Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Пешниҳодҳои гуногуну судманд ҷиҳати амалисозии ислоҳоти милитсия

659

Рӯзи 13-уми декабр дар Меҳмонхонаи «Ҳилтон»-и шаҳри Душанбе конференсияи минтақавӣ дар мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Назария ва амалия» идома ёфт.
Дар ҷараёни ин конференсия, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдамзода, масъулини Вазорати корҳои дохилӣ, Академияи ВКД ва роҳбари Ташкилоти байналмилалии «Saferworld» (Дунёи бехатар) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хирад Каргасов ва масъулини мақомоти корҳои дохилӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии давлатҳои Қазоқистону Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Россия иштирок ва пас аз хулосабарории мавзӯъҳои баёнгардидаи конфронс, тавсияҳои худро ба умум пешниҳод намуданд.
Зимни муҳокимарониҳо намояндагони табақаҳои гуногун раванди тадбиқи ислоҳоти милитсия дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани нуфузи милитсияи тоҷик, усулҳои ба даст овардани эътимоди аҳолӣ, алоқаи зичи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъол гардонидани кори нозирони минтақавии милитсия, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, огоҳии комили милитсия аз вазъияти минтақаи хизматӣ, фаъол гардонидани кори навбатдорони шабонарӯзӣ ва масъулини телефонҳои бовариро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Дар идомаи ҳамоиш фаъолияти бахшҳои мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла, нозирони минтақавии милитсия, кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ, масъулини кор бо ноболиғон ва ҷавонон, ки бештар бо аҳолӣ робитаи зич доранд, мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Ҳамчунин, роҳҳои наздик намудани милитсия бо аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқиву маърифатии шаҳрвандон ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, сазовор гардидан ба эътимоди мардум, нақши Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар ҷалби аҳолӣ ба ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ, омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо мавзӯъҳои дигари кори конференсия буданд.

660661662

Пешниҳод гардид, ки курсҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар назди мақомоти милитсия ба роҳ монда шуда, ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо эътибори хосса зоҳир карда шавад. Инчунин, гузаронидани дарсҳову машғулиятҳои амалии равоншиносонро ба курсантони Академия зарур шумориданд.
Гуфта шуд, ки нақши воситаҳои ахбори омма ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ дар байни ҷавонону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои баланд бардоштани мавқеи милитсия бениҳоят муҳим буда, ҳамзамон таҳкими ҳисоботдиҳии нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ оид ба самти фаъолияти хизматӣ дар раванди ислоҳоти милитсия нақши муассир мебозанд.
Пас аз табодули афкор конференсияи минтақавӣ дар мавзӯи «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Назария ва амалия» ба кори худ хотима бахшида, пешниҳодҳои ҳозирин барои омӯзишу амалӣ ба ВКД ирсол гардид.

663

Дар аз анҷоми конференсия гурӯҳи меҳмонон ба ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода сафар намуда, ба кору хизмати Маркази навтаъсиси ҳамкории милитсия бо ҷомеаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии шуъбаи милитсияи ин шаҳр аз наздик шинос гардида, сипас аз Қалъаи таърихии Ҳисор дидан намуданд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ,
Наврӯз ҶОБИРОВ




Рӯйдодҳо

  • Сарфи беҳудаи барқ гулшани худсӯзон аст

    Ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гаштани давлати тоҷикон ва ташаккули давлатдории ....

    11.08.2020 15:49
  • Семинари омӯзишии «Ҳамкории милитсия бо ҷомеа»

    Санаи 11-уми августи соли 2020 мувофиқи нақшаи муштараки Вазорати корҳои ....

    11.08.2020 14:04
  • Ошкор шудани куштори бераҳмонаи инсон аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян ....

    11.08.2020 11:25
  • Тариқи ошкоро тасарруф намудани телефони мобилӣ

    Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 24-солаи сокини ....

    11.08.2020 11:23
  • Ошкор шудани силсила қаллобиҳо

    Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 40-солаи сокини ....

    11.08.2020 11:21
  • Рух додани садамаи нақлиётии марговар дар шаҳри Ваҳдат

    Рӯзи 10-уми августи соли 2020, тахминан соатҳои 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи ....

    11.08.2020 11:18
  • Сафари ҷавонони фаъол ба ноҳияи зебоманзари Ховалинг

    Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои ....

    10.08.2020 16:37
  • Корҳои фаҳмондадиҳии кормандони СХДО вобаста ба нерӯи барқ

    Тавре ҳамагон огоҳанд, дар сайёра раванди тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим ....

    10.08.2020 11:39
  • Қасдан расонидани зарар ба саломатӣ дар заминаи ҷангу ҷанҷол

    Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди ....

    10.08.2020 10:47
  • Ошкор шудани дузди чорвои калони шохдор

    Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов бо ариза марди 29-солаи сокини ....

    10.08.2020 10:45
  • 

    Гӯшаи эълон ва озмунҳо

  • Эълон: Омӯзиши фанҳои дақиқ

    Маркази таълимии «Баҳодур» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати ....

    11.08.2020 11:33
  • Диққат! Амалиёти «Бачаҳо»

    Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат ....

    11.08.2020 11:29
  • Эълон! Нишасти матбуотӣ

    03 августи соли 2020, соати 11:00-дақиқа, дар толори Вазорати корҳои ....

    29.07.2020 09:42
  • 

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд. Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ....>>>

    Qonun

    © 2020 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
    Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
    Яндекс.Метрика