Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Тоҷикистон муқобили ғаразҳои низоъафканист

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон, шукргузори онанд, ки дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебаранд, ки ин ҳама аз шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошу заҳматҳои чандинсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. 

Дар тӯли 27- соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил ёфта, 3 стратегияи асоси кишвар амалӣ гардид. Яъне раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, истилолияти энергетикӣ ва кушодашавии роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дошта мебошад, ки Тоҷикистон тавонист дар як муддати кӯтоҳ аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноатӣ гузарад. Имрӯз Тоҷикистонро зиёда аз 178 давлати дунё мешиносад ва узви Созмони Милали Муттаҳид ва чандин созмонҳои байналмилалӣ буда, ҳамкориҳояшро дар самтҳои гуногун хуб ба роҳ мондааст. Сиёсати дарҳои кушод аз он дарак медиҳад, ки робитаҳои дӯстонаи мо бо дигар давлатҳо ва робитаи кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон вусъат ёбад.
Масъалаи муҳиме, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро ба таҳлука овардааст, ин авҷ гирифтани экстремизм ва террроризми байналмилалӣ мебошад. Ин вабои аср Тоҷикистонро низ бетараф нагузоштааст. Дар масъалаи экстремизм ва терроризм, Пешвои миллат борҳо аз минбарҳои баланди сиёсӣ оиди решакан намудани ин вабои аср баромадҳо намудааст. Дар вохӯрию мулоқотҳояшон бо аҳли зиё ва аҳли ҷамоатчигӣ борҳо таъкид менамояд, ки фирефтаи ақида ва афкорӣ гурӯҳҳои моҷароҷӯ ва ифротӣ нагардед.
Бо мақсади пешгирӣ ва хотима бахшидан ба “экстремизм-терроризм”, 4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Томас Гремингер дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” мулоқот намуданд. Дар мулоқот таъкид гардид, ки Тоҷикистон мутобиқ ба принсипҳои САҲА ҷиҳати решакан кардани терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ хоҳони ҳамкорӣ мебошад ва мавқеи кишвари мо дар ин масъала кушоду равшан ва орӣ аз “меъёрҳои дугона” аст.
Воқеан, терроризм ба худию бегона ва хубу бад ҷудо намешавад. Ҳама гуна зуҳуроте, ки барои вайрон сохтани фазои ороми як кишвар нигаронида шудааст, метавон онро ба амалҳои террористӣ нисбат дод. Агар ҳизби мамнуъшудаи “ҲНИ”, ки мухолифи Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон аст, бо амалҳои террористиаш (ошӯби мусаллаҳонаи сентябри соли 2015) фазои ороми кишварро ғуборолуд намекард, то имрӯз чунин кашмокашӣ ва ҳар вақт ба ташкил кардани нооромиҳо ба вуқӯъ намепайваст.
Бинобар ин, мухолифини тоҷик дар ҷаласаи арзёбиҳои ҳуқуқи башар ва озодиҳои сиёсӣ, ки рӯзи 10 сентябр дар шаҳри Варшава оғоз гардид, бо иштироки худ ба Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон айбу туҳматҳои зиёдро бор карданӣ ҳастанд.
Суоле пеш меояд, ки чаро дар ҷумҳурӣ фаъолияти дигар ҳизбҳои сиёсӣ бекор карда нашуд? Посух чунин аст: Барои он ки дигар ҳизбҳои сиёсӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон баҳри ободонию бунёдкории кишвар якҷоя фаъолият мебаранд. Онҳо бо мақсадҳои ғаразноки худ барои ноором сохтани фазои кишвар кӯшиш намекунанд.
Аз ин лиҳоз дар муҳити сиёсӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон барои ҷинояткорон ва афроди террорист роҳ нест. Хуб мешуд, ки М.Кабирӣ тамоми аъзоёни ҷинояткори ТТЭ “ҲНИ”-ро ба мақомотҳои дахлдори кишвар таслим менамуд ва худи ӯ барои содир кардани авбошию кирдорҳои террористияш назди мардуми шарифи Тоҷикистон посух медод.
Адолати судӣ ва адолати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон барқарор аст. Аз хориҷи кишвар истода, ба сӯи ватани худ санг партофтан кори мардон нест. Ҳодисаҳои нангини соли 1992 ва 2015 дар таърихи халқи тоҷик бо хатти сиёҳ навишта мегардад. Ояндагони миллат ба ҳоли имрӯзаи шумо барин муборизин механданд ва нафрину лаънат мехонанд.
Дигар халқу қавмиятҳо тамоми қудрат, қувват ва сарватҳои маънавию зеҳнии худро барои ободии ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт ва хушбахтии фарзандони худ сарф мекунанд.
Мутаассифона гурӯҳҳои мансабхоҳ, кӯтоҳандеш ва кинадуз пайваста даргири ихтилоф, фитнаангезӣ ва хунрезӣ гашта, монеи зиндагии ширини мардуми тоҷик мегарданд.
Магар М.Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, ки дар кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ пинҳон гаштаанд, ин масъаларо намефаҳманд ва ё дидаву дониста бар зидди халқу миллати худ созмону ташкилотҳои нави иғвоангезро таъсис медиҳанд? Охир айб ва шарм аст, чунин рафтор ва амали ноҷавонмардона нисбат ба халқу миллати худ!
Инсони бохирад ва дурандеш ҳаргиз дини ислом ва муқаддасоти онро барои расидан ба ҳадафҳои террористӣ ва ё ғаразҳои сиёсӣ истифода намебарад.
Вожаи ислом аз ТТЭ “ҲНИ” гирифта шавад, зеро дар сафи ин ташкилоти террористӣ ягон афроди содиқ ба дини ислом дида намешавад. Ислом зидди террор ва терроризм аст. Ташкилоти террористӣ- экстремистии “Ҳизби Наҳзат” ва пешвоёни дурӯя ва хоини он дигар дархури ҷомеаи Тоҷикистон нестанд.
Барои мардуми Тоҷикистон пешрафт, зиндагии осуда ва тинҷиву амонӣ лозим аст. Хоҷапарастиву хоҷагароӣ ва мансабталабию курсихоҳӣ ба фоидаи халқ нест. Афсус ки М.Кабирӣ ва аъзоёни экстремистии “Гурӯҳи 24” хоҷапарасту мансабхоҳ буда, талош доранд, ки Тоҷикистонро бори дигар ноором созанд.
Мардуми Тоҷикистон намегузорад, ки гурӯҳҳои мансабхоҳу иғвоангез бори дигар кишварро ба майдони ҷангу хунрезӣ табдил диҳанд. Аз ин лиҳоз, халқи Тоҷикистон муқобили низоъафканӣ ва таҳдидҳои терроризми байналмиллалӣ буда, барои рушд ва суботи ҷомеаи шаҳрвандии худ талош доранд.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Фараж»




Рӯйдодҳо

  • Расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар Маркази савдои «Ашан»

    Дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ санаи 7-юми июли соли ....

    07.07.2020 16:36
  • Муноқишаи оилавӣ бо кордзанӣ анҷомид

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи ....

    07.07.2020 09:14
  • Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи ....

    07.07.2020 09:11
  • Амалиёти "Корд": Боздошти сарчашма ва мусодираи 27 адад электрошокер, дастчӯби ....

    Дар доираи амалиёти шартии «Корд», ки аз ҷониби милитсияи пойтахт ....

    06.07.2020 16:43
  • Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи ....

    06.07.2020 10:19
  • Ошкор шудани дуздии 2-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза зани 52-солаи сокини ....

    06.07.2020 10:14
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияҳои Ҷ.Балхӣ ва ....

    Санаи 4-уми июли соли 2020, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    06.07.2020 10:12
  • Сӯхтор дар Беморхонаи клиникии шаҳри Кӯлоб

    Дар натиҷаи вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми васлу ....

    04.07.2020 12:41
  • Сӯхтор дар анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонӣ

    Санаи 4-уми июли соли 2020 соати 07:45 дақиқа дар анбори ....

    04.07.2020 12:36
  • Ошкор шудани дуздии ҷавоҳиротҳои гуногуни тиллои

    Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 39-солаи сокини ....

    04.07.2020 10:03
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ

    Бо мақсади иҷрои амрномаҳои қабулнамудаи Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва ....

    04.07.2020 12:24
  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика