Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баррасии масоили мубориза бар зидди терроризм

154

Рӯзи 27-уми март дар Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрии роҳбарияти ин раёсат бо намояндаи Сарраёсати муқовимат бар зидди экстремизми Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Резинкин Олег Константинович баргузор гардид.
Дар он сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед, сардори шуъбаи таҳлилӣ ва банақшагирии ҳамкориҳои байналмилалии раёсати мазкур подполковники милитсия Суҳроб Қаландаров ва дигарон иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкориҳо дар самти мубориза бо хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, дарёфти маълумот оид ба амалиётҳои гуногуни электронӣ ва киберҷиноятҳо, инчунин пешгирии маблағгузории гурӯҳҳои тундгарову ифротӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҷонибҳо аз ҳамкории судманди ду мақомот изҳори қаноатмандӣ намуда, барои тақвияти робитаҳо фикру пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

155

Бояд зикр сохт, ки вохӯрии мазкур дар асоси қарори Мушовараи якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия доир гардид.
Т. ЛАТИПОВ




Рӯйдодҳо

  • Барқарор намудани дарахти ороишӣ аз ҷониби ронанда баъд аз садамаи ....

    Ободиву созандагӣ мақсаду мароми давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. ....

    04.06.2020 11:34
  • Ошкор шудани дуздии блоки системавӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ....

    04.06.2020 10:00
  • Дар амри ватандорӣ ташаббускорӣ ва масъулиятшиносӣ

    Дар ҷавоб ба муроҷиати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ....

    03.06.2020 09:25
  • Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад!

      Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро ....

    03.06.2020 09:21
  • Ошкор шудани ҷинояти дуздӣ

    Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 30-солаи сокини ....

    03.06.2020 08:59
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар ноҳияи Рудаки

    Санаи 1-уми июни соли 2020, тахминан соати 23:40 дақиқа, ронандаи ....

    03.06.2020 08:58
  • Ҷавоб ба хабарнигорон оид ба қазияи Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло ....

    Муроҷиати хабарнигор Ғурбатов Авазмат Умаралиевич (Абдулло Ғурбатӣ), ки рӯзи 29-уми ....

    02.06.2020 23:23
  • Садамаи нақлиётии марговар

    Санаи 31-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30 дақиқа, ронандаи ....

    02.06.2020 09:42
  • Ошкор шудани дуздии 2-сар чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ, бо ариза марди 60-солаи сокини ....

    02.06.2020 09:39
  • Корбари бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ

    Ҳифзи саломатии аҳолӣ самти фаъолиятест, ки имрӯзҳо милитсия бо назардошти ....

    01.06.2020 17:18
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • ТАВАҶҶУҲ!!!

    Ба ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ расонида мешавад, ки ҳангоми ....

    02.05.2020 17:50
  • Эълон!

    Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ....

    20.04.2020 11:13
  • Эълон барои қабули мутахассисони соҳавӣ

    Раёсати ташхисӣ (эксперт) - криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ....

    17.04.2020 13:16
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика