Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ оид ба пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ

254

Рӯзи 21-уми июни соли 2018 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо аҳолӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо сокинони ҷамоати деҳоти Сафедчашмаи ноҳияи Нуробод вохӯрӣ баргузор намуд.

255256

Дар вохӯрӣ ҳамчунин Раиси ноҳияи Нуробод Дӯстзода Ҳасан Тақдир ва намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ бо сокинони ҷамоати деҳоти Сафедчашма сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Азизулозода С.А. ҷиҳати баргардонидани ҷавонони гумроҳ аз кишварҳои ҷангзада сухан ронда, зикр кард, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бояд тамоми қишрҳои ҷомеа бо кормандони милитсия ҳамкорӣ намоянд.
Зикр гардид, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон мавзӯи терроризм ва экстремизм ҳамаро ба ташвиш овардааст, ки инро ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум мекунад.
Мавсуф дар хотимаи суханронӣ аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати пешгирии гаравидани шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар задухурдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо ва баҳри бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуб муборизаи дастаҷамъона бурда, бетараф набошанд.
Дар интиҳои вохӯрӣ аз ҷониби иштирокчиён доир ба роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ як қатор пешниҳодҳои судманд иброз гардид.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика