инчунин, бештари мусалмонон бовар доранд, ки гурӯҳҳое чун «ДИИШ» аз сӯйи душманони ислом ба хотири бадномсозии ин дини мубин таъсис дода шудаанд. Ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ мегӯянд, ки ифротгароии динӣ ва терроризм аз душманони асосии суботу амният дар ин кишварҳост ва бояд бо он ҳаматарафа мубориза бурд.
Бояд гуфт, ки дини мубини ислом сулҳу субот ва оромиро ташвиқ намуда, рӯ овардан ба ифроту тундравиро манъ мекунад. Аз ҷумла дар ояти 9 ва 10-уми сураи «Нисо»-и Қуръони карим омадааст: «Муъмин бародари муъмин ва хуни муъмин резонидан гуноҳи азим аст». Ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд. Ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод ва ҳушманд, ифтихор ва сармояи хушбахтӣ ва саодатмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгаро ва ситезаҷӯ доғи дили падару модарон, дарди сари ҷомеа ва омили хушунат, низоъ ва фитнаҳои навбатӣ хоҳанд гашт.
Хулосаи калом, масъалаи тундгароӣ дар ҷомеаи кишварамон бисёр актуалӣ мебошад, аз ин рӯ, он таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд ва пеш аз ҳама, ҷавононро лозим меояд, ки дар ин масъала эҳтиёткор бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва аз ҳамроҳшавӣ ба чунин гурӯҳҳо худдорӣ намоянд.
Файзизода Х., сардори шуъбаи коркарди амалиётҳои оперативии РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика