Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тантанаи идона бахшида ба Рӯзи милитсия (Видео)

299

Имрӯз (09.11.с.2019), бахшида ба Рӯзи милитсия дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Котиби Шӯрои амнияти миллӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарону намояндагони сохторҳои қудратии мамлакат, собиқадорон, ҷавонони фаъоли кишвар ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.

300

Дар чорабинии тантанавӣ Котиби Шӯрои амнияти миллӣ Маҳмадалӣ Ватанзода Паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик ироа намуд.
Зимни ин чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро арзу сипоси ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилиро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ироа намуда зикр кард, ки мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо итминони том гуфта метавонем, ки баҳри ҳифзи оромиву осоиштагӣ, амнияту болидахотирии мардуми кишвар, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун донишу малакаи касбии худро амалӣ намуда, вазифаҳои дар наздамон гузошташударо сарбаландона иҷро менамоем. 

301302303304305306307308309311310312313

Дар идомаи ин чорабинӣ ҳамчунин барномаи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳунармандону сарояндагони ансамбли созӣ-овозии «Сипар», ва дигар ҳунармандони шинохтаи кишвар суруду таронаҳои худро бо унвонҳои «Дидбони кишварем», «Санами хонагӣ», «Нозанин», «Сайри лола», «Бурду бохт», "Ватан" ва дигар суруду таронаҳои дилнишин пешкаши ҳозирин намуданд.

Тоҷиддин Латипов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика