Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳфили шеър бо иштироки шоири форсзабони муқими Амрико Масъуди Сипанд

109

Бо мақсади огаҳӣ пайдо намудани ҳайати шахсӣ аз фарҳангу адабиёт ва каломи бадеъ пайваста дар мақомоти корҳои дохилӣ маҳфилу чорабиниҳои илмӣ-маърифатӣ доир мегардад. Чорабинии навбатие, ки бо иштироки шоири форсзабони муқими Амрико Масъуди Сипанд ва муовини Раиси анҷумани “Пайванд” Ҳусниддин Ғафуров дар толори маҷлисии ВКД баргузор гардид, ба ҳаёт ва эҷодиёти шоири ширинкалом, мутафаккири бузург, лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ бахшида шуда буд.
Маҳфили адабиро сардори Маркази матбуоти ВКД полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ оғоз бахшида, иштирокчиёни маҳфилро ба аҳли толор муаррифӣ намуд. Иброз гардид, ки Ҳофизшинос Масъуди Сипанд муаллифи шеъри “Ман ориёиям” таронаи ифодакунандаи руҳияи форснажодони олам буда, шеъри мазкур дар кишвари мо низ маҳбубияти хос касб намудааст.
Дар идомаи чорабинии фарҳангӣ шоир Масъуди Сипанд вобаста ба ашъори Ҳофизи Шерозӣ суханронӣ намуда, ғазалҳои Ҳофизро қироат ва тафсир намуд. Аҳли толор низ дар маҳфили адабӣ фаъолона иштирок намуда, доир ба ғазалёти Ҳофиз саволҳо пешниҳод намуданд. Меҳмонон ба саволҳои кормандони милитсия ҷавобҳои мушаххас гардонида, абёти пардапӯшонаи Ҳофизро ба аҳли толор равшан намуданд.

110112113

Барои болидарӯҳии иштирокчиёни маҳфил дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби ансамбли “Сипар”-и ВКД барноми консертӣ баргузор гардид.
Эҳсон Абдуллозода


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика