Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи ҷорӣ гардидани низоми ягонаи шиносномавӣ

153

Имрӯз (25.12.с.2019), бахшида ба Рӯзи ҷорӣ гардидани низоми ягонаи шиносномавӣ, ки ҳамасола 27-уми декабр қайд карда мешавад, бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир, сардори Раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ Равшан Бобохонов, роҳбарият, собиқадорон, кормандони воҳидҳои поёнии он дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва ҳайати ХШБ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

154

Пас аз сурудани Суруди миллӣ, чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом оғоз намуда, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ, тамоми кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД ва собиқадорони ин ниҳодро бо фарорасии Рӯзи ҷорӣ гардидани низоми ягонаи шиносномавӣ муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, рӯзгори хуш ва комёбиву сарбаландиро дар фаъолияти ҳамарӯзаашон таманно намуд.
Зимни баромади худ муовини Вазири корҳои дохилӣ аз таърихи бою рангин ва фаъолияти масъулиятноки бахши шиносномавӣ, дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати кишвар ва саъю кӯшишҳои роҳбарияти ВКД дар пешрафти ин ҷузъи ҷудонашавандаи сохтори мақомоти корҳои дохилӣ суханронӣ намуда, зикр кард, ки имрӯз роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар пешрафту дастовардҳои мақомоти милитсия таваҷҷуҳи хосса дошта, шароити хизмативу маишӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кормандон таъмин мебошад.
Дар идомаи конфронси илмӣ-амалӣ сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Халилзода Ҳусейн Собир кулли кормандону собиқадорони ниҳодро бо фарорасии иди касбӣ табрику муборакбод гуфта, аз фаъолияти бахшҳои шиносномавӣ, дастовардҳои самти фаъолият, шароитҳои кории муҳайёгардидаи кормандон, шиносоӣ бо фаъолияти бахшҳои шиносномавӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, расонидани кумакҳои ҳуқуқӣ ба кормандони бахшҳо ва пешравию комёбиҳои самти фаъолият суханронӣ намуда, зикр кард, ки минбаъд низ баҳри оромиву осоиштагӣ, пешрафту шукуфоии Ватани азизамон дучанд камари ҳиммат баста, сазовори боварии роҳбарият мегардем.
Мавсуф бори дигар тамоми кормандону собиқадорони бахши шиносномавиро бо фарорасии рӯзи иди касбиашон табрик гуфта, барояшон дар ҷодаи кору хизмат барору комёбиҳо таманно намуд.

155156

Дар идомаи чорабинӣ муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Зумрад Абдуллозода аз таърихи пайдоиши шиноснома, марҳила ва сабабҳои тағирёбии шиносномаҳо дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, шакл ва сифати омодагардии онҳо баромади пурмуҳтаво намуда, ҳозиринро бо Рӯзи ҷорӣ гардидани низоми ягонаи шиносномавӣ ва фарорасии Соли нави мелодӣ табрик гуфт.
Ҳамчунин, дар баргузории конфронси илмӣ-амалӣ сардори Раёсати персонализатсияи Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ Равшан Бобохонов аз ҳамкории қавию судманди ду сохтори давлатӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки робитаи мо хуб ба роҳ монда шуда, ин ҳамкориҳо дар самтҳои таъмини техникаву таҷҳизоти корбарӣ, сари вақт омода намудани шиносномаҳои шаҳрвандӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ (биометрӣ), иҷроиши саривақтии дархостҳои бахшҳои шиносномавӣ равона гардидааст.
Инчунин, дар баргузории ин чорабинӣ собиқадорони ниҳод аз фаъолияти пурсамари худ дар ин самт, дастгириҳо ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти ВКД ва ХШБ изҳори миннатдорӣ намуданд.

157158

Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ сардори ХШБ як қатор кормандонеро, ки бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи ҷорӣ гардидани низоми ягонаи шиносномавӣ, нишондодҳои хуби хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, барои хизматҳои аъло, натиҷаҳои назарраси фаъолияти хизматӣ бо нишони сарисинагии «Барои хизматҳои аъло дар ВКД», медали «Барои хизматҳои шоён», медали «Милитсияи Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи фахрию Раҳматномаҳо қадрдонӣ шудаанд, тақдим намуд.
Р.Илёсов




Рӯйдодҳо

  • Сарфи беҳудаи барқ гулшани худсӯзон аст

    Ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гаштани давлати тоҷикон ва ташаккули давлатдории ....

    11.08.2020 15:49
  • Семинари омӯзишии «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа»

    Санаи 11-уми августи соли 2020 мувофиқи нақшаи муштараки Вазорати корҳои ....

    11.08.2020 14:04
  • Ошкор шудани куштори бераҳмонаи инсон аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян ....

    11.08.2020 11:25
  • Тариқи ошкоро тасарруф намудани телефони мобилӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....

    11.08.2020 11:23
  • Ошкор шудани силсила қаллобиҳо

    Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 40-солаи сокини ....

    11.08.2020 11:21
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар шаҳри Ваҳдат

    Рӯзи 10-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    11.08.2020 11:18
  • Сафари ҷавонони фаъол ба ноҳияи зебоманзари Ховалинг

    Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои ....

    10.08.2020 16:37
  • Корҳои фаҳмондадиҳии кормандони СХДО вобаста ба нерӯи барқ

    Тавре ҳамагон огоҳанд, дар сайёра раванди тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим ....

    10.08.2020 11:39
  • Қасдан расонидани зарар ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    10.08.2020 10:47
  • Ошкор шудани дузди чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    10.08.2020 10:45
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат ....

    11.08.2020 11:29
  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика