Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ оид ба пешгирии зуҳуроти номатлуби замони муосир дар ноҳияи Восеъ

Кормандони Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеъ ба хотири ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагӣ, бо аҳли ҷамоатчигии ноҳияи мазкур дар мавзӯи «Терроризм - хатар ба инсоният» машварати корӣ доир намуданд.

Дар ин ин ҷамъомад Раиси ноҳияи Восеъ, муовини сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон полковники милитсия Нозимзода Файзулло, кормандони милитсия, инчунин фаъолони ноҳия, роҳбарони корхонаҳо, муассиса, ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо ширкат варзиданд.
Раиси ноҳияи Восеъ Ғафурзода Мусо чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки мақсад аз баргузории ҷамъомад, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон, омӯхтани илму дониш ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
«Мавриди зикр аст, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари бузург табдил ёфта, ҷаҳони муосиро ба ташвиш овардааст. Дар ноҳияи Восеъ шаҳрвандоне ба қайд гирифта шудаанд, ки имрӯзҳо аз гумроҳӣ дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ иштирок доранд», - чунин иброз дошт, зимни баромад Нозимзода Файзулло.

Зикр гардид, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон мавзӯи терроризм ва экстремизм ҳамаро ба ташвиш овардааст, ки инро ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳкум мекунад. 

Мавсуф дар хотимаи суханронӣ аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати пешгирии гаравидани шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии экстремистӣ ва иштироки онҳо дар задухурдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо ва баҳри бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуб муборизаи дастаҷамъона бурда, бетараф набошанд.
Офоқи Қодириён 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика