Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарунмояи андешаи миллӣ

240Ҳар қадар ки аз соли 1997 - соли мубораки имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо ҳукми таърих дуртар биравем, ҳамон андоза арзиши таърихии он барои миллат ва давлати Тоҷикистон бештар ва амиқтар дарк мешавад. Инак, тӯли 22 сол аст, ки дар мамлакат ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии мардум ба маънои томаш татбиқ шудааст. 

Бо даргузашти вақт ваҳдат ҳамчун идеяи муттаҳид намудани миллат ба яке аз рукнҳои асосии андешаи миллӣ ва идеологияи миллӣ табдил ёфт ва ин раванд комилан табиист. Зеро ба ҷуз ваҳдати миллӣ ғояи фарогиртаре, ки тамоми қишрҳои ҷомеаро ба ҳам оварда ва барои расидан ба зиндагии шоиста дар ҷомеаи қонунсолорӣ мусоидат мекарда бошад, вуҷуд надорад. Нақши дин, бахусус мазҳаби ҳанафии он, ки кулли мардуми тоҷик шарафи пайравии онро доранд, дар ташаккул ва устувории ваҳдат хеле бузург аст, балки метавон гуфт, ки бидуни эътирофи арзишҳои динӣ дар ин масъала худи ғояи миллӣ ё андешаи миллӣ побарҷо буда наметавонад. Ин аст, ки ваҳдатро бе арзишҳои дин ва ҳам бе арзишҳои давлатдории миллӣ тасаввур кардан номумкин аст.
Дин дар ҷомеаи тоҷик ҳамеша ҷузъи асосии фарҳанги миллӣ буд ва ваҳдат низ ҷузъи таркибии фарҳангу тамаддуни мо дар асри ҳозир ба шумор меояд. Ҳоло бо гузашти 22 сол сару садоҳое паҳн мешавад, ки гӯё бо қатъи фаъолияти ҳизби исломӣ ва экстремистию террористӣ эътироф шудани он маъно ва мазмуни ваҳдат аз миён рафтааст. Комилан нодуруст аст ин муддао. Аввалан, замони имзои Созишномаи сулҳи сартосарӣ наҳзатиён ҷузъе аз иттиҳоди мухолифин буданд, баъдан дар ягон санади сулҳовар зикр нашуда буд, ки ҷиноят содир кардан зидди манфиатҳои миллӣ авф хоҳад шуд.
Масъалаи дигар дар робита бо ваҳдат ин аст, ки ин мафҳум хоси ин ё он қишри алоҳида нест, дар чорчӯбаи фаҳми ваҳдат тамоми миллат ва тамоми қишрҳои он шомил мешаванд. Яъне ваҳдат идеяи сартосарист, образнок бигӯем, чароғе ҳаст, ки роҳи миллат ва ҷомеаро барои рушду тараққӣ равшан мекунад. Тамоми пешрафтҳои давлат маҳз дар заминаи ваҳдат шуда метавонад, ончунон ки роҳ ҳамвор набошад, гардиши нақлиёт номумкин мешавад.
Ваҳдат ҳамеша дар муқобили парокандагиву нифоқ ва парешониву навмедӣ тасаввур мешавад. Дунёеро, ки барои зисти бани башар офаридаанд, ҳамеша дуқутба буд ва то кунун чунин ҳаст, зиддиятҳое, аз қабили сиёҳу сафед, рӯшаниву торикӣ, некиву зиштӣ, хубиву бадӣ, ростиву дурӯғ, фиребу дурустӣ, баракату бебаргӣ, ҳушёриву девонагӣ, ғасбкориву бахшандагӣ ва ғайраҳо. Ин зиддиятҳо чунон зиёданд, ки дар шумори онҳо кас раҳгум мезанад. Ва ҳамин тақобулҳост, ки инсоният ҳамеша дар роҳи расидан ба мақсуд, дар ташхиси муайян кардани неку бади зиндагӣ ҳамеша ихтиёр дошт ва дорад. Агар иродаи инсон ба сӯи бахту саодат бошад, ӯ роҳи ростиро интихоб мекунад ва агар баръакс бошад, вайрониву зулмат чун ғубори фасли поиз пеши чашмро хира хоҳад кард.
Ваҳдат низ аз ҷумлаи ҳамин тақобулҳост, ки дар пешорӯи он парешониву сарафкандагӣ қарор дорад. Олимони ҷомеашинос баршумурдаанд, ки бештар аз ҳаштод тамаддунҳои инсонӣ дар масири таърих аз набудани ваҳдат, дуруст муайян накардани зиндагии мураттаб аз ахлоқи поки инсонӣ ба футур рафтаанд. Миллатҳо ва қавмҳои бешуморе ба иллати нофаҳмиҳо дар сохтмони як ҷомеаи адолатпарвар дучори фоҷиаҳо шудаанд. Ин ҳолат дар ҳофизаи таърихии халқҳову миллатҳо дар шакли асотиру афсонаҳо ва нақлу ривоятҳо боқӣ мондаанд.
Қавмҳо ва давлатҳое будаанд, ки ба авҷи тамаддун расида буданд, аммо ба иллати ба ҷомеаи онҳо ворид шудани омилҳои ҷудоиангез, ақоиди бегона ва зиёновар, ҳамчунин бар асари ғуруру такаббур ва дигар омилҳои нифоқовар тобеи дигар сарзаминҳо шуданд, асолати миллии худро аз даст доданд ва ба таркиби дигар тамаддунҳо даромехтанд. Ин гуна мисолҳоро аз таърих зиёд овардан мумкин аст.
Абдуррауфи Фитрат, вақте ки аҳволи бади мардуми Бухороро дар ибтидои асри 20 ба мушоҳида гирифт, дар «Раҳбари наҷот» ном асараш ба хулосае омад, ки сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳои мардум аз ду чиз беш нест: яке ҳирс ва дигаре ғалати муҳокимот. Аз ин ду, ба назари мо, ғалати муҳокимоташ хатари бештар дорад, зеро ҳамин ки дар мафкура ғалат ташаккул ёфт, инсонҳоро ба роҳи нодуруст мебарад.
Мисоли дигар. Соли 184 то милод дар Рим Катон ном сиёсатмадор баробари сензор интихоб шуданаш муборизаро барои пешгирии вуруди афкору одатҳои барои ҷамоаи Рим хавфнок эълон намуд. Ҳамон ақидаву одат ва расму ойинҳое иҷозат дода мешуд, ки барои муттаҳидии обшинаи Рим мусоидат мекарданд.
Ё боз мисоли дигаре. Солҳои сиюми асри гузашта Иқбол баъди сафаре, ки ба Афғонистон, хусусан шаҳрҳои Кобулу Ғазна ва Қандаҳор дошт, маснавие навишт бо унвони «Мусофир». Шоҳи Афғонистон Муҳаммад Нодиршоҳ ва фарзанди ӯ – Зоҳиршоҳро ҳушдор дод, ки рӯ ба маорифпарварӣ, рӯ ба илму мактаб биёрад, вагарна ин кишварро оқибатҳои номатлубе интизор аст…
Миллати тоҷик дар аҳди Сомониён ба қуллаи тамаддуни ҳамондавра расида буд, сарзаминҳои паҳноваре дошт, истиқлоли мувофиқ ба давлати абарқудратро касб карда буд. Аммо, тавре ки мегӯянд, бало аз дарун бархост ва ин кишвари паҳновару мутараққӣ ба ихтиёри онҳое гузашт, ки тарҳи парокандагии онро хеле бодиққат кашида буданд. Сомониён натавонистанд, ки як стратегияи дуруст тарроҳишудаи пешрафтро амалӣ кунанд, баъдан адолати иҷтимоӣ низ дар баробари дигар авомил нуқси зиёде пайдо карда буд. Ҳукумат ба бегонагон гузашт ва натиҷааш ҳамин шуд, ки баъди ҳазор сол ба миллати тоҷик кӯҳдоманҳое аз Бухорои шарқӣ, ки аз сад яки он сарзамини таърихиро мемонад, насиб гардид.
Хуб, ин дарс ва сабақи таърих аст, ки мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем. Ба қавли Иқболи Лоҳурӣ:
Боз бар рафтаву оянда назар бояд кард,
Ҳалла бархез, ки андеша дигар бояд кард…
Андешаи дигар ҳамин ваҳдат аст, ки тӯли бисту як сол аст, ки дар борааш мегӯянду менависанд, аммо боз гуфтаниҳову навиштаниҳо мемонад. Чаро чунин аст? Чунки ба ақидаи мо, роҳу воситаҳо ва омилҳои тақвият бахшидани ваҳдат интиҳо надорад, чунонки як давлати маънавибунёди миллӣ мегӯему бунёди он идома дорад. Сохтани чунин давлате, ки ҳам миллӣ бошаду ҳам қонунбунёд, кори саҳл ҳам нест, он даҳсолаҳо заҳмат мехоҳад, сабру таҳаммул ва иродаи матини ҳамагониро тақозо дорад. Ваҳдат ин бедории миллӣ дар муқобили тағофулу хуфтагии ахлоқиву маънавист. Миллате, ки сарҷамъ набошаду андешаи ояндаро дар заминаи сохтори неруманди кишвардории мутамаддин дар сар надошта бошад, зуд дар доми абармарқудратони дигар мемонад. Бедории миллӣ низоми андешаи миллиро тақозо мекунад, ки ҳолиё аксари олимони ҷомеашинос сари он таҳқиқот мебаранд. Боз ҳамон Иқбол ба хотир мерасад, ки ҳушдор дода буд:
Қудсиёнро субҳи ид он соате,
Гар шавад бедор чашми миллате…
Чун нек бингарем, сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳое, ки солҳо қабл ба сари миллати мо расида буд, таназзули ахлоқи ҳамида буд. Ҳамон ахлоқе, ки дарунмояаш имон ва виҷдон аст. Ношукриву бесипосӣ ба дастархони якҷоягиву ҳамбастагӣ чашмони қалбҳоро кӯр кард, тундравию ифротгароӣ ҳокими ақлҳо шуд ва натиҷааш ҳамин шуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик, ки як вақтҳо тавассути Ҷалолиддини Балхӣ фалсафаи ваҳдати умумиҷаҳониро кашф карда буд, худаш ба коми парокандагие бар асоси низои мазҳабӣ афтод ва анқариб буд, ки давлатро аз даст бидиҳад.
Мавлоно таҳаммулгароии бесобиқаро паҳн кард ва хулоса бардошт, ки ин ягона роҳи наҷоти ҳар миллате дар олами пурмазҳаб аст. Ҳол он ки Мавлонои Рум бузургтарин шахсияти рӯҳонӣ ва бунёдгузори андешаи нави исломӣ дар таърихи тамаддуни мо эътироф мешавад. Андешаи таҳаммулгароӣ бузургтарин андешаи давлатсозу тамаддунофар то ҳанӯз боқӣ мемонад ва то кунун инсоният ба ҷуз ин андеша роҳи дигари бақои ҷамъиятҳои худро намедонад.
Ҳоло ҳам боқӣ мондаанд баъзе ғалатандешоне, ки динро омили асосии барҳамзанандаи ваҳдат медонанд, бехабар аз он ки маҳз дин ҳамчун навъи аз ҳама пуртаъсири шуури ҷамъиятӣ дар таҳкими давлати миллӣ ва поянда доштани ваҳдати миллӣ нақши муассир дорад. Дину давлат ду гавҳаре ҳастанд, ки наметавонанд бе ҳамдигар бошанд, гӯиё ба сифати он ки дар як инсон будани ду даст ҳамеша зарурат дорад. Дин дар мағз андар мағзи таълимоти худ андешаи ваҳдати инсонҳо ва дар як ҷомеаи поки ахлоқӣ зистани онҳоро ҳамеша талқин кардааст ва мекунад. Дар ояи 103-юми сураи «Оли Имрон» омадааст: «Ва Шумо ҳама ба китоби Худо чанг занед ва пароканда нашавед ва неъмати Худоро, ки бар шумост, ёд кунед, ки чун душмани якдигар будед, пас, миёни дилҳоятон улфат дод ва ба неъмати Худо бо якдигар баробар шудед ва бар каронаи мағоке аз оташ будед, пас шуморо аз он раҳонид».
Ҳамин нуктаро Мавлонои бузург хеле дурусту воқеӣ баён фармудааст:
Давлат ҳама з-иттифоқ хезад,
Паркандагӣ аз нифоқ хезад…
Ихтилоф кардан дар ҷамоати воҳид бузургтарин гуноҳ аст, ки ин нукта дар ояи 105-и сураи зикршуда низ омадааст: «Ва монанди касоне мабошед, ки баъд аз он ки ба онҳо ҳуҷҷатҳо омад, пароканда шуданд ва бо якдигар ихтилоф карданд ва он гурӯҳро азоби бузург аст». Маҳз ҳамин низоъ варзидан ва наёфтани роҳи мусолиҳатомези ҳалли қазияҳои баҳсбарангез башариятро пайи ҳам ба фоҷиаҳо гирифтор намудааст.
Аз ин хотир, боистӣ, ки ба ваҳдат ҳамчун беҳтарин неъмат назар карда, на фақат онро бояд неку нигаҳ дошт, балки бо амали нек ва хислати ҳамида ба мероси ояндагон гузошт, ҳамон тавре ки хиште болои хишт мениҳанд, ваҳдат низ бояд беосеб ба пасояндагон ба мерос монда шавад.
ҲАФИЗ РАҲМОН, адабиётшинос, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика