Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Терроризм ва экстремизм - зуҳуроти номатлуби ҷомеа

26 апрели соли ҷорӣ, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар бо иштироки сардори РВКД дар вилояти Хатлон, генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон Шарипов Ш. ва Раиси ноҳияи Бохтар Ҷаббори Ғаффор ҷамъомад дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизм - падидаҳои номатлуби ҷомеа” баргузор гардид.
Инчунин дар ин ҷамъомад раисони маҳаллаҳо, фаъолон, эмомхатибон ва наврасону ҷавонон ширкат варзиданд.
Зимни баромад сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, генерал-майори милитсия Искандар Солеҳзода қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи байни тоҷикон барқарор ва устувор гардид ва давлати мо аз хатари даҳшатбори нобудӣ раҳоӣ ёфт. Вале дар замони мо шахсоне, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд афкор ва мақсадҳои худро бо ҳар роҳу васила ва амалҳои тундравона амалӣ созанд.
Ифродгароӣ ва терроризм - зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон Шарипов Ш. дар баромадаш иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалӣ ба бор овардааст, суръатёбии раванди ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ ба ҳисоб меравад.
Имрӯзҳо дар як қатор давлатҳои дунё ҷангҳои харобиовар идома доранд, ки боиси афзоиши шумораи қурбониён ва дигар проблемаҳои иҷтимоӣ гардидаанд.
Терроризм ва ифродгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта оқибатҳои даҳшатбор ба бор меорад. Бинобар ин, ҷавонон бояд пайваста ба омӯхтани илму дониш, мусобиқаҳои варзишӣ, баргузории ҳаргуна маҳфилҳо, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз амалу кирдорҳои номатлуб дур бошанд.
Инчунин иштирокдорони дигари ҷамъомад ба музокира баромада, атрофи масоили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир ибрози андеша намуданд.
Офоқи Кодириён  


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика